Гардиши хун. Ҳаракати хун дар организм. Сохти дил

Гардиши хун. Харакати хун дар организм. Узвхои гардиши хун. Ахамияти гардиши хун. Сохти дил. Рагхои хунгард. Даври хурди гардиши хун. Даври калони гардиши хун.


Узвҳои гардиши хун

Аҳамияти гардиши хун. Системаи узвҳои гардиши хуни одам дил ва рагҳои хунгардро дар бар мегирад (расми 45). Дил ҳамчун узви марказӣ, кашиш мехӯрад ва хунро ба воситаи рагҳои хунгард ба тамоми сатҳи бадан мебарад. Дил ҳаракати доимии хунро таъмин мекунад. Дар ҳолати аз кор мондани дил марг зуд ба амал меояд, зеро маҳз бо кашишхӯрии дил хун ба ҳамаи бофтаҳо дохил шуда, ба онҳо оксиген ва моддаҳои ғизоӣ мебарад. Ҳаракати хунро дар рагҳои хунгард гардиши хун меноманд.

Расми 45. Нақшаи умумии гардиши хун
Расми 45. Нақшаи умумии гардиши хун

Сохти дил

Дил дар қисми чапи ковокии қафаси сина ҷойгир аст. Вазни дили одам ба ҳисоби миёна 250-300 г мебошад. Дил дар халтаи дил (перикард), ки аз бофтаҳои пайвасткунанда сохта шудааст, ҷойгир аст.

Халтаи дил се вазифаро иҷро мекунад:

1) доимо намнокии дилро нигоҳ медорад;

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2) молишхӯрии дилро аз қабурғаҳо кам мекунад;

3) ба дил ғизо медиҳад.

Дил аз се қабат иборат аст: қабати берунии пӯшонанда, (эпикард) қабати мобайнии мушакӣ (миокард), қабати дарунӣ (эндокард).

Дили одам ба монанди дили ҳайвонҳои ширхӯр, чор қисм аст: даҳлези рост, даҳлези чап, меъдачаи рост, меъдачаи чап (расми 46).

Расми 46. Сохти дил

Қабати деворҳои даҳлезҳо назар ба меъдачаҳо тунуктар мебошад. Хун аввал ба даҳлезҳо, баъдан ба меъдачаҳо дохил мегардад. Меъдачаҳо кори хеле муҳимро иҷро мекунанд. Онҳо кашиш хӯрда, хунро ба рагҳои хунгард тела медиҳанд.

Девори мушакии меъдачаи чапи дил назар ба меъдачаи рости дил ғафстар аст. Дар сарҳади байни даҳлезҳо ба меъдачаҳо даричаҳои (клапанҳо) седара ва дудара мавҷуд буда, дар байни меъдачаи рост раги шарёни ба шушраванда ва дар байни меъдачаи чапу шоҳраг даричаҳои ҳилолшакл мавҷуданд.

Вазифаи асосии даричаҳо ба як самт равона кардани хун мебошад. Ҳангоми кашишхӯрии даҳлезҳои дил даричаҳо ба тарафи меъдачаҳо кушода шуда, хун ба меъдачаҳо мерезад. Дар вақти кашишхӯрии меъдачаҳо даричаҳо маҳкам мешаванд ва намегузоранд, ки хун ба даҳлезҳо баргардад.


Рагҳои хунгард

Рагҳои хунгард ба тамоми бадани мо паҳн шудаанд. Сохт, шакл, ҳаҷм ва дарозии рагҳои хунгард гуногунанд. Чор намуди рагҳои хунгардро фарқ кардан мумкин аст: шоҳраг, раги шарён, мӯйраг, раги варид. Шоҳраг раги калонтарин ба ҳисоб меравад. Шоҳраг ва рагҳои шарён рагҳое мебошанд, ки ба воситаи онҳо хун аз дил ҳаракат мекунад. Онҳо деворҳои мустаҳкам ва чандир доранд, ки таркибашон аз мушакҳои суфта сохта шудаанд (расмҳои 47 ва 48).

Расми 47. Рагҳои минтақаҳои гуногуни маҷрои хун
Расми 47. Рагҳои минтақаҳои гуногуни маҷрои хун

Дил кашиш хӯрда, бо фишори баланд хунро ба шоҳраг ва рагҳои шарён тела медиҳад. Шарёнҳо ба туфайли мустаҳкаму чандир будани деворҳояшон ба ин фишор тобоваранд ва хурду калон мешаванд. Шарёнҳои калон ба қадри аз дил дур шуданашон ба рагчаҳои шарён (артериолаҳо) тақсим мешаванд. Рагчаҳои шарён бошанд, ба мӯйрагҳо (капиллярҳо) мубаддал мегарданд, ки онҳо девори тунук дошта, аз як қабат ҳуҷайраҳои эпителии нозук таркиб ёфтаанд (расми 48).

Расми 48. Сохти девораи рагҳо

Онҳо имкон медиҳанд, ки моддаҳои дар плазмаҳои хун ҳалшуда аз сӯрохии девори мӯйрагҳо ба моеи бофта ва аз онҷо ба ҳуҷайра гузаранд.

Хун дар рагҳои варид – рагҳое, ки тавассути онҳо хун ба дил меравад, ҷамъ мешавад. Фишори хун дар рагҳои варид баланд нест, девори онҳо назар ба рагҳои шарён тунуктаранд. Фарқ дар он аст, ки дар дохили девори рагҳои варид мӯякчаҳо ва клапанҳо мавҷуданд ва онҳо ба як тараф ҳаракат кардани хунро таъмин менамоянд.

Хун дар организм бо ду системаи сарбастаи рагҳо ҳаракат мекунад:

1) системаи калони гардиши хун;

2) системаи хурди гардиши хун (расми 49).

Расми 49. Нақшаи давраҳои гардиши хун


Даври хурди гардиши хун

Ҳангоми ба даҳлези рости дил дохил шудани хуни камоксиген меъдачаи рости дил кашиш хӯрда, хунро ба раги шарёни ба шушраванда тела медиҳад.

Шарён ба 2 шоха тақсим шуда, ҳам ба шуши рост ва ҳам ба шуши чап меравад. Дар шуш шарёнҳо ба рагчаҳои шарён ва мӯйрагҳо табдил меёбанд ва ҳубобчаҳои ҳаво шушро печонида мегиранд. Вақте ки аз мӯйрагҳои шуш хун ҷорӣ мешавад, ба он оксиген дохил мегардад. Дар баробари ин, гази карбонат, ки шуш аз он пур шудааст, аз хун ба ҳавои шуш мегузарад, яъне дар мӯйрагҳои шуш хуни варидӣ ба хуни шарёнӣ табдил меёбад.

Баъд хун дар мӯйрагҳо ҷамъ мешавад. Онҳо бо ҳамдигар як шуда, чор раги вариди шушро ташкил мекунанд, ки ба даҳлези чапи дил дохил мешаванд. Ҳамин тавр, гардиши хурди хун аз меъдачаи рости дил сар шуда, то ба шуш рафта, баъд дар даҳлези чапи дил ба охир мерасад.


Даври калони гардиши хун

Ҳангоми кашиш хӯрдан меъдачаи чапи дил хунро ба воситаи шоҳраг ба шарёни калонтарини бадан мефиристад. Аз он рагҳои шарён ҷудо шуда, тамоми узвҳо, аз ҷумла дилро бо хун таъмин менамоянд. Дар ҳар як узв рагҳои шарён ба шохаҳо ҷудо шуда, ба шабакаи зичи рагчаҳои шарён ва мӯйрагҳо табдил меёбанд.

Тавассути мӯйрагҳои даври калони гардиши хун ба тамоми бофтаҳои бадан оксиген ва моддаҳои ғизоӣ дохил шуда, аз ҳуҷайраҳо ба мӯйрагҳои гази карбонат мегузарад. Дар айни ҳол хуни рагҳои шарёнӣ ба хуни варидӣ табдил меёбад. Мӯйрагҳо аввал ба рагҳои варидии хурд ва сипас ба рагҳои варидии нисбатан калон пайваст мешаванд. Аз онҳо тамоми хун дар ду раги вариди холии калон ҷамъ мегардад.

Рагҳои вариди холии боло аз сару гардан ва дастҳо, рагҳои вариди поён бошанд, аз ҳамаи узвҳои боқимондаи бадан хунро ба дил мебаранд. Ҳар ду раги вариди холӣ ба даҳлези рости дил дохил мешаванд. Ҳамин тавр, гардиши калони хун аз меъдачаи чапи дил сар шуда, тамоми сатҳи баданро бо хун таъмин менамояд ва сипас дар даҳлези рости дил ба охир мерасад. Вақти ҳаракати хун дар организм чунин аст: хун бо даври калон дар 20-30 сония ва бо даври хурд дар 4-6 сония ҳаракат мекунад.


Дониши худро санҷед:

  1. Аввалин маротиба гардиши хунро дар таҷриба кадом олим муайян кардааст?
  2. Даври гардиши хурди хун чист ва чӣ аҳамият дорад?
  3. Даври гардиши калони хун чист ва чӣ аҳамият дорад?
  4. Дил чӣ вазифаро иҷро мекунад?
  5. Дар дил кадом даричаҳо мавҷуданд?
  6. Даричаҳо кадом вазифаро иҷро мекунанд?
  7. Кадом хусусиятҳо барои рагҳои шарён, варид ва мӯйрагҳо хос мебошанд?
  8. Тафовути таркиби хун дар гардиши хурд ва калон дар чист?
ҚаблӣХелҳои иммунитет
БаъдӣУзвҳои гардиши хун