Форси – порси (шеър)

Дар ин саҳифа шеърҳо дар васфи забони форсӣ-порсӣ оварда мешаванд. Шеърхо забони порсӣ тоҷикӣ >>

ЗОДГОҲАМ МАРВУ ТЕҲРОНУ ДУШАНБЕ – ХОНААМ…
Ғазале пурифтихор!

Фитратам, ишқам, тамоми ҳасту будам порсист,
Ҳастиам, руҳу равонам, тору пӯдам порсист!

Саҷдагоҳам Балху тасбеҳу саноам Маснавӣ,
Пешвоям Ҳофизу Ҷомӣ, дурудам порсист!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мактабам Иқболу Бедил, дарси ман Фирдавсӣ аст,
Такягоҳам ҳазрати Саъдӣ, вуҷудам порсист!

Зодгоҳам Марву Теҳрону Душанбе – хонаам,
Лаҳҷаам дурри дарӣ, гуфту шунудам порсист!

Раҳнамоям Буъалӣ, торихи ман Шаҳнома аст,
Лаҳну савту чомаву назму сурудам порсист!

Ҳафт аврангаш ғурурам, ифтихорам Ганҷавӣ,
Моҳу рӯзу субҳу шому деру зудам порсист!

Бӯйи ҷӯйи Мӯлиёнашро зи нойу най шунав,
Тору танбуру рубобу чангу ъудам порсист!

(Фазл Аҳад Аҳадӣ)


Шаҳди порсӣ – дурри дарӣ.

Забони шеъри воло ин дарӣ аст,
Забони ошиқиву дилбарӣ аст.

Забони орифону аҳли ҷаннат,
Дарӣ он лафзи ҳурону парӣ аст.

Ҳамон дурру гуҳар, к-он ноби ноб аст,
Ки шеъри Рӯдакӣ дурри дарӣ аст.

Лисон-ул-ғайб, к-он дурри дарӣ суфт,
Ғазалро дар ҷаҳон пайғамбаре аст.

Забони безавол он “Шоҳнома”-рост,
Забони Мавлавию Анварӣ аст.

Забони Бедилу Саъдиву Ҷомӣ,
Низомӣ, Халилӣ, Ашқарӣ аст.

Забони Лоҳутиву ҳам Фурӯғу
Ҳам Айнӣ, Туғрале, к-ӯ фалғарӣ аст.

Забони Деҳлавиву Лоҳурӣ буд,
Зи Лоиқ, Гулназар, к-ӯ дардарӣ аст.

Адаб ҳам шеъру назми мо дарӣ аст,
Ба Ховар, к-ин забон сартосарӣ аст.

Зи Теҳрон то Самарқанду Хуҷанд ӯст,
Ба Табрезу Бухорову Ҳарӣ аст.

Дар Эрону Вароруду Хуросон,
Дарӣ ин ҷо забони бартаре аст.

Ба ҳар мулке танинандоз бошад,
Мусаллат ҳинду, курду озарӣ аст.

Тавонову мубаррову чӣ ширин,
Забоне чун бад-ин паҳноварӣ аст.

Муродиф чун дарӣ бо порсӣ буд,
Ки ҳар як ҷогузин бар дигаре аст.

Дарӣ гӯянд мардум порсиро,
Ки шаҳди порсӣ лафзи дарӣ аст.

Сухан ширин беҳ аз мо кас нагӯяд,
Забони порсӣ чун шаккаре аст.

Маро з-он ифтихорам порсӣ аст,
Адаб ҳам маърифатро, к-он сарӣ аст.

Манам тоҷик, маконам то ба Ҳинд аст,
Забонам порсиву ҳам дарӣ аст.

Ва шаҳди порсӣ, дурри дарӣ худ
Барои ман забони модарӣ аст.


Фактҳо дар бораи Забони Форсӣ

Қаблӣ#12 Саволнома бо мукофотпулӣ – 26.02.2021
Баъдӣ#13 Саволнома бо мукофотпулӣ – 28.02.2021