Ихтироъ ва кашфиётҳои аввалин

Дар ин мақола аввалин кашфиёт ё ихтироъ оварда мешаванд:

✔️Аввалин астероидро соли 1801 ситорашиноси итолиёвӣ Ҷузеппе Мятсе кашф кардааст.

✔️Аввалин компаси замонавиро муҳандиси немис Аншлютс Кемпф соли 1912 ихтироъ кард.

✔️Аввалин маротиба ба Австралия соли 1606 Виллем Янсзони ҳолландӣ омадааст.

Давоми матн пас аз блоки реклама

✔️Аввалин электровозро соли 1879 олими олмонӣ Вернер Фон Сименс ихтироъ кардааст.

✔️Азотро соли 1772 олими англис Д.Резерфорд кашф кардааст.

✔️Велосипедро соли 1887 олими англис Ҷон Кемп Старли ихтироъ кардааст.

✔️Гренландияро дар асри X Эрики Зард кашф кардааст.

✔️Дастгоҳи аввалини синаморо (киноро) бародарони фаронсавӣ Луи ва Огюст Люмерҳо соли 1895 ихтироъ намудаанд.

✔️Дастгоҳи бофандагиро ихтироъгари англис Ҷеймс Харгвирс сохтааст.

✔️Доруи Пенсилинро соли 1928 олими англис Александр Флеминг кашф кардааст.

✔️Дурбинро соли 1854 олими итолиёвӣ Игнасио Поррои итолиёвӣ ихтироъ кардааст.

Мо ва оинаи нилгун (қоидаҳои тамошои телевизор)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед