Лейкотситҳо дар организм вазифаи санитарӣ ё безараргардониро иҷро мекунанд. Онҳо ҳаракат мекунанд ва зарраҳои бегонаеро, ки барои организм зарароваранд, фурӯ бурда, ҳазм мекунанд. Ин ҳодисаро аввалин маротиба олими рус И.И. Мечников кашф карда, онҳоро фаготситоз (аз юнон. «фаго» – фурӯбаранда) ва ҳуҷайраҳои «хӯрандаро» фагот-ситҳо номидааст. Агар ба организм ҷисмҳои бегона хеле зиёд дохил шаванд, фаготситҳо онҳоро фурӯ бурда, ниҳоят калон ва оқибат вайрон мешаванд. Дар натиҷа моддаҳои илтиҳобовар ҷудо шуда, ҷойи зарардида варам мекунад ва ҳарораташ баланд шуда, сурх мегардад.
Ҷудошавии моддаҳо боиси илтиҳоб мегардад, ба ҷойи сукунати ҷисмҳои бегона лейкотситҳои навро ҷалб мекунанд.
Лейкотситҳо ҷисмҳои бегона ва ҳуҷайраҳои вайроншударо нобуд сохта, миқдори зиёдашон мемиранд.
Фасоде, ки дар бофтаҳо ҳангоми илтиҳоб ба вуҷуд меояд, тӯдаи лейкотситҳои нобудгашта мебошад (расми 43).

Баъзеи онҳо ба барангезандаи як беморӣ, масалан, барангезандаи сурхча таъсир мекунанд. Мавҷудияти подтанҳо муқобилати организмро нисбат ба бемориҳои сирояткунанда устувор менамояд. Подтанҳо метавонанд дуру дароз боқӣ монанд, бинобар ин ба организм як беморӣ дубора таъсир намекунад.
Фаготситоз ва подтанҳо механизми ягонаи муҳофизати организм – иммунитет ном гирифтаанд. Иммунитет организмро аз бемориҳои сирояткунанда нигоҳ дошта, онро аз ҳуҷайраҳои мурда, тағйирёфта ва бегона халос мекунад. Реаксияи сироятнопазир сабаби ҷудошавии узвҳо ва бофтаҳои пайвандӣ мебошад.
Мавзӯи пурра >>