Суолҳои тестӣ аз фанни биология дар мавзӯи Аъзои ҳис. Саволхои тести Аъзои хис.
Мавзӯҳои вобаста ба Афзоиш ва инкишоф:
- Аъзои ҳис ва аҳамияти онҳо
- Сохти узви босира (Чашм)
- Вазифаҳои узви босира (чашм). Пешгирӣ кардани иллати босира
- Узвҳои сомеа (гуш). Пешгирии бемориҳои сомеа
- Узвҳои мувозинат, ҳиссиёти мушакӣ ва ломиса, шомма ва зоиқа
1. Аъзои ҳис кадомҳоянд?
А) Чашм, гӯш, забон, бинӣ,
В) Чашм, гӯш, даҳон, бинӣ.
С) Чашм, гӯш, даҳон, меъда.
Д) Даҳон, забон, меъда, ҷигар.
Е) Меъда, ҷигар.
2. Анализатор чист?
А) Манбаи асосии хабарии дил.
В) Манбаи асосии хабарии қабати қишри нимкураҳои калони мағзи сар.
С) Манбаи асосии хабарии қабати қишри ҷигар.
Д) Манбаи асосии хабарии гӯш.
Е) Манбаи асосии хабарии меъда.
3. Анализаторҳо аз чанд қисм иборатанд?
А) 1. В) 2. С) 3. Д) 4. Е) 5.
4. Абру нисбат ба чашм кадом вазифаро иҷро мекунад?
А) Зебоӣ.
В) Ҳимоявӣ.
С) Ҳеҷ вазифа надорад.
Д) Намуд.
Е) Зарурат надорад.
5. Ғадуди ашк дар куҷои чашм ҷойгир шудааст?
А) Дохил.
В) Мобайн.
С) Дар бараш.
Д) Дар гӯшаи берунӣ.
Е) Дар гӯшаи дарунӣ.
6. Узви сомеа аз чанд қисм иборат аст?
А) 1. В) 2. С) 3. Д) 4. Е) 5.
7. Кадом қисми забон талхиро ҳис мекунад?
А) Нӯги забон.
В) Канораҳо.
С) Паҳлуҳояш.
Д) Решаи забон.
Е) Болои забон.
8. Кадом қисми забон шӯриро ҳис мекунад?
А) Нӯги забон.
В) Канораҳо.
С) Паҳлуҳояш.
Д) Решаи забон.
Е) Болои забон.
9. Кадом қисми забон турширо ҳис мекунад?
А) Нӯги забон.
В) Канораҳо.
С) Паҳлуҳояш.
Д) Решаи забон.
Е) Болои забон.
10. Кадом қисми забон шириниро ҳис мекунад?
А) Нӯги забон.
В) Канораҳо.
С) Паҳлуҳояш.
Д) Решаи забон.
Е) Болои забон.