Хати настаълиқ

Хати настаълик.

хатти настаълиқ / настаълик
Қитъаи хушнависии настаълиқ аз мураққаи Миралии Ҳиравӣ. Бухоро. Солҳои 1537-38.

Матни қитъа:

Умре аз машқ дуто буд қадам ҳамчун чанг,
То ки хатти мани дарвеш бад-ин қонун шуд.
Гаштам аз ҳусни хат имрӯз қайди инҷо,
Ваҳ, ки хат силсилаи пои мани маҷнун шуд.
Толиби ман ҳама шоҳони ҷаҳонанду маро
Чун гадоён ҷигар аз баҳри маишат хун шуд.
Сӯхт аз ғусса дарунам, чи кунам, чун созам,
Ки маро нест аз ин шаҳр раҳи берун шуд.

Миралии Ҳиравӣ


Хати настаълиқ яке аз шеваҳои хушнависии форсӣ аст. Ин вожа чунонки дар тазкираҳо ва ашъор овардаанд, аз ду вожа (насх ва таълиқ) падид омадааст. Хати настаълиқ дар майсири такомулаш ба дасти Султоналии Машҳадӣ қавӣ шуд ва ба ҳаракат омад. Хати настаълиқ пас аз таълиқ дувумин хати махсуси форсизабонон аст.

Хати мазкур, дар нимаи дувуми садаи ҳаштуми ҳиҷрӣ қамарӣ дар қаламрави хатти форсӣ падид омад ва парварда шуд. Ба гуфтаи Фазоил, хати настаълиқ аз назари ҷойгоҳи офариниш пас аз таълиқ ва дар ҷойгоҳи ҳаштум қарор дорад. Аз назари расоии баёни матлаб ва осонии хониш дар ҷойгоҳи дувум ва савум аз насх, аз нигоҳи осоннависӣ дар ҷойгоҳи савум ва чаҳорум аз шикаста ва аз назари зебоӣ бошад дар ҷои аввал аст. Ба гуфтаи Алии Ҳусурӣ, таърихнигорон бар ин иттифоқанд, ки зеботарини хатти ҷаҳон, хати настаълиқ мебошад. Аз авоили садаи нуҳуми ҳиҷрӣ ба баъд бештарини китобати эрониён дар қолаби хатти настаълиқ будааст. Бештарини корбурди хатти настаълиқ дар нигориши китобҳои адабӣ ва матнҳои ғайримазҳабӣ аст.

Аз ибтидои пайдоиш то кунун матнҳои арабӣ монанди «Қуръон», аҳодис ва ғ. бо ин хат навишта шуда ва ағлаби девони шоирону китобҳои адабӣ бо ин хат нигориш ёфтааст. Боиси тазаккур аст, ки дар фонди осорхонаи МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» зиёда аз 400 китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ, бо забонҳои мухталиф нигаҳдорӣ мешаванд, ки аксари он китобҳо, аз қабили – «Анвори ҳикмат»-и Юсуф ибни Муҳаммад ибни Юсуфи Ҳиравӣ, «Асрору-л-фотиҳа»-и Аҳмад ибни Алии Руфоӣ, «Гулистон»-и Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ, «Гулшани тавҳид»-и Мавлавӣ Шоҳидии Муғлавӣ ва ғ. бо хатти настаълиқ рӯи кор омадаанд.

И. Туробов
мудири шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашри
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

ҚаблӣАҳмақ – Хазинаи маърифат
БаъдӣАвф (бахшидан) – Хазинаи маърифат

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед