Аз силсиламақолаҳои Пандномаи Аттор — Дар баёни аломати мудбирон >>
Чор чиз омад нишони мудбирӣ,
Ёд гираш гар ту равшанхотирӣ:
Мудбирӣ бошад ба аблаҳ машварат,
Пас ба ҷохил додани симу зарат.
Ҳар кӣ панди дустон накнад қабул,
Дар ҳақиқат мудбир аст, он булфузул.
Ҳар кӣ аз дунё нагирад ибрате,
Ҳаст аз он мудбир ҷаҳонро нафрате.
Машварат хар кас ки бо аблаҳ кунад,
Деви малъунаш сабук гумраҳ кунад.
Он кӣ молу зар диҳад бо ҷоҳилон,
Ончунон кас кай бувад аз муқбилон.
Зар чу ҷоҳилро ҳаме ояд ба каф,
Мекунад исрофу месозад талаф.
Нашнавад аз дӯст мудбир пандро,
Аз ҷаҳолат бигсалад савгандро.
Ранҷи андакро бикун ғамхорагӣ,
Варна бинӣ аҷз дар бечорагӣ.
Дарди сарро гар биҷӯяд кас илоҷ,
Хавфи он бошад, ки баргардад мизаҷ,
Бош аз қавли мухолиф барҳазар,
Пеш аз он к-аз по дароӣ, эӣ писар,
Оташи андак тавон куштан ба об,
Вой он соат ки гирад илтиҳоб.
Шояд ин ҳам писандатон ояд: