Ҳофизи Шерозӣ

Дар ин саҳифа маълумот дар бораи Хофизи Шерози, Газалхо аз Хофизи Шерози газал оварда мешавад >>>


Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мо. (Ҳофиз)

Агар Абулқосим Фирдавсӣ бо шоҳасари безаволи худ «Шоҳнома» умри ҷовидона ёфта бошад, Ҳофизи Шерозиро ғазалҳои дилошӯб, ҷаззоб ва шӯрангезаш шуҳраи офоқ гардонидаанд.

Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ соли 1321 дар шаҳри Шероз таваллуд ёфта, дар ҳамин ҷо соҳиби илму дониш гаштааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба қавли худаш Хоҷа Ҳофиз чил сол ба таҳсили илм машғул шудааст. Таҳсили дурудароз шояд аз он сабаб бошад, ки падараш ҳангоми тифл будани ӯ аз олам гузаштааст ва ӯ имконият пайдо накард, ки таҳсилро мунтазам давом диҳад.

Номи Ҳофиз ҳамчун эҷодгари ғазалҳои дилошӯб ҳанӯз дар замони зиндагии шоир машҳур гардида буд. Ғазалҳои Ҳофиз ба зудӣ вирди забони мардум мегаштанд ва дар базму шабнишиниҳо сароида мешуданд.

Зи шеъри Ҳофизи Шероз мехонанду мерақсанд,
Сиёҳчашмони кашмирию туркони самарқандӣ.

Ё ин ки:

Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,
3-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.

ё

Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш бихон Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.

Ҳофиз ба ҳеҷ ҷой сафар накард. То охири умр дар Шероз монд ва соли 1389 дар Шероз чашм аз олам пӯшидааст.

Мавзӯъҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ гуногунанд: тараннуми ишқу муҳаббат, дӯстиву рафоқат, ростқавлию поктинатӣ, манзараҳои табиати дилангез, ғанимат донистани умр ва амсоли инҳо.

Маълумоти муфассал дар бораи Зиндагиномаи Ҳофизи Шерозӣ инҷо хонед <<

Феҳристи ғазалҳо аз Ҳофизи Шерозӣ инҷо<<

Киштинишастагонем (ғазали Хофиз)


Зиндагиномаи/тарчумаи холи Хофизи Шерози, Хофизи Шерози биография на таджикском языке, бо забони точики, хофиз шерози, хофиз шерози газал, хоча хофиз шерози маьлумот, хофизи шерози, газалиети хофизи шерози, хофизи шерози pdf, газалхои хофизи шерози, хофизи шерози газалхо, хофизи шерози точики, фолномаи хофизи шерози, хофизи шерози бо забони точики,
девони хофизи шерози, хофизи шерози газалхо бо забони точики, дар бораи хофизи шерози, хофизи шерози тарчумаи хол, куллиети хофизи шерози
шеърхои хофизи шерози.

ҚаблӣИбни Ямини Фарюмадӣ
БаъдӣКиштинишастагонем (ғазали Хофиз)

4 шарҳ

  1. Номи ман Бежани Убайдулло хонандаи синфи 9хи мтму 38

    Дар бораи хофиз нависодед аммо пура не тахлили газалошам нвисед мероси адабияш хулоса инхорам нависонед камбудиёш бисёр

    • Албатта, кӯшиш мекунем, вале худ маълумот каv дорем. Агар маълумоте доред, инҷо фииристед >> t.me/tajweb, то дар сомона нашр кунем.

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед