Асосҳои феъл (грамматикаи забони точики)

Асосхои феъл.


Феъл ду асос дорад: асоси замони ҳозира ва асоси замони гузашта.

Асоси замони ҳозира иҷрои амалро дар замони ҳозира мефаҳмонад ва ба ба шахси дуюми шумораи танҳо баробар аст: рав, хон, бин, гӯй, бар.

Асоси замони гузашта амали дар замони гузашта ба анҷом расидаро меефаҳмонад ва ба шахси сеюми шумораи танҳо баробар аст: рафт, хонд, дид, гуфт.

Шаклҳои гуногуни замонии феъл аз ҳамин ду асос сохта мешаванд: рафтам, мерафтам, рафтаам, рафта будам, равам, меравам.


Машқи 375. Матнро хонед ва феълҳоро нависед. Феълҳои таъкидшударо ба ҳамдигар муқоиса кунед.

Баҳор омад. Кори боғ баромад. Ман аз мактаб рост ба боғ меомадам, ки ба модарам ёрӣ диҳам. Вай ҳамаи кори боғро саранҷом карда наметавонист. Ман ҳам  аз уҳдаи токбуриву каланди боғ намебаромадам. Модарам ба сари ҷӯякҳои ток менишасту мегирист, ки ин сабзаҳои дасти падару бародарат аст. Аввалин кори савоби бародарат ҳамин токҳост. Ӯ қаламчаро нигоҳ медошт, падарат об мерехту аз болояш хок мекашид. Имрӯз касе нест, ки онро аз зери хок бардорад, каланду қайчӣ кунад…

Ҳамроҳи модарам токҳоро кушодам. Токи мардум аллакай муғҷа баста буд, вале токи мо нав рӯи офтобро медид. Модарам хеле парешон шуд, ки шираи токро хок макида бошад, бар намедиҳад. Ман қариб буд гиря кунам…

Сорбон

Савол ва супориш

  1. Сохти ҷумлаҳоро шарҳ диҳед.
  2. Ба ток чӣ хел нигоҳубин карданро медонед?
  3. Чаро писарбача ғамгин шуд?

Машқи 377. Матнро хонед ва асосҳоро аз феълҳо ҷудо карда нависед.

Фирдавсӣ хомӯшу малӯл боргоҳи ҳокимро тарк кард. Баъди рафтани вай ҳоким мунширо талабид ва аз қуттича мактуби ба номи Унсурӣ нависондашударо бароварда, дар ҳошияи он суханони зеринро изофа кунонд: «Ба ин ҷо аз Тӯс шоири пире Абулқосим Фирдавсӣ омада ва мегӯяд ба шаст ҳазор байт «Шоҳнома»  назм кардам ва мехоҳам ба Ғазнӣ биравам ва ба аълоҳазрати султон гузаронам».

Дар бомдод ӯ як нафар навкари содиқашро ба ин нома бар аспи тезтаке нишонда ба роҳи Ғазнӣ давонд. Навкар мувофиқи фармон мебоист дар роҳ агар ба корвони амир Низомиддин дучор шавад, худро ба ӯ нашиносонда, роҳро чапғалат дода пеш равад ва дар манзилҳо зиёд наистад…

Фирдавсӣ ба меҳмонхонаи Абӯбакри Исмоил баргашт. Хастаҳол менамуд, табъаш хира буд, шоирро Абӯ Дулаф ва Бобак, ки дар интизораш буданд, пешвоз гирифтанд. Вай бо ҳаракоти касолатомез абояшро аз танаш кашид ва дастор аз сар баргирифт, Бобак або ва дасторро ба мехи девор овехт. Нишастанд.

Сотим Улуғзода

Луғат:

  • муншӣ – дабир, котиби моҳир, котиби девони давлатӣ
  • ҳошия – канор, он чи ки дар канори саҳифаи китоб навишта шудааст
  • тезтак – тездав, бодпо, даванд
  • або – навъе аз либосҳои болопӯши васеи остинкӯтоҳ
  • касолатомез – сустию коҳилӣ
  • дастор – салла

Савол ва супоришҳо

  1. Асоси замони ҳозира ва гузаштаи феъли талабидан-ро муайян кунед.
  2. Чаро «Шоҳнома» дар нохунак гирифта шудааст?
  3. Тӯс ва Ғазнӣ шаҳрҳои кадом кишваранд?

Машқи 378. Матнро хонда феълҳоро муайян кунед ва  аз кадом асос сохта шудани онҳоро шарҳ диҳед.

Ба наздикӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Фестивали китоб доир ба наврасон барпо гардид. Дар он шоирону нависандагони шинохта ва омӯзгорону мактаббачагони пойтахт иштирок намуданд. Фестивал муддати се рӯз тавонист ба воситаи вохӯрию суҳбатҳо ҳадафи худро ҳосил созад. Аз ҷумла  дар доираи он барои ҷалби наврасон ба китоб суҳбатҳои шавқовари адибони шинохта доир гардид. Бачаҳо аз наздик бо аҳли адаб шинос шуда, аз осори онҳо пораҳо қироат намуданд. Дар охир адибон аз китобҳои худ ба бачаҳо  туҳфа  намуданд.


Супориш

Ҳамин мазмунро ба инобат гирифта, шумо ҳам дар ягон мавзӯъ хабар нависед.

ҚаблӣТасриф. Бандакҳои феълӣ ва хабарӣ
БаъдӣШаклҳои феълӣ. Шаклҳои тасрифнашавандаи феъл