Ғазали машҳури Ҳофиз бо номи “Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд” дар инҷо оварда мешавад >>
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.
Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,
К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд.
Бинмой рӯ, ки халқе вола шаванду ҳайрон,
Бикшой лаб, ки фарёд аз марду зан барояд.
Ҷон бар лаб асту ҳасрат дар дил, ки аз лабонаш,
Нагрифта ҳеҷ коме, ҷон аз бадан барояд.
Аз ҳасрати даҳонаш, омад ба танг ҷонам,
Худ коми тангдастон кай з-он даҳан барояд.
Гӯянд зикри хайраш, дар хайли ишқбозон,
Ҳар ҷо ки номи Ҳофиз дар анҷуман барояд.
Ҳофизи Шерозӣ