Таъсиси давлати Кушониён. Забткорихои Кушониён. Рушди Давлати Кушониён. Бархамхурии Давлати Кушониён. Тамаддуни Кушон.
ТАЪСИСИ ДАВЛАТИ КУШОНИЁН
Ташкилёбии давлати Кушониён ба Порт ва Юнону Бохтар ҳуҷум кардани қабилаҳои кӯчманчии йуҷиҳо ва қабилаҳои дигар вобастагӣ дорад. Ин қабилаҳо дар асри XI пеш аз милод давлати Юнону Бохтарро аз байн бурданд. Дар ҷойи он панҷ давлати мустақил ба вуҷуд омад, ки яке аз онҳо давлати Кушониён буд. Ҷараёни ташкилёбии давлати Кушониён қариб 200 сол, яъне аз охирҳои асри XI пеш аз милод то аввалҳои асри I милодӣ идома меёбад. Дар байни ин давлатҳои навташкил ҷангҳои бисёре ба амал омаданд ва оқибат яке аз онҳо ғолиб омада, бо номи Кушони Бузург маълуму машҳур шуд. Асосгузори давлати Кушониён Куҷула Кадфиз мебошад.
ЗАБТКОРИҲОН КУШОНИЁН
Дар ибтидо давлати Кушониён танҳо Бохтар ва Осиёи Марказиро дар бар мегирифт. Вале баъдтар шоҳҳои Кушон қаламравӣ давлати худро ба тарафи Шарқ – то ба Ҳиндустон паҳн карда, пойтахти онро аз Бохтар ба он ҷо кӯчонданд. Шаҳри Пурушапара (ҳозира Пешовар) пойтахти нави Кушон мешавад.
Дар Ҳиндустон мавқеи шоҳҳои маҳаллии баромадашон ҳинду юнонӣ баланд буд. Барои ҳамин Куҷула Кадфиз бо онҳо робитаҳои дӯстона барқарор карда, дар як тарафи тангаҳо сурати худ ва дар тарафи дигар сурати шоҳони ҳинду юнониро сикка мезад. Дар давраи ҳукмронии писари Куҷула Кадфиз – Кадфизи II давлати Кушониён то поёноби дарёи Ҳиндро дар бар мегирифт. Шоҳони Кушониён қисми шарқии Ҳиндустонро то Воринаса ишғол карда, давлати худро боз ҳам васеътар намуданд.
РУШДИ ДАВЛАТИ КУШОНИЁН
Кушониён барои мустаҳкам кардани ҳокимияти худ кӯшиш ба харҷ медоданд. Барои ҳамин дин ва урфу одатҳои ҳиндуёнро қабул карда, бо аъёну ашроф ва халқи маҳаллӣ хешу табор мешуданд.

Вазъи иқтисодии Ҳиндустон дар ин давра хеле вазнин шуд. Қурби пули дар муомилотбуда паст буд. Бо беҳтар кардани қурби пул иқтисоди Кушониён пеш рафта наметавонист. Барои ҳамин шоҳи нави Кушониён Вима Кадфиз ислоҳоти пулӣ гузаронд. Ба ҷойи пулҳои беқурби ҳиндӣ пулҳои нави тиллоиро ба муомилот баровард. Ин тангаҳо мувофиқан ба вазн ва қурби пулҳои Рум баробар буданд.
Дар Кушон ҷӯйҳои нав канда шуданд. Дар натиҷаи ин боғдорию чорвопарварӣ пеш рафт. Рушду нумӯи косибию ҳунармандӣ ба бино шудани шаҳрҳои нав ва ободу зебошавии шаҳрҳои куҳна сабаб мешавад. Тиҷорат ҳам пеш меравад. Тоҷирони Кушон бо давлатҳои калонтарини он замон додугирифт мекарданд.
Шоҳаншоҳии Кушониён дар давраи ҳукмронии Канишка ба авҷи пешрафти худ расид. Канишка вилоятҳои Биҳор ва Ҳиндустони Марказиро ишғол кард. Бо Кушон давлатҳои дигари пуриқтидори замон: Чин, Рум ва Порт рақобат мекарданд.
БАРҲАМХӮРИИ ДАВЛАТИ КУШОНИЁН
Дар давраи ҳукмронии Васудева Кушон барои дар водии дарёи Ганг мустаҳкам кардани ҳокимияти худ диққати калон медод. Ҳокимони маҳаллӣ ва давлатҳои ҳамсоя ба истиқлолияти Кушон халал мерасонданд.
Дар ҳамин давраи барои Кушониён мушкил ба Васудева лозим омад, ки Кушонро аз ҳуҷумҳои давлати навташкил, вале пурқуввати Сосониён ҳимоя кунад. Дар натиҷаи ин мубориза давлати Кушониён ниҳоят заиф шуд.
Аз ин рӯ, Васудева маҷбур шуд, ки истиқлолияти Нагҳаро бар вилояти Матхур эътироф кунад. Дере нагузашта, ҳокимони вилояти Каушамби низ мустақил мешаванд. Бо ҳамин Кушониён вилоятҳои Ҳиндустони Марказиро аз даст доданд.
Дар миёнаҳои асри III муборизаи Сосониёни Эрон ба муқобили Кушониён аз нав авҷ гирифт. Шоҳи Сосониён Шопури I вилоятҳои ғарбии Кушонро ба давлати худ ҳамроҳ кард.
Шикасти Кушониён аз Сосониён дар солҳои 242–243 махсусан ҳалокатовар буд. Баъди ин мулкҳои зиёди Кушон аз даст рафтанд. Вилоятҳои Осиёи Марказӣ ҳам аз зери ҳокимияти Кушон баромаданд.
Ҳамин тариқ давлати Кушониён оҳиста-оҳиста барҳам хӯрд. Ин давлат қариб 400 сол – аз асри 1 пеш аз милод то охирҳои асри III милодӣ вуҷуд дошт.
Дар таърих номи шоҳҳои зиёди Кушониён, аз ҷумла Куҷула Кадфиз, Вима Кадфиз, Канишкаи I, Васишка, Хувишка, Канишкаи II ва Васудева маълуманд.
Масъалаи мушкилтарини таърихи Кушониён солшумории он аст. Mo то ҳол намедонем, ки дар Кушон ҳар кадом шоҳи ин давлат кай ҳукмронӣ кардааст. Мушкилот дар он ифода ёфтааст, ки ҳар кадом шоҳи Кушониён солшумории худро аз рӯзи ба тахти подшоҳӣ нишастанаш оғоз мекард ва он бо вафоти вай ба охир мерасид. Ба ҳар ҳол ба мо маълум аст, ки Кушон дар асрҳои I–III яке аз давлатҳои пуриқтидортарини ҷаҳон ба шумор мерафтааст.
ТАМАДДУНИ КУШОН
Дар Кушон бо забони бохтарӣ ҳарф мезаданд ва он бо мурури замон ба забони давлатӣ табдил меёбад. Он дар асоси хатти юнонӣ ба вуҷуд омада буд. Хатти бохтарӣ дар Ҳиндустон хатти кхароштихиро фишор дода, мебарорад. Дар ин бора катибаҳои тангаҳои Кушониён шаҳодат медиҳанд.
Дар замони Кушониён дар Ҳиндустон адабиёт пеш меравад. Чандин асарҳои санскритии динӣ ва адабиётҳои дигар навишта мешавад. Дар байни онҳо «Буддочарита», «Саударанда-кафя», «Сарипуртра-паракарана» ва «Важрасучи» буданд. Онҳо дар бораи ҷиҳатҳои гуногуни ҳаёти дини буддоӣ ва зиндагии ҳиндуёни давраи Кушониён нақл мекунанд.
Дар давраи ҳукмронии Кушониён дини буддоӣ ба ду ҷараён тақсим мешавад: хинаян ва махаян. Пайравонн хинаян ба дини аслии буддоӣ эътиқод доштанд, вале равияи махаян равияи нави ин дин буд. Қисми мардуми Кушон ба ин ҷараёни дини буддоӣ эътиқод доштанд.
Шоҳони Кушониён дар Ҳиндустон ибодатхонаҳои буддоии зиёд сохта буданд. Дохили онҳоро ҳайкалҳои бисёре зебу зинат медоданд. Аз ин ҳайкалҳо маълум мегардад, ки ҳайкалтарошони кушонӣ ба услуби ҳайкалтарошони юнониҳо тақлид мекардаанд. Дар Кушон услуби махсуси ҳайкалтарошие низ тавлид меёбад, ки он аз хусусиятҳои муҷассамасозии кушонӣ ва юнонӣ сарчашма мегирифт.
Дар Ҳиндустон марказҳои калони фарҳанги давлати Кушониён ба вуҷуд омада буданд. Гандхара яке аз марказҳои асосии ин фарҳанг буд. Дар ин ҷо фарҳанги Эрон, Ҳиндустон, Чин, Рум ва Юнон бо ҳам омезиш ёфта, фарҳанги Кушониро ба вуҷуд овардаанд. Дар тангаҳои Кушониён сурати худоҳои онҳо акс ёфтаанд. Дар байни онҳо худоҳои эронӣ: Митра, олиҳаи ҳосилот Ардохш, худои офтоб Мас, худои ҷанг Вретрагиа ва худои кабир Ҳурмуз, худоҳои юнониҳо Гефест, Селена, Геракл, худоҳои ҳиндӣ Шива, Махасена ва Скандакумара инъикос ёфтаанд.
Дар замони Кушониён дини буддоӣ берун аз қаламрави Ҳиндустон – дар Чин, Тибет ва Ҷопон паҳн мегардад. Равияи нави ин дин бо номи «Махаяна» Панҷоб ва шимолу ғарбии Ҳиндустонро фаро мегирад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Давлати Кушониён кай ва чӣ тавр таъсис ёфтааст?
- Асосгузори давлати Кушониён кӣ буд?
- Шоҳони Кушониён куҷоҳоро забт кардаанд?
- Кушон чӣ тавр ба давлати пуриқтидор табдил меёбад?
- Дар давраи ҳукмронии кадом шоҳ Кушон ба авҷи рушди худ расид?
- Давлати Кушониён кай ва бо кадом сабабҳо аз байн рафтааст?
- Мушкилоти солшумории Кушониён дар чӣ ифода ёфтааст?
- Дар бораи пешрафти фарҳанги Кушониён маълумот диҳед.
- Оё қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон ба ҳайати давлати Кушониён дохил буд?




















