Куҳандиёро! Диёри ёро! Дил аз ту кандам, вале надонам (шеър)

Куҳандиёро! Диёри ёро! Дил аз ту кандам, вале надонам,
Ки гар гурезам, куҷо гурезам ва гар бимонам, куҷо бимонам?

На пойи рафтан, на тоби мондан, чӣ гуна гӯям, дарахти хушкам.
Аҷаб набошад, агар табарзан тамаъ бибандад бар устухонам.

Дар ин ҷаҳаннам гули биҳиштӣ чӣ гуна рӯяд, чӣ гуна бӯяд?
Ман, эй баҳорон, зи абри найсон чӣ баҳра гирам, ки худ хазонам.

Ба ҳукми яздон шукӯҳи пирӣ маро нашояд, маро назебад,
Чаро ки пинҳон, ба ҳарфи шайтон супурдаам дил, ки навҷавонам.

Садои ҳақро сукути ботил дар он дили шаб чунон фурӯ кушт,
Ки то қиёмат дар ин мусибат гулӯ фишорад ғами ниҳонам.

Кабӯтаронро ба гоҳи рафтан сари нишастан ба боми ман нест,
Ки то паёме ба хатти ҷонон зи пойи онон фурӯ ситонам.

Сафинаи дил нишаста дар гил, чароғи соҳил намедурахшад,
Дар ин сиёҳӣ сапедае ку, ки чашми ҳасрат дар ӯ нишонам?

Ало Худоё, гиреҳкушоё! Ба чораҷӯйӣ маро мадад кун!
Бувад, ки бар худ даре кушоям, ғами дарунро бурун кашонам.

Чунон саропо шаби сияҳро ба чангу дандон дароварам пӯст,
Ки субҳи урён ба хун нишинад бар остонам, дар осмонам.

Куҳандиёро, диёри ёро! Ба азми рафтан, дил аз ту кандам,
Вале ҷуз ин ҷо Ватан гузидан наметавонам, наметавонам.

Нодири Нодирпур (1929 – 2000)

ҚаблӣҲамсадои дил (шеъри бачагона)
БаъдӣСад байт Аз Рустами Ваҳҳоб

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед