Камолиддин Биноӣ (1453-1512)

«Мавлоно Биноӣ аз табақаи миёна аст. Ҷои таваллудаш шаҳри Ҳирот мебошад. Қобилияти ӯ бағоят зиёд аст. Аввал ба таҳсил машғул шуд. Дар ин солҳо рушди тамом ҳосил намуд, ба хат ишқ пайдо намуд, ба андак фурсат хеле хушхат гардид. Ба мусиқӣ майл намуд, зуд омухт ва оид ба адвор рисолае навишт».

Алишер Навоӣ

Соли 1453 дар оилаи усто Муҳаммадхони Сабз тифле ба дунё омад, ки хурсандии аҳли оила ҳадду канор надошт. Ба ӯ Шералӣ ном гузоштанд. Муҳаммадхон марди ҳунарманд, бинокор, меъмор буд. Зиндагиашон фақирона мегузашт. Шералӣ, ки бачаи зирак ва хушзеҳн буд, дар мактаб нағз мехонд, ба сухани устодонаш диққат медод. Натиҷаи ҳамин саъю кушиш буд, ки ӯ бисёр илмҳои замонаашро ба хубӣ аз худ кард. Ӯ бештар ба забону адабиёт, таърих ва мусиқӣ майлу рағбат дошт. Ҳануз дар айёми мактабхониаш шеър менавишт. Дар ин бора худи шоир чунин мегуяд:

Ёдам омад, ки баҳри касби адаб,
Мешудам тифл ҷониби мактаб.
Табъи мавзун маро ғаризӣ буд,
Фаҳми ман дар камоли тезӣ буд.
Сар зи ман завқи шеър бар мезад,
Шеърам аз руи завқ  cap мезад.

Пас аз он пайваста аз шоирони гузашта ва ҳамзамонаш абёти зиёдеро аз ёд мекунад ва шеъраш рангину пурҷозиба мегардад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Камолиддин Биноӣ соли 1512 дар қатли омми шаҳри Қаршӣ аз дасти сарбозони Шоҳ Исмоили Сафавӣ ба қатл мерасад.

Биноӣ аз худ мероси гаронбаҳое гузоштааст. Беҳтарин асари ахлоқии адиб достони «Беҳрӯзу Баҳром» аст, ки ҳоло дар поён муште аз хирвор чанд ҳикояи онро пешкашатон мегардонем.

Ҳамнишини бад <<


Камолиддин Бинои, хаёт ва фаълияти Камлиддини Бинои, Камолиддин Биной, газалхои Камолиддин Бинои.

ҚаблӣМаълумоти умумӣ дар бораи маҷоз, ташбеҳ ва тавсиф
БаъдӣҲамнишини бад (ғазали Камолиддини Биноӣ)