Ҳаёт ва фаъолият Асад Гулзодаи Бухороӣ

Ҳаёт ва фаъолият Асад Гулзодаи Бухороӣ. Хаёт ва фаъолият Асад Гулзодаи Бухорои / Асад Гулзода.


Асад Гулзода ё Асад Гулзодаи Бухороӣ  5 январи соли 1935 дар деҳаи Шавгони ноҳияи Пашакӯҳи вилояти Бухоро таваллуд ёфтааст.

Маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш, маълумоти олиро дар факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе соҳиб гардидааст.

То соли 1968 дар мактабҳои тоҷикии вилояти Бухоро, то соли 1955 дар Бахши тоҷикии Ширкати телевизиону радиошунавонии вилояти Бухоро фаъолият доштааст.

Асосан барои кӯдакону наврасон менависад.

Маҷмӯаҳои шеъраш дар Душанбе, Бухоро,Тошканд ва Теҳрон ба чоп расидаанд, ки «Насими Бухоро» (2001), «Хатти пешонӣ» (2003), «Бухоро» (2004) ва ғайраҳо аз ҳамин қабиланд…

Асад Гулзодаи Бухороӣ рӯзи 29 майи 2023 дар 88-солагӣ даргузашт.


Гар нашиносед маро
Шинохта монед шумо,
Аз наҷоди Ориё
Дониста монед маро.

Тоҷикаму тоҷ бар сар
Ба эронӣ бародар,
Бо дариён як забон
Фаҳмед шумо аз дигар.

Забони шево дорам
Забони гуё дорам,
Мероси бойтарин аст
Лафзи гуворо дорам.

Забони Рӯдакӣ аст
Забони Фирдавси аст…
Забони Саъдӣ, Ҳофиз
Забони он Тӯсӣ аст…

Ифтихори шоирон
Сармояи олимон,
Мушкилкушои ҳама
Донед шумо ҷанобон!…

Шеър дар васфи Бухоро

ҚаблӣМухаммад Икбол Лохури
БаъдӣРомани «Шодӣ»-и Ҷалол Икромӣ (иншо)