Маросими никоҳ, баргузории тӯйҳои арӯсӣ ва пешгирӣ аз хароҷоти зиёд

Маросими никох, баргузории туйхои аруси ва пешгири аз харочоти зиёд


Мафҳуми никоҳ аз ҷиҳати иҷтимоӣ расман маънои ҳамзистии намояндаи ду ҷинси мухолиф – марду зан аст. Натиҷаи он ба таври расмӣ ва маъмулӣ қонеъ намудани талаботи якдигар, тавлиди фарзанд – давоми насли башар, ташкили хоҷагии якҷоя, таъминоти моддӣ ва маънавӣ мебошад.

Никоҳ (издивоҷ) ибтидо ва шарти зарурии ташкили оила мебошад. Аз даврае, ки оила ба вуҷуд омадааст, ҳамаи системаҳои идеологӣ (динӣ, илмӣ) дар хусуси он ибрози назар кардаанд.

Дар гузашта ҳаққи ширу масрафи зиёд бисёр ҷавононро аз имконияти сари вақт ташкил кардани оила маҳрум намуда, боиси бе шавҳар мондани духтарон ва «пирдухтар» ном гирифтани онҳо мегардид.

Никоҳ, ки маъмулан баъди фотеҳа анҷом меёфт, мувофиқи шариати мусулмонӣ дар ҳаёти оилавии тоинқилобии тоҷикон хусусиятҳои махсусу мароқангез дорад ва он, пеш аз ҳама, ба муомилаи хариду фурӯш монанд аст. Онро барои беҳтар кардани аҳволи моддӣ (камбағалон) ё барои боз ҳам бойтар гардидан (дороён) ва ё мустаҳкам намудани мавқеи иҷтимоӣ мебастанд. Масалан, камбағалон маҷбур мешуданд, ки баъзан ҳатто аз гаҳвора духтарашонро ба касоне, ки аз онҳо қарздору вобастаанд, гарав гузоранд, гаҳворабахш кунанд. Бойҳо ҳам бо нияти боз ҳам бойтар шудан ба воситаи никоҳи шаръӣ ба муомила медаромаданд, доду гирифти духтар менамуданд. Баъзан барои дуруст намудани муносибатҳои шахсӣ ва мавқеи иҷтимоӣ волидон бо рақибони худ ба туфайли чунин доду гирифт робитаи хуби хешутаборӣ барқарор мекарданд. Ин амал ҳатто кори хайру савоб, суннати пайғамбар ҳисоб мешуд. Одатан дар ин муомила касе фикру мулоҳиза ва ё розигии духтаронро намепурсид. Раъйи падару модар барои духтар ҳатмӣ ҳисоб мешуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар замони муосир писару духтари ба балоғатрасида дар ҷойи кор, таҳсил ва ғайра бо якдигар шинос шуда, якдигарро меомӯзанд, сипас бо падару модар ё наздикони дигар дар хусуси никоҳ арзи ҳол менамоянд.

Бояд гуфт, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фотеҳатӯй бо иштироки меҳмонони зиёд ва хароҷоти калони моддӣ гузаронида мешуд. Дар он гову гӯсфанд, либосу матоъ, орду биринҷ, қанду қандалоти бисёр сарф мешуд, ки чунин худнамоию худситоӣ ҳам ба хонаводаи арӯс ва ҳам ба хонаводаи домод зарари зиёди иқтисодӣ расонида, гоҳо хеле миёншикану гарон мегардид ва ба зиндагии навхонадорон солҳои дароз мушкилиҳо меовард.

Дар мавриди никоҳи шаҳрвандӣ (расмӣ) ва никоҳи шаръӣ бояд гуфт, ки никоҳи шаҳрвандӣ хусусияти хосси худро дошта, аз никоҳи шаръӣ хеле фарқ мекунад. Агарчи мақсади ниҳоии ҳар ду шакли никоҳ як аст, вале никоҳи динӣ, пеш аз ҳама, бо он фарқ мекунад, ки шариат диндор (мусалмон) будани никоҳшавандагонро ба миён мегузорад. Никоҳи шаҳрвандӣ ё қонунӣ ба дину маслак (масалан, диндор, атеист будану набудан)-и тарафҳо кор надорад. Онҳо бояд қонуну қоидаҳои шаҳрвандиро риоя кунанд.

Барои аз ақди никоҳи шаҳрвандӣ гузаштан никоҳшавандагон камаш як моҳ пеш ба муассисаҳои ақди никоҳ ва ташкилотҳои онро ивазкунанда бо хоҳиши худ ариза медиҳанд. Агаp ақидаи онҳо тағйир наёбад, дар рӯзи муқарраршуда ҳамроҳи шоҳидҳо ва ёру дӯстон ба муассисаҳои дахлдор ҳозир мешаванд. Ҳуҷҷатҳои расмиро имзо мекунанд, шоҳидҳо тасдиқ менамоянд, ҳозирон маъқул мешуморанд ва расмияти никоҳ ба анҷом мерасад. Никоҳро дар муассисаҳои дахлдор гузаронидан шарт нест. Шахсони масъул аз ин муассисаҳо метавонанд, ки расми никоҳро дар клубҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳатто дар тӯйхона гузаронанд. Солҳои охир ҳамин шаклро бештар ба кор мебаранд, ки бисёр хуб аст. Вақти одамони тӯйдор сарфа ва қатори мошинҳои тӯйгард кам мегардад.

Табиист, ки ташкили оилаи навро бе тӯю хурсандӣ, бе суруду рақс, бе меҳмонону ёру дӯстон тасаввур кардан душвор аст. Аммо то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъзан тӯй на фақат ба маъракаи хурсандӣ, балки ба маъракаи пурташвише табдил ёфта буд, ки барои гузаронидани он солҳои зиёд ҷамъ кардани анҷому маблағ лозим мешуд. Чунин амали нописанд тӯйдоронро гирифтори қарзи аз ҳад зиёд мекард. Онҳо баҳри аз қарз халос шудан солҳои тӯлонӣ заҳмат мекашиданд.

Барои баъзе оилаҳое, ки даромади муфт доштанд, тӯй ба як навъ воситаи намоиши бойигарӣ, обрӯ, худситоӣ ва ном баровардан табдил ёфта буд.

Чизи дигаре, ки писардорро ба ташвиш меовард, ин фармоиши (бори) тӯёна буд. Ин фармоиш гову гӯсфанд, орду биринҷ, равғану қандалот, меваю нӯшокиҳо ва «сарупои» арӯсро дар бар мегирифт. Барои арӯс миқдори хеле зиёди либос фармуда мешуд, ки гӯё то охири умр ҳамин либосҳои фармудашударо мепӯшида бошад. Дар фармудани либос худи арӯс ҳам иштирок мекард.

Одати зараровари дигаре, ки дар тӯйҳои миллӣ ҷой доштанд, ин либоспӯшонӣ буд. Ҳам тарафи домод ва ҳам тарафи арӯс аз рӯйи расму одатҳои мавҷуда вазифадор буданд, ки ба хешу табори наздики онҳо либос пӯшонанд. Ғайp аз ин ба меҳмонҳое, ки бо туҳфа ба тӯй меомаданд, либос мепӯшониданд.

Хулоса, чанд сол қабл мардуми тоҷик дар тӯю маъракаҳои худ аз қабили «Оши наҳор», «Тӯйи арӯсӣ», «Ноншиканон», «Домодталбон», «Қудоталбон», «Салом» ва дигар анъанаҳо ба тӯйҳои серхарҷу дабдабанок, исрофкорӣ ва таассубкориҳои беасос роҳ медоданд. Ҳатто падару модар барои оиладор кардани фарзандон солҳои сол дар ғарибию мусофират меҳнат мекарданд. Дар бештар маврид пинҳонӣ боз қарз мегирифтанд, ки дар натиҷа аксарияти оилаҳои ҷавонро қарздорӣ азият дода, баъзан боиси вайрон гаштани онҳо мешуд.

Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамаи тӯю маъракаҳо ва расму оинҳои миллӣ ба танзим дароварда шуда, меъёри муайяни гузаронидани тӯю маъракаҳои миллӣ муайян карда шуд. Тибқи қонуни мазкур тӯйи домодию арӯсӣ ба таври ихтиёрӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз бо оростани зиёфат барои на бештар аз 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳар ду ҷониб муқаррар карда шуда, маросими «Домодталбон» ва «Арӯсталбон» дар доираи хонавода бо иштироки на бештар аз 15 нафар муайян карда шудааст.

Ҳамчунин, муқаррар шудааст, ки маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо истифодаи на бештар аз чор автомашинаи сабукрав гузаронида шавад.

Барои назорат ва иҷрои он Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, сохторҳои он дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то сатҳи ҷамоатҳо ташкил карда шуд, ки онҳо риояи талаботи қонунро назорат мебаранд. Дар ҳолати вайрон кардани қонун соҳибони тӯю маърака ва тарабхонаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда, нисбати онҳо чораҳои маъмурӣ андешида мешавад.

Хушбахтона, имрӯзҳо ба масъалаи гузаронидани тӯю маъракаҳо ва ба танзим даромадани он аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ҷиддан диққат дода мешавад. Барои камхарҷ гузаронидани маъракаю маросимҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳо комиссияҳо аз ҷумлаи одамони кордида интихоб карда мешаванд. Онҳо камхарҷ гузаронидани маросимҳоро танзим ва роҳбарӣ менамоянд. Ин иқдом аз ҷониби мардум ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтааст. Шайх Саъдии Шерозӣ гуфтааст:

Аз андоза бартар манеҳ пойи хеш,
Хирадро нигаҳ дор дар ҷойи хеш!
Mаpo панд додаст марди ҳаким,
Ки: «Поят фузунтар макаш аз гилем!».

Opе, ҳар кор ҳадду андозае дорад. Масрафи беҳударо дар ягон замон тавсиф накардаанд.

Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома» оид ба ин масъала чунин овардааст: «Чун чунин аст, андаке гуфтам, аз вай бештар чизе талаб макун, духтарфурӯш мабош, ки домод худ муруввати хеш бинагзорад ва мардумӣ ба ҷое наравад. Тy он чи дорӣ, бадал кун ва духтар дар гардани вай банд ва бираҳон худро аз ин меҳнати азим. Ва дӯстро ҳамин панд деҳ, то бар ин ҷумла ӯ низ биравад».

 Ба амалӣ шудани ин иқдом бояд пеш аз ҳама худи арӯсу домод саҳм гузоранд. Худи онҳо аз чунин маросиме, ки масрафи беҳудаю маблағҳои зиёдро талаб карда, волидонро гирифтори қарз мекунад, даст кашанд ва ба касе пайравию тақлид накунанд.

Мутаассифона, солҳои охир пӯшидани либосҳои анъанавии миллии домоду арӯс қариб ки аз байн рафтааст. Либосҳои арӯсу домод тақлиди кӯр-кӯрона ба либоспӯшии тӯёнаи аврупоӣ мебошад. Ин тақлидкорӣ ҳатто то ба деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ расидааст ва арӯсон пироҳани сафеди арӯсии аврупоӣ мепӯшанд, ки домони он хоку лойи кӯчаро мерӯбад. Ба сар кулоҳу сарандоз (фата) мепӯшанд, ки ҳеҷ ҳусни онҳоро намеафзояд ва аз рафтори арӯс маълум мегардад, ки дар ин либос худро ноҳинҷор ҳис мекунад. Mагаp беҳтар нест, ки онҳо либосҳои миллии арӯсиро ба бар кунанд ва анъанаҳои миллии худро эҳё намоянд?!

Охир, либосҳои арӯсии тоҷикони Зарафшон, Ҳисору Хуҷанд, Раштону Бадахшону Хатлон, сарандозҳои миллӣ, ки худи духтарон ба тӯйи арӯсиашон бо як ҷаҳон орзу гулдӯзӣ мекунанд, аз фатаи аврупоӣ ҳеҷ камӣ надоранд. Чунин рафтори мо боиси он мегардад, ки тадриҷан анъанаҳои неки миллӣ ва аждодиамонро фаромӯш намоем.

 Умед аст, ки ҷавонон ба қадри маданияти бою қадими худ расида, дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ ҳам дар либоспӯшӣ ва ҳам дар риояи маросимҳои миллӣ эҳтироми онро ба ҷо меоваранд.

Саволхо

  1. Акидаи шумо дар бораи туйхои дабдабанок чи гуна аст?
  2. Муносибати шумо ба туйхои хозиразамон чи гуна аст?
  3. Ба фикри шумо маросими фотиха лозим аст ё не?
  4. Кадом анъанахои пеш аз туйро медонед; кадоми онхо ба шумо маъкул ва кадомаш маъкул нест?
  5. Кадом чихатхои бакайдгирии никох ба шумо писанд аст?

ҚаблӣНикохи хешутабори ва окибатхои он
БаъдӣСистемаи методҳои тарбия