Тоҷикон магар табармусулмонанд?

Тоҷик “табармусалмон” нест!

Бисёр шунидаем, ки мегӯянд мо тоҷикон табармусалмонем ва араб исломро ба мо ба зӯри шамшер бор кардааст. То ҳол дар он андешаам, ки пас чаро баъди рафтари араб аз Осиёи миёна ин халқ ба дини пешинаашон барнагаштанд? Чаро дар 70 соли зери таъсири коммунистони атеист будан, атеист нашуданд? Ба Осиёи миёна зиёд лашкаркаши шудааст, аммо ҳеҷ як ғосиб натавонистааст, ки дини худро мерос гузошта равад, магар арабҳо.

Боре як устод нақл карда буданд, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон чандин намояндаҳои динҳои гуногун пайдо шуда дар байни мардум дини худро тарғиб карда бар ивази пул сокинонро ба дини худашон ворид мекарданд. Замоне ки мардум ба нони хурдан зор буд, замоне ки барои ёфтани як танга инсон даст ба ҳар коре мезад, албатта нафароне пайдо шуданд, ки бар ивази пул ба дигар динҳо гаравиданд. Аммо баъди гузашти чанд вақт онҳо боз ба дини пешинаашон, ба дини ислом баргаштаанд. Вақте бо онҳо ҳамсӯҳбат мешуданд, онҳо мегуфтанд “Мо ҳеҷ гоҳ ба дини дигар нагаравидем, танҳо ба хотири ёфтани як пора нон маҷбур шудем то вонамуд кунем, ки динамонро иваз кардаем.”

Аз ин нақл бармеояд, ки эътиқодро бо зури шамшер ё пешниҳоди маблағ харида намешавад.

Чанде пеш дар барномаи “КИТОБХОН” таърихшинос Сайфулло Муллоҷонов меҳмон буданд ва дар ҳамин мавзӯъ ҳам каме сӯҳбат карданд. Эшон аз таърих далел оварданд, ки бобои Исмоили Сомонӣ (Асосгузори давлати тоҷикон), Сомон Худот исломро аз Асад ном дӯсти арабаш на бо зӯри силоҳ, балки бо хоҳиши худаш қабул кардааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Инчунин дар ин барнома таърихшинос Сайфулло Муллоҷонов дар бораи низоъҳои мазҳабӣ дар давлати Сомониён, робитаҳои сулолаҳои тоҷикон бо хилофати араб ва чандин мавзӯъи ҷолиби дигар сӯҳбат кардаанд.

ШУМО МЕТАВОНЕД ШАКЛИ ПУРРАИ БАРНОМАРО ИНҶО БУБИНЕД.

ҚаблӣФизика бунёди табиатшиносӣ аст
Баъдӣ«Ҷисм». «Модда». «Майдон». «Ҳайуло» (материя)