ШЕР, рубоҳ ва хар (ҳикояи ҷолибу хонданӣ)

ҲИКОЯТИ ТАЪСИРПАЗИРУ ХОНДАНӢ

афсонахои кудакона

Рӯбоҳ ба шери гурусна  гуфт:

Ту харро бикуш, ман ҳам саҳме бармедорам,

Шер гуфт чи тавр?

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба хар бигӯ: “Мо ниёз ба интихоби султон дорем”

Қатъан ту интихоб мешавӣ ва баъд дастур бидеҳ то харро бикушам.

Шер қабул кард ва харро садо зад.

Шер шаҷараномаашро хонд ва гуфт:

Ҷадд андар ҷадди ман султон буданд.

Рӯбоҳ гуфт: Ман ҳам ҷадд андар ҷаддам хидматкори султон будаем.

Хар гуфт ман савод надорам ва шаҷараномаам зери суми ақибам навишта шуда аст!!!

Шер гуфт ман босавод ҳастам ва рафт то навиштайи зери суми харро бихонад.

Хар ҷуфтаке зад ва гардани шер шикаст ва мурд.

Рӯбоҳ по ба фирор гузошт, хар ӯро садо зад ва гуфт: Чаро фирор мекунӣ?

Рӯбоҳ гуфт: Мехоҳам биравам сари қабри падарам ташаккур кунам ки нагузошт босавод шавам, чун босаводон бештар дар маърази лағади харҳо ҳастанд…!

Аспи тозӣ шуда маҷруҳ ба зери полон,
Тавқи заррин ҳама дар гардани хар мебинам.
Аблаҳонро ҳама шарбат зи гулоби қанд аст,
Қути доно ҳама аз хуни ҷигар мебинам.

ҚаблӣАмалҳои математики бо шеър – шеър дар бораи математика
БаъдӣДушанбе – пойтахти Точикистон (иншо)