Аҳамияти гардиши хун. Системаи узвҳои гардиши хуни одам дил ва рагҳои хунгардро дар бар мегирад (расми 45). Дил ҳамчун узви марказӣ, кашиш мехӯрад ва хунро ба воситаи рагҳои хунгард ба тамоми сатҳи бадан мебарад.
Дил ҳаракати доимии хунро таъмин мекунад. Дар ҳолати аз кор мондани дил марг зуд ба амал меояд, зеро маҳз бо кашишхӯрии дил хун ба ҳамаи бофтаҳо дохил шуда, ба онҳо оксиген ва моддаҳои ғизоӣ мебарад.
Ҳаракати хунро дар рагҳои хунгард гардиши хун меноманд.

Мавзӯи пурра >>