Лейкотситҳо. Иммунитет

Лейкотситхо. Иммунитет бо забони точики / точики. Сохт ва вазифахои лейкоситхо. Мечников Иля Илич. Хелхои иммунитет.


Сохт ва вазифаҳои лейкоситҳо

Лейкотситҳо ҳуҷайраҳои беранги хун буда, дар мағзи сурх, иллики зарди устухон дар гиреҳҳои лимфатикӣ ва испурч ҳосил мешаванд. Аз ҷиҳати таркибашон 2 намуди лейкотситро фарқ кардан мумкин аст: лейкотситҳои донадор ва бедона. Ҳамаи лейкотситҳо ядро (ҳаста) доранд. Миқдори лейкотситҳо дар 1 мм3 хун 6-8 ҳазорро ташкил мекунад. Онҳо қобилияти ҳаракаткунӣ доранд.


Иммунитет

Лейкотситҳо дар организм вазифаи санитарӣ ё безараргардониро иҷро мекунанд. Онҳо ҳаракат мекунанд ва зарраҳои бегонаеро, ки барои организм зарароваранд, фурӯ бурда, ҳазм мекунанд. Ин ҳодисаро аввалин маротиба олими рус И.И. Мечников кашф карда, онҳоро фаготситоз (аз юнон. «фаго» – фурӯбаранда) ва ҳуҷайраҳои «хӯрандаро» фагот-ситҳо номидааст. Агар ба организм ҷисмҳои бегона хеле зиёд дохил шаванд, фаготситҳо онҳоро фурӯ бурда, ниҳоят калон ва оқибат вайрон мешаванд. Дар натиҷа моддаҳои илтиҳобовар ҷудо шуда, ҷойи зарардида варам мекунад ва ҳарораташ баланд шуда, сурх мегардад.

Ҷудошавии моддаҳо боиси илтиҳоб мегардад, ба ҷойи сукунати ҷисмҳои бегона лейкотситҳои навро ҷалб мекунанд.

Лейкотситҳо ҷисмҳои бегона ва ҳуҷайраҳои вайроншударо нобуд сохта, миқдори зиёдашон мемиранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мечников Иля Илич

Мечников Иля Илич (1845-1916). Олими бузурги рус, ки дар соҳаҳои гуногуни биология ҳиссаи бузург гузоштааст. Барандаи ҷоизаи Нобелӣ мебошад. Соли 1882 Мечников чун аломати эътироз донишгоҳро тарк кард ва дар хона корашро давом дод. Соли 1863 ӯ дар хусуси қувваҳои шифобахшии организми инсон ва дар бораи назарияи фаготситозии иммунитет сухан ронд.


Фасоде, ки дар бофтаҳо ҳангоми илтиҳоб ба вуҷуд меояд, тӯдаи лейкотситҳои нобудгашта мебошад (расми 43).

Варамкунии хун
Расми 43. Варамкунӣ

Баъзеи онҳо ба барангезандаи як беморӣ, масалан, барангезандаи сурхча таъсир мекунанд. Мавҷудияти подтанҳо муқобилати организмро нисбат ба бемориҳои сирояткунанда устувор менамояд. Подтанҳо метавонанд дуру дароз боқӣ монанд, бинобар ин ба организм як беморӣ дубора таъсир намекунад. Фаготситоз ва подтанҳо механизми ягонаи муҳофизати организм – иммунитет ном гирифтаанд. Иммунитет организмро аз бемориҳои сирояткунанда нигоҳ дошта, онро аз ҳуҷайраҳои мурда, тағйирёфта ва бегона халос мекунад. Реаксияи сироятнопазир сабаби ҷудошавии узвҳо ва бофтаҳои пайвандӣ мебошад.


Хелҳои иммунитет

Иммунитет 2 хел мешавад: 1) табиӣ; 2) сунъӣ. Иммунитети меросӣ аз насл ба насл мегузарад ва аз вақти таваллуд дар ҷисми инсон мавҷуд аст. Иммунитети табиӣ баъди ба ин ё он бемории сирояткунанда гирифтор шудани организм, баъди сиҳат шудан пайдо мешавад ва одам дубора ба ин беморӣ гирифтор намешавад.

Иммунитети сунъиро барои пешгирӣ кардани бемориҳое мекунанд, ки одам ба бемориҳои исҳоли хун, сил ва ғайраҳо гирифтор нашавад.

Ҳосилшавии подтанҳо
Расми 44. Ҳосилшавии подтанҳо

Иммунитет на ба ҳама барангезандаҳои бемориҳо қобилияти устуворӣ дорад. Бинобар ин, одам ба бемориҳои зуком, зардпарвин, гулудард ва ғайра метавонад якчанд маротиба гирифтор шавад.


Дониши худро санҷед:

  1. Аз рӯйи кадом нишонаҳо лейкотситҳоро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд?
  2. Сабаби бемориҳои сирояткунанда чист?
  3. Лейкотситҳо кадом вазифаҳоро иҷро мекунанд?
  4. Фаготситоз чист? Иммунитет чист?
  5. Кадом намуди иммунитет мавҷуд аст?
  6. Зардоби шифоӣ чист?
  7. Фаготситозро кадом олим ва кай муайян кардааст?
  8. Подтанҳо кадом вазифаро иҷро мекунанд?
ҚаблӣХунгузаронӣ
БаъдӣБарномахои санчишии компютерии бо методи Пулот сохташуда