Гигиенаи системаи асаб

Фаъолияти олии асаб ба шароити муҳити дохилӣ ва берунии организм сахт алоқаманд аст. Хӯроки кам, истироҳати номунтазам, бемориҳои умумӣ ва беҳаракатӣ мумкин аст, кори қишри мағзи сар ва фаъолияти олии асабро вайрон кунанд.

Кори бисёри фикрию пуртаъсир, ки боиси дар муддати кӯтоҳ аз худ кардани ахбори зиёд мегардад, ба фаъолияти асаби одам таъсири калон мерасонад. Бинобар ин, омӯзгорон, физиологҳо, рӯҳшиносон ва духтурон ташкили хуби ҷараёни таълим ва кори эҷодиро мақсади худ мешуморанд.

Шароите, ки одам зиндагӣ ва кор мекунад, инчунин ба рафтор ва ҳолати ӯ таъсир мерасонад. Вазъияти носози оила, мактаб ва ҷойи кор мумкин аст боиси иллати асаб гардад. Одам дағал, бадмуомила ё канораҷӯй, камгап ва аз ҳад зиёд зудранҷ мешавад.

Ҳамаи ин зиндагии одамро боз душвортар мекунад ва ӯ ба қувваи худ бовар намекардагӣ мешавад. Хусусан, бачагони системаи марказии асабашон ҳанӯз чандон инкишофнаёфта зудранҷ мебошанд. Аз ҳамин сабаб онҳо ба таваҷҷуҳ ва меҳрубониҳои доимии калонсолон ниёз доранд.

Омилҳои номусоиди муҳит метавонад равандҳои фаъолияти олии асабро ҳам ба муддати кӯтоҳ ва ҳам дуру дароз хароб созад. Чунин вайроншавӣ на ҳама вақт ба зарарёбии ҳуҷайраҳои асаб вобаста аст. Аксаран ин натиҷаи кори аз ҳад зиёд шиддатноки онҳо мебошад. Дар айни ҳол ҷараёнҳои ангезиш ва боздорӣ дар қишри нимкураи калон вайрон шуда, боиси қатъшавии ҳосил гардидани рефлексҳои шартӣ, сустшавии хотирот ва бехобӣ мешавад. Вайроншавии фаъолияти олии асаб боиси тағйироти носолими фаъолияти узвҳои дарунӣ мегардад.

Агар сабабҳои ба вуҷудоварандаи онҳо бартараф карда шаванд, равандҳои вайроншуда барқарор мегарданд. Баъзан барои ин тағйир додани вазъият ва истироҳати хуб кифоя аст.


Мавзӯи пурра: Вайроншавии фаъолияти олии асаб ва пешгирии он

ҚаблӣВайроншавии фаъолияти олии асаб ва пешгирии он
БаъдӣТаъсири машруботи спиртдор ба системаи асаб ва кирдори одам. Майпарастӣ ва ҷамъият