Панду андарз аз Саъдии Шерозӣ

1. Мол аз баҳри осоиши умр аст, на аз баҳри гирд овардани мол!


2. Оқилеро пурсиданд, ки некбахт кисту бадбахт чист? Гуфт: “Некбахт он, ки хӯрду кишт ва бадбахт он, ки мурду ҳишт (монда рафт).


3. Ду кас ранҷи беҳуда бурданд ва сайъи бефоида карданд: яке он, ки мол андӯхту нахӯрд ва дигар он, ки омӯхту амал накард.

Илм чандон, ки бештар хонӣ,

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Чун амал дар ту нест, нодонӣ.

На муҳақиқ1 бувад, на донишманд,

Чорпое, ки бар ӯ китобе чанд!

Он тиҳимағзро2 чӣ илму хабар,

Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар?

Ҳаёт ва фаъолияти Саъдии Шерозӣ <<


4. Олими парҳезгор – курест машъалдор!


5. Бефоида ҳар кӣ умр дарбохт.


6. Чизе нахариду зар биандохт.


7. Раҳм овардан бар бадон – ситам аст бар некон ва авф кардан аз золимон – ҷабр аст бар мазлумон.


8. Ҳар кӣ бо душманон сулҳ мекунад, сари озори дӯстон дорад3.

Бигирӣ, эй хирадманд, аз он дӯст даст,

Ки бо душманонат бувад ҳамнишаст.


9. Сухан дар миёни ду душман чунон гуӣ, ки агар дӯст шаванд шармзада набошӣ!

Миёни ду кас ҷанг чу оташ аст,

Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.


10. Якеро гуфтанд:

-Олими беамал ба чӣ монанд?

Гуфт:

-Ба занбури беасал.

Занбури дурушти бемурувватро гуй:

“Боре, чу асал намедҳӣ, неш мазан!”

Ҳар кӣ илм хонду амал накард, бад-он монад, ки гов ронду тухм наафшонд.


11. Машав ғарра бар ҳусни гуфтори хеш,

Ба таҳсини нодону пиндори хеш!

Ҳар кӣ бо донотар аз худ баҳс кунад, то бидонад, кӣ доност ё бидонад, кӣ нодон аст.


12. Ҳар кӣ бо бадон нишинад – некӣ набинад.


13. На ҳар кӣ ба сурат некуст, сирати зебо дар уст. Кор дарун дорад на пуст.

Тавон шинохт ба як рӯз дар шамоили мард,

Ки то куҷояш расидааст, пойгоҳи улум2.

Вале зи ботинаш эмин мабошу гарра машав,

Ки хубси нафс3 нагардад ба солҳо маьлум.


14. Ҳар киро, ки душман дар пеш аст, Агар накушад, душмани хеш аст.

Байт

Санг бар дасту мор бар сари санг,

Хирароӣ бувад қиёсу даранг4.


15. Ҷавонмарде, ки бихурад ва бидиҳад, беҳ аз обиде5, ки рӯза дораду надиҳад.


16. Андак-андак хеле шавад, қатра-қатра селе гардад. Яъне онон, ки дасти кудрат надоранд, санги хурда нигоҳ доранд, то ба вақти фурсат димор аз димоғи золим бароранд.


17. Душмане заиф, ки дар тоат ояд ва дӯстӣ намояд, мақсуди вай ҷуз он нест, ки душмане қавӣ гардад. Ва гуфтаанд, ки бар дӯстии дӯстон эътимод нест. Ҳар кӣ душмани кучакро ҳақир шуморад, бадон монад, ки оташи андакро мухмал6 гузорад.

Қитъа

Имрӯз бикуш, ки метавон кушт,

К-оташ чу баланд шуд, ҷаҳон сӯхт.

Магзор, ки зеҳ кунад камонро!

Душман чу ба тир метавон дӯхт.


Дар сухан бо дӯстон оҳиста бош!

То надорад душмани хунхор гӯш.

Пеши девор он чӣ гуӣ, ҳуш дор!

То набошад дар паси девор гӯш.


Калимаю ибораҳои тоза

  1. Пиндори хеш – фикр, гумон ё андешаи хеш.
  2. Улум – илмҳо.
  3. Хубси нафс – палидӣ, нопокии нафс
  4. Дар ин маврид сабру таҳаммул намудан аз беақлист.
  5. Обид – худотарс, руҳонӣ, худоҷуй.
  6. Мухмал – бесоҳиб, беназорат.

 

ҚаблӣЧашми танги дунёдор (ҳикоя)
БаъдӣСаъдӣ ва подшоҳи ноинсоф