Инфлятсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (реферат, кори курси)

Инфлятсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: миқёс, хусусусиятҳо ва сиёсати зидиинфлятсионӣ

Боргирӣ намудан (скачать)


Мавзуъ:  Инфлятсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: миқёс, хусусусиятҳо ва сиёсати зидиинфлятсионӣ

Нақша

Сарсухан

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

1.Инфлятсия миқёс ва сабабҳои пайдоиши он

 2.Шакл ва намудҳои инфлятсия

 3.Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи инфлятсия, сиёсати зидиинфлятсионӣ

 Хулоса

 Руйхати адабиётҳо


Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ дар баробари ба бор овардани муносибатҳои серпаҳлуи манфиатдор, боз боиси бештар сар задании падидаҳои номатлуби иқтисодӣ мегардад. Яке аз ин падидаҳо инфлятсия ба ҳисоб меравад. Инфлятсия чист ва бо кадом хусусиятҳояш ҷомеаро ба ташвиш меоварад. Ҳамчун падидаи номатлуб ба ҳисоб рафтанаш дар он намоён мегардад, ки боиси пастравии иқтисод ва билохир ҷомеъа мегардад.  Инфлятсия – ин ҳолати бӯҳронии низоми пулист. Истилоҳи инфлятсия, ки дар муомилоти пулӣ истифода мегардад, дар миёнаи асри XIX пайдо шудааст. Қаблан инфлятсияро танҳо чун паст шудани қурби пул ва болоравии нархҳо медонистанд. Дар айни замон низ баъзе иқтисоддонҳо ҳамин ақидаро тарафдорӣ мекунанд.

Ровиёни ахбор овардаанд, ки маротиби аввал истиллоҳи инфлятсия дар манотиқи Америкаи Шимолӣ (ҷанги граждании солҳои 1861-1865) оиди аз меъёр боло рафтани миқдор(ҳаҷм)-и пулҳои нақд (пулҳои қоғазӣ) дар ҳавзаи муомилот истифода карда шудааст.

Дар асри XIX истиллоҳи инфлятсия бо таври васеъ дар адабиётҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакатҳои Европа (Британияи Кабир, Франсия, Италия…) ва сониян (дар ибтидои асри XX) пеш ва баъди ҷанги якуми ҷаҳон дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон густариш ва инкишоф ёфтааст (9, 51-52).

Боргирӣ намудани реферат (скачать)

ҚаблӣИндонезия: руй ба суи истиклолият
БаъдӣИнфлятсия: миқёс ва сабабҳои пайдоиши он