Нозими Ҳиротӣ

Нозими машриқзаминам, нест гар бовар туро,
Мешавад маълум аз назми ҷаҳонорои ман.
Шарбати абрешими маънӣ мураккаб кардааст,
Баҳри дилҳои заифон килки анбарсои ман.

Нозим

Нозим Алӣ ибни Шоҳризо шоири машҳури тоҷик байни солҳои 1601-1605 дар Ҳирот дар оилаи ҳунарманди оҳангар таваллуд шуда, соли 1671 дар ҳамон ҷо вафот ёфтааст. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо Нозим илмҳои замонаашро хеле хуб омӯхта дар андак муддат дар байни мардум шуҳрат пайдо кардааст. Дар баробари касби оҳангарӣ Нозим тор ва рубоб барин созҳои мусиқиро низ ба дараҷаи ниҳоят аъло менавохтааст ва чун «Мутриби мизробдаст» маъруф будааст:

Даро ба маҷлиси мову шукуфта шав, Нозим,
Гаҳе ба шеъри хуше, гаҳ ба нағмаи созе.

 Фаъолияти адабии Нозим дар Ҳирот сурат гирифтааст, вале ӯ чанд муддат дар мамолики Араб низ зиндагӣ кардааст. Аз Нозими Ҳиротӣ куллиёте боқӣ мондааст, ки 22 қасида, 935 ғазал, 4 қитъа, 5 таркиббанду тарҷеъбанд, 128 рубоӣ ва маснавии «Юсуф ва Зулайхо»-ро дар бар мегирад. Вале дар эҷодиёти Нозим ғазал мавқеи намоён дорад. Ғазалҳояш дар пайравии Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ офарида шудаанд. Дар ашъораш Нозим аз замон, аҳли ҷоҳ ва аҳволи бади худ шикваҳо карда ишқ, табиат ва ахлоқи инсони некро ситоиш кардааст. Чунончи дар даврони пешин маъмулан аксари шахсони белаёқат ва ҷоҳпараст бо роҳи ришваю фасод ба мансабҳои давлатӣ соҳиб мешуданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Нозим ин ҳолатро дар маснавии «Юсуф ва Зулайхо» эҳтиёткорона чунин овардааст:

Сафеҳе1 қарз карду дод ришват,
Ки гирад аз шаҳаншоҳӣ вазорат.
Басе шуд ҳалқаи дарҳои баста,
Басе истода пеши ҳар нишаста.
Чу додандаш, гирифт ойини дигар,
Ба давраш саф раият зад чу лашкар.
Ду рӯзе ҳукми ҷоҳаш буд маъмул,
Ба рӯзи сеюмаш карданд маъзул2.
Дарид айём маншури саботаш,
Қалам ангушту бинӣ шуд давоташ.
Намондаш бар дар аз хизматпаноҳон,
Касе ҷуз номулоим қарзхоҳон…


  1. Сафеҳ – нодон, нолоиқ, камақл.
  2. Маъзул – сабукдӯш шудан аз вазифа.

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ


Шархи холи/тарчумаи холи/зиндагиномаи Нозими Хироти, эчодиёт.

ҚаблӣКай тавон аз ҳарфи сарди душманон осуда шуд
БаъдӣАхмади Дониш