Суолҳои тестӣ аз фанни биология дар мавзӯи Афзоиш ва инкишоф. Саволхои тести.
Мавзӯҳои вобаста ба Афзоиш ва инкишоф:
- Узвҳои афзоиш. Системаи ҷинсии мард ва зан (анатомияи одам)
- Балоғати ҷинсӣ. Тавсифи давраи наврасӣ
- Бордоршавӣ ва инкишоф дар батн (анатомияи одам)
- Сабзиш ва инкишофи кӯдак
- Бемориҳои ирсӣ ва модарзодӣ
1. Ибтидои организми нав дар организм ин пайвастшавии кадом ҳуҷайраҳо мебошанд?
А) Нарина.
В) Модина.
С) Наринаю модина.
Д) Модина ба модина.
Е) Нарина ба нарина.
2. Системаи ҷинсии мард аз чӣ иборат аст?
А) Нутфадон, маҷро,тухмдон,
В) Олоти таносул ва ғадудҳои ҷинсӣ.
С) Тухмдон,тухмроҳа, маҷро, нутфадон,
Д) Тухмдон, маҷрои он, ғадудҳои ҷинсии изофӣ ва олоти таносул,
Е) Ҳамааш.
3. Системаи ҷинсии зан аз инҳо иборат аст:
А) Тухмдон, тухмроҳа, бачадон, маҳлаб.
В) Тухмдон, тухмроҳа, нутфадон,
С) Ғадудҳои ҷинсии изофӣ, бачадон, маҳбал,
Д) Тухмроҳа, бачадон, маҳбал,
Е) Тухмдон, тухмроҳа, бачадон, ғадудҳои ҷинсӣ.
4. Дар ядрои ҳуҷайраи ҷинсӣ шумораи хромосомаҳо ба чанд баробар аст?
А) 20. В) 23. С) 30. Д) 40. Е) 46.
5. Давраи ҳайзбинӣ чанд рӯз давом мекунад?
А) 1-2. В) 2. С) 3-5. Д) 6-7. Е) 8.
6. Ҳосилшавии нутфа дар мардон аз чандсолагӣ оғоз мешавад?
А) 9. В) 10. С) 12. Д) 14. Е) 16.
7. Қатъшавии нутфа дар мард дар чандсолагӣ ба вуҷуд меояд?
А) 45-50. В) 55-60. С) 65-70. Д) 75. Е) 80.
8. Духтарон дар чандсолагӣ ба балоғат мерасанд?
А) 10. В) 12. С) 14. Д) 16. Е) 18.
9. Давраи ҳайзбинии занҳо дар чандсолагӣ фаро мерасад?
А) 40. В) 41. С) 42-44. Д) 45-55. Е) 60.
10. Сабзиши организми одам дар чандсолагӣ ба итмом мерасад?
А) 20-22. В) 22-24. С) 22-25. Д) 30-35. Е) 35-40.
11. Маҳсули фаъолияти ғадудҳои ҷинсии мардон чист?
А) Ҳормонҳои ҷинсӣ ва нутфаҳо.
В) Нутфа ва моддаҳои ғизоӣ.
С) Нутфа ва шоша.
Д) Тухмҳуҷайра.
Е) Зигота.




















