15 Хадис дар бораи мохи шарифи Рамазон

15 ҳадиси шариф дар мавриди моҳи мубораки Рамазон аз сомонаи www.DONISHJU.net барои шумо азизон. Хонед ва ба дӯстонатон тавсия диҳед.

Руза сипаре (дар баробари оташи дузах) аст.

Касе, ки Рамазонро аз рӯи имон ва барои касби аҷру подош рӯза бигирад, гуноҳҳони гузаштааш бахшида мешавад.

Савганд ба Зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст. Бӯи даҳони рӯзадор назди Худованд аз бӯи мушк ҳам хушбӯтар аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҷаннат дарвозае дорад, ки ба он Район мегуянд ва рӯзи қиёмат фақат рӯзадорон аз он вориди ҷаннат мешаванд.

Касе, ки дуруғгӯӣ ва амали монанд ба онро тарк накунад, Худованд ниёзе надорад, ки ӯ хӯрдану нушиданро тарк кунад.

Ҳар касе шаби қадрро зинда нигаҳ дорад (яъне он шабро дар ибодат ва бандагӣ сипарӣ кунад), ҳама гуноҳони гузаштааш мавриди авф қарор хоҳанд гирифт.

Саҳарӣ бихӯред, зеро дар хӯрдани саҳарӣ, хайру баракат нуҳуфта аст.

Худованд мефармояд: Ҳар амале, ки фарзанди Одам анҷом диҳад, барои худаш мебошад, ҷуз рӯза, ки махсуси Ман аст ва Ман худ подоши онро медиҳам.

Вақте моҳи Рамазон фаро мерасад, дарҳои биҳишт кушода ва дарҳои дузах баста мешаванд ва шайтонҳо ба занҷир баста мешаванд.

Мардум то замоне дар хайр ба сар мебаранд, ки, дар ифтор намудан аҷала кунанд. (Яъне дарҳол баъд аз расидани вақти ифтор, ифтор намоянд).

Рӯзадор набояд носазо гуяд ва амали ҷоҳилона анҷом диҳад.

Ҳар касе моҳи Рамазонро рӯза бигирад ва баъд аз он шаш руз аз Шаволро рӯза бигирад, монанди он аст, ки тамоми умрро рӯза гирифтааст.

Ҳар касе рӯзадореро ифтор диҳад, ҳамонанди ӯ аҷр мебарад. Бидуни ин, ки чизе аз аҷри рӯзадор кам шавад.

Рӯзадор ду бор хушҳол мешавад: Яке ҳангоме, ки ифтор мекунад ва дигаре замоне, ки бо Парвардигораш мулоқот мекунад.

Ҳар касе қасдан ва бидуни узри шаръӣ як рӯзи Рамазонро бихӯрад, агар тамоми умр рӯза бигирад, наметавонад ивази як рӯзро ба ҷо биёрад.

ШОЯД ИН МАВОД НИЗ ПИСАНДАТОН ОЯНД:

ҚаблӣТаквими Мохи шарифи Рамазон – 2024
БаъдӣМавзӯи 23. Мазмуни кори роҳбари синф