Инфлятсия: микёс ва сабабхои пайдоиши он. Сабабҳои инфлятсия бо забони точики
Инфлятсия[1] аз вожаи лотинии inflatio гирифта шуда, маънои варам (дам) кардан, беҳад зиёд ё қиммат шуданро ифода мекунад. Мафҳуми инфлятсия мустақиман бо муносибатҳои пулӣ, қарзӣ, молиявӣ, бонкӣ, андозу буҷет алоқаманд буда, зери таъсири онҳо қарор дорад ва мутақобилан ба онҳо таъсири акс мерасонад.
Аз сарчашмаҳои маълуму маъмули иқтисодӣ бар меояд, ки инфлятсия ҳамчун протсес(раванд, ҷараён)-и иқтисодӣ баробари пул ва муносибатҳои пулию молиявӣ эҳё ва густариш ёфта, давраҳои гуногунро аз cар гузаронидааст.
Ровиёни ахбор овардаанд, ки маротиби аввал истиллоҳи инфлятсия дар манотиқи Америкаи Шимолӣ (ҷанги граждании солҳои 1861-1865) оиди аз меъёр боло рафтани миқдор(ҳаҷм)-и пулҳои нақд (пулҳои қоғазӣ) дар ҳавзаи муомилот истифода карда шудааст.
Дар асри XIX истиллоҳи инфлятсия бо таври васеъ дар адабиётҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакатҳои Европа (Британияи Кабир, Франсия, Италия…) ва сониян (дар ибтидои асри XX) пеш ва баъди ҷанги якуми ҷаҳон дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон густариш ва инкишоф ёфтааст (9, 51-52).
Инфлятсия вобаста ба сират ва омилҳои рушди низомҳои иқтисод ҳархела сурат мегирад. Масалан, дар давраи низоми суннатӣ (ҷамъияти ғуломдорӣ, феодалӣ), инфлятсия ҳамчун раванди бо таври сунъӣ (табиӣ) беқурбшавии пулҳои металлӣ (тилло, нуқра…), аниқтараш, раванди аз меъёр (норма) зиёдтар сикка задании пулҳои тангагӣ, ба ҷои тангаҳои тиллоги, аз ҷониби банкҳо баровардани тангаҳои нуқрагин ба ҷои тангаҳои нуқрагин сикка задани тамғаҳои мис ё худ биринҷӣ, кам кардани вазни тангаҳо нисбат ба нормаҳои пешакӣ муқарраргардида, дигарсозии таркиби онҳо, яъне ба ҷои металлҳои асил (тилло) омехта кардани ягон металлҳои бегонаи қиммати кам дошта (нуқра, биринҷӣ…) ва ғайра тасаввур карда мешуд. Бо ибораи дигар, инфлятсия дар ин давра ҳамчун раванди вайрон кардани таркиби пулҳои металлӣ, яъне рамзан нигоҳ доштани арзиши исми(номинали)-и пулҳои тиллоиву нуқрагин ва ба ҷои онҳо интишори (баровардани) пулҳои сохтаю қолибии металлҳои камарзиш ё худ бо таври сохта кам кардани вазни онҳо сурат мегирифт.
Дар ин давра аз сабаби дар муомилот саросар ҳукмрон будани низоми пулҳои қоғазию қарзӣ ва таркибсозии онҳо дар асоси стандарти тиллоӣ (то солҳои 1914) инфлятсия ҳамчун ҳодисаи фавқулодда, ноустувор ва аз як давлат ба давлати дигар (аз рӯи навбат) гузаранда ба роҳ монда мешуд. Баъзан дар давлатҳое, ки низоми стандарти тиллоии монометаллизм арзи вуҷуд дошт, таи даҳсолаҳо низоми устувори пул ҳумкрон буда, инфлятсияи пул ба миён намеомад.
Тибқи андешаи баъзе аз иқтисоддонон сабаби асосии пайдоиш ва авҷ гирифтани инфлятсия аз байн рафтани низоми стандарти тиллоӣ мебошад.
Қатъ гардидани он маънои саросар даст кашидан аз муомилоти (алиш кардани) пулҳои қоғазӣ бо тилло мувофиқи қурби муайяншуда дошта, раванди бо таври автоматӣ танзим кардани муомилотро вайрон намуда, ҷараёни ба вуҷуд омадани инфлятсияро вусъат мебахшад. Ботадриҷ вай сирати доимию устувор гирифта, ҳавзаҳои иқтисоду иҷтимо: муомилот, низоми пулӣ, низоми молҳо ва низоми тиллоро фаро мегирад. Пулҳои қоғазӣ (банкнотҳо) ботадриҷ, то рафт нисбат ба тилло, молу хадамот, неъматҳои иқтисодию ғайрииқтисодӣ ва пулҳо(асъорҳо)-и хориҷӣ беқурб мегарданд. Нархи бозории тилло нисбат ба пулҳои қоғазӣ то рафт боло меравад. Нархҳои яклухт ва чаканаи молҳо меафзояд. Арзиши асъорҳои миллӣ нисбат ба қурби асъорҳои хориҷӣ пасттар мегардад.
Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки намояндагони мактаби классики иқтисоди сиёсӣ, махсусан, К. Маркс сабаби ба вуҷуд омадани инфлятсияро дар қонуниятҳои ташаккул ва заволи муомилоти пул ва вазифаҳои он ҷустуҷӯ менамояд. Тибқи ақидаи К.Маркс таносуби аломат(тамғаҳо)-и арзиш(пул), новобаста аз шакли пешниҳод (пулҳои қоғазӣ ё худ металлҳои худсохту қалбакии тилло ва нуқра), ки миқдори муайяни вазни тилло ва нуқраро иваз мекунад, на аз рӯи материалҳое, ки онҳо сохта мешаванд, балки аз миқдори он тамғаҳое, ки дар муомилот ҳастанд вобаста мебошад.
Мураккаб ва бисёрҷанба будани раванди инфлятсияро ба назар гирифта, иддае аз намояндагони илми иқтисод, андеша ба он доранд, ки инфлятсия на танҳо муаммоҳои музди кор, балки масоили ҳаҷму суръати гардиши пул, нақшу мақоми агрегатҳо(қисматҳо)-и пулӣ (М0, М1, М2, М3,… L)-ро дар муомилот, воситаҳои гуногуни пардохт, афзоиши депозитҳои бонкӣ, танзими давлатии муомилоти пул, сиёсати молиявию қарзии давлат ва ғайраро низ дар бар мегирад.

Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки пас аз солҳои 60-70-уми асри XX дар адабиёти иқтисодӣ таҳлили инфлятсия аз нуқтаи назари ҷараёни бисёромила (инфлятсияи бисёромила) мавриди баҳсу мунозира қарор гирифтааст. Аз ин давра сар карда, назарияи нарх ҳамчун муаммо ба омили яккаҳукмрон инфлятсия табдил ёфта, назарияи нисбатан маъмули пул дар иқтисод ботадриҷ аз байн бардошта мешавад.
Назарияи кунунии макроиқтисод, инфлятсияро аз нигоҳи алоқамандии ҳиссагузории унсурсхои ҷудогонаи нарх дар ташаккули тақозои истеъмолӣ: арзаи молу хадамот, таносуби тақозою арза ва ташаккули он вобаста ба шароит ва шаклҳои бозор, ташаккули нарх ба омилҳои истеҳсолот мавриди таҳлил қарор медиҳад.
[1] Инфлятсия, беқурбшавӣ