Бренд чист?

Бренд, брэнд (англисӣ brand – аломати мол, тамға), маҳсулоти ягон ширкати машҳур, ки бо ному тамғаи махсус истеҳсол шуда, харидори бисёр дорад ва онро аз рӯи борпеч, логотип ва ғайра зуд шинохтан мумкин аст. Ҳама гуна маркаи тиҷоратӣ, яъне ҳуқуқи ҳифз барои истеҳсоли моли муайян, Бренд нест. Бренд ин тамғаи тиҷоратии маълуму машҳур мебошад.

бренд брэнд

Номи Бренд ҳамеша бо номи ширкат мувофиқат намекунад (масалан, Бренди «Sony» бо номи ширкат мувофиқ аст, аммо Бренди «Fanta» мансуб ба ширкати «Соса- Соlа» мебошад). Фаъолияти истеҳсолкунандаи мол ва фурӯшанда, ки баҳри ҷалби харидорон ва ба онҳо шинос кардани маҳсулот равона шудааст, «брендинг» ном дорад.

Бренд аз давраи пайдоишаш (солҳои 30-уми асри 20) чун «қонуни тамғавӣ»-и идораи маркетинг василаи асосии ба даст овардани бозор гардид. Идораи Бренд яке аз амалиёти душвори соҳибкорист.

Маълумот дар бораи бренд бо забони точики.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Маълумот дар бораи Шоҳмот (бозии шатранҷ, шахматы)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед