Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи инфлятсия, сиёсати зидиинфлятсионӣ

Хусусият ва омилхои муайянкунандаи инфлятсия, сиёсати зидиинфлятсиони


Чи тавре аз саволҳои пеш таҳлил карда бар меояд, инфлятсия таҳти таъсири омил ва сабабҳои гуногун, вобаста ба хусусиятҳои низомҳои иқтисодӣ, дар шакл ва дараҷаҳои гуногун ба миён омада, мавқеи худро дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пурзӯр мегардонад.

Аз ин лиҳоз «ресепти» ягонаи универсали(ҳамарофарогиранда)-и муолиҷа, яъне халосӣ, ҳисобу китоб, танзим ва идоракардани он то кунун аз ҷониби ягон тадқиқотчӣ ҳал ва тавсия нашудааст.

Таи 10-соли охир, таҳлили инфлятсия асосан аз нигоҳи таҳқиқи хусусиятҳои низоми иқтисоди амрӣ (сотсиалисти) ва низоми бозорӣ бештар ба назар мерасад. Вобаста ба ин дар адабиёти даврӣ, мақолаҳои илмию тадқиқотӣ – сабабу омил ва хусусиятҳои зуҳури инфлятсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба тасвит расидаанд. Аз мазмун ва мундариҷаи онҳо хулоса бармеояд, ки раванди инфлятсия тибқи хусусиятҳои хоси инфироди(индивидуали)-и худ, сабаб ва омилҳои гуногун сурат мегирад.

Кунун муайян шудааст, ки заминаи ибтидоии он инфлятсияе, ки кунун дар саросари давлатҳои муштаракулманофеъ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукмрон аст, аз давраи Ҳокимияти Шӯравӣ – натиҷаи низоми тақсими плании мутамарказ ва идораи иқтисод то ба замони мо мерос мондааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мавҷуд будани ин омилҳо аз он дарак медиҳад, ки дар шароити гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи низоми бозорӣ заминаи пешакии инфлятсия дар иқтисод вуҷуд дошт. Ҷорӣ кардану истифода бурдани тарзу услубҳои нави хоҷагидорӣ фақат вайро ошкор намуда, аз инфлятсияи ниҳон (пинҳон) ба инфлятсияи кушод, аз инфлятсияи томаром ба инфлятсияи ҷаҳанда табдил дод.

Ин дигаргунсозиҳо таҳти омилҳои зер қарор гирифтанд:

– пош хурдани давлати Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти иқтисодию сиёсӣ;

– канда шудани алоқаҳои бурунмарзии иқтисодӣ ва қатъ гаштани муносибатҳои пулӣ, молиявӣ, бонкӣ, асъорӣ ва ғайра;

– ҷой надоштани базаи ҳуқуқӣ, қонуну қонунгузориҳо, ҳуқуқи ҷавобгарии субъектҳои молӣ, пулӣ, асъорӣ, молиявӣ …;

– ботадриҷ даст кашидан аз низоми давлатию монополистии сотсиалистӣ, идора ва тарҳрезии маъмурии мутамарказ ба тарзи идораи иқтисодӣ: ғайридавлатӣ ва хусусигардонии моликият, озод намудани нарх ва объектҳои гуногуни хоҷагидорӣ, бомаром густариш ёфтани сектор(бахш)-и хусусӣ, хоҷагиҳои инфиродӣ(хусусӣ), деҳқонӣ (фермерӣ), иҷоракорӣ, ширкатҳои хурди хусусӣ, ширкатҳои саҳҳомӣ;

– тӯли солҳои зиёд давом ёфтани гражданӣ, талаф ёфтани захираҳои моддӣ, сарвати миллӣ ва аҳолӣ, куч кардани қисми мутахассисони касбӣ, шиддатпазирии иҷтимоӣ …;

– вайрон гардидани низоми пулию молиявӣ ва гузаронидани ислоҳотҳои пулӣ ва ҳамчун натиҷаи он маҳрум шудани аҳолӣ, корхонаҳо аз қисми асосии даромад (фоида) ва пасандозҳои дар бонкҳо буда;

– пурра қатъ гардидани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, қисман хоҷагии қишлоқ ва ғайра.

Индекси нарх ҳамчун таносуби ба амал омадаи нархи миёна дар як давраи муайян нисбат ба нархи амалкунандаи соли аввал (соли базавӣ) ҳисобу китоб карда мешавад. Он нишондиҳандаи нисбӣ буда, таносуби нархҳоро дар мӯҳлатҳо(вақт, давраҳо)- и гуногун нишон медиҳад.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ба ин мақсад бештар индекси нархҳои яклухт, индекси нархҳои чакана, индекси нархҳо – дефлятори МУМ, индекси нархҳои воридотию содиротӣ истифода карда мешавад.

Дар адабиёти иқтисодӣ баъзан ҷараёни инфлятсияро тибқи формулаи Ласпейр чунин ҳисоб мекунанд.

Ji= EP1G0 /EP0G1

Дар ин ҷо:

Ji – индекси инфлятсия

E – сумма,

P1 – нархҳои базавӣ,

P0  – нархҳои ҷорӣ,

G-сабати молҳо дар соли ҷорӣ,

G1 – сабати молҳо дар соли базавӣ.

Формулаи индекси Ласпейрс (с. 1871) нишон медиҳад, ки чӣ тавр дар давраи ҷорӣ (соли ҳозира нисбат ба соли гузашта) арзиши сабати бақайдгирифташудаи молҳо қиммат шудааст.

Дар шароити ҳозира муайян карда шудааст, ки тарзи ҳисобу китоби инфлятсия тибқи формулаҳои пешниҳодгардида, тағйироти номенклатурии молҳои истеъмолӣ, яъне майлони сабати молҳои истеъмолиро бо пуррагӣ ифода карда наметавонад. Аз ин сабаб бештар аз формулаи пешниҳод кардаи Фишер истифода мекунанд:

Ji =√ Ji * Jp

Ба қавли тадқиқотчиён формулаи зерин ҳамчун индекси геометрии миёнаи Ласпейрс ва Пааш баромад карда, камбудӣ ва ноқисиҳои онро бартараф намуда, бо таври мушаххас динамикаи арзиши ҳаёт (сабати истеъмолии молҳову хадамот)-ро дар давоми сол ифода мекунад (2, 435-437).

Тадбирхои зиддиинфлятсияии давлат

Тадбирҳои зиддиинфлятсияии давлат сиёсатест, ки дар шароити саросар паҳн ва ҳумкрон гардидани инфлятсия дар иқтисод, бо дахолати начандон зиёд бо воситаи гузаронидани тадбирҳои мушаххаси судбахш, пеши роҳи болоравии он (инфлятсия) боз дошта мешавад.

Ин тадбирҳо ҳамчун: барномаҳои махсуси фонди байналхалқии асъор оид ба гузариши давлатҳои муштараккулманофеъ ба низоми бозорӣ, озодгардонии нарх, густариши сектори хусусӣ, шаклҳои нави хоҷагидорӣ, соҳибкорию корчаллонӣ, кӯмаку ёрдампулиҳо оиди дастгирии қурби асъори миллӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Дар шароити низоми иқтисоди амрӣ тадбирҳои зиддиинфлятсияии давлат ҳамчун танзими сиёсатии даромад, нарх ва музди кор, яъне муайян кардани ҳадди ақал ва аксари музди кор, нарх ва даромад, маҳдудгардонии ҳаҷми пулҳои нақд дар муомилот, харидкунии маҳсулот, маблағгузориҳо, манъ кардани имтиёзҳо, баланд бардоштани ставкаи андозҳои мустақим ва ғайримустақим, танзими нормаи фоида ва фонди амортизатсионӣ … муайян карда мешавад.

Дар шароити низоми иқтисоди бозорӣ танзими зиддиинфлятсияии иқтисод тибқи усулҳои зер ба роҳ монда мешавад:

– сиёсати маҳдудгардонии касри буҷет, васеъшавии ҳаҷми кредит, боздорӣ ё худ манъкунии интишори иловагии пул;

– сиёсати танзими нарх ва даромад ба мақсади ба ҳам пайваст намудани афзоиши музди кор ва болоравии нарх. Ин бо воситаи индексатсияи даромад, аз рӯи дараҷаи ҳадди ақали зист ё худ стандарти сабати истеъмолӣ бо назардошти тағйироти динамикаи нарх ба амал бароварда мешавад.

Дефлятсия чист?

Танзими инфлятсия бо воситаи гузаронидани сиёсати дефлятсионӣ низ сурат мегирад. Дефлятсия аз вожаи лотинии deflatio – гирифта шуда, маънои пуф кардан, тоза намуданро ифода мекунад. Он ҳамчун чандиргардонии раванди беқурбшавӣ, маънои аз муомилот гирифтани қисми пулҳои барзиёд интишоргардидаро дар ҷараёни инфлятсия мефаҳмонад.

Сиёсати дефлятсионӣ ба мақсади ором ва паст гардондани ҷараёни баланди инфлятсия ва тақозои боло рафтаи субъектҳои иқтисодӣ, бартараф кардани дефисит(каср)-и пардохти баланс истифода карда мешавад.

Дезинфлятсия чист?

Тадбирҳои давлат ва бонкҳои хусусию марказӣ, ки барои боздории раванди инфлятсия ва чандирсозии он равон карда мешавад дезинфлятсия ном дорад.

Дефлятсия ё дезинфлятсия дар асоси фишангҳои сиёсати фискалӣ (хазинадорӣ) ва пулию қарзӣ, яъне баланд бардоштани андозу андозбандӣ, кам кардани хароҷоти буҷети давлатӣ, паст кардани қобилияти харидории аҳолӣ, кам кардани ставкаи қарзи бонкӣ ва афзоиши пасандозу андӯхт сурат мегирад.

ҚаблӣШакл ва намудхои инфлятсия
БаъдӣИнкилоби фикри ва тахкими амнияти давлати аз нигохи Садриддин Айни