Никохи хешутабори ва окибатхои он

Никох ва оила. Никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он. Окибатхои никохи хешу табор.


Дар моддаи 14-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ), байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ӯгай ( ки аз як падар ё модаранд), байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон манъ карда шудааст.

Никоҳи хешу табори наздик сабаби дар насл пайдо шудани касалиҳои гуногун мегардад. Ҳоло зиёда аз 2 ҳазор намуд касалиҳои гуногуни вазнини ирсӣ вуҷуд дошта, аз чунин издивоҷҳо кӯдакони дорои нуқсонҳои модарзодӣ ва кӯдакони аз ҷиҳати равонӣ ва ақлӣ сустинкишофёфта ба дунё меоянд, ки он барои ҷомеа хатари калонеро ба бор меорад.

Аз нигоҳи илми равоншиносӣ никоҳи хешутаборӣ оқибатҳои манфӣ дорад. Агар одамони генҳои гуногундошта оила барпо намоянд, он гоҳ имконият пайдо мешавад, ки тифл беҳтарин генҳои падар ва модарашро бигирад. Тадқиқоти равоншиносон ошкор намудааст, ки тифле, ки аз намояндагони ду маҳал ё ду миллат ба дунё меояд, беҳтарин хислатҳои падар ва модари худро дорад. Масалан, маълум аст, ки аҳолии шаҳри Истамбул омехтаи миллатҳои Аврупо ва Осиё мебошад. Бинобар ин агар мо дар кӯчаҳои Истамбул сайру гашт карда ба шаҳрвандони ин шаҳр диққат диҳем, онҳо қомати баланд, ранги сафед, чашмони кабуд, мӯй ва абрӯи сиёҳ дошта, аз нигоҳи рушди психологӣ низ имкониятҳои хуб доранд. Умуман, гуфтан лозим аст, ки дар натиҷаи омехташавии миллату маҳалҳо насли зеботару лаёқатманд ба дунё меояд. На ҳамаи кӯдакони аз никоҳи хешутаборӣ бадунёомада ин гуна имкониятро доранд. Таърих гувоҳ аст, ки барои насли зебо ва лаёқатманд гирифтан шоҳзодаҳои Русия ҳамсари худро аз насли шоҳзодаҳои олмонӣ интихоб мекарданд.

Никоҳи хешутаборӣ ё авлодиро, пеш аз ҳама, ба хотири нигоҳ доштани бойигарии оила, қавм ва анъанаҳои авлодӣ мекунанд. Лекин бояд қайд кунем, ки аз ҷиҳати генетикӣ ва тиббӣ никоҳи хешони наздик оқибатҳои хеле нохуш ва вазнин дорад. Аҷдоди оилаҳои ба ҳам наздики никоҳшуда маводди гении умумӣ ва ба ҳам наздик доранд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки никоҳи авлодӣ дар якчанд насл тӯлонӣ давом мекунад ва дар натиҷа дастаи генотипи ин оилаҳо барқарор ва дигаргун намешавад. Яъне онҳо торафт куҳнаву заиф мешаванд ва қобилияти генетикии худро гум мекунанд. Дар натиҷа барои ба вуҷуд омадани касалиҳои гуногуни генетикӣ замина ба вуҷуд меояд ва муқобилияти организмро ба бемориҳо заиф мекунад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Таҷрибаи зиндагӣ борҳо собит намудааст, ки никоҳи хешутаборӣ на ҳама вақт бомуваффақият анҷом меёбад. Агар ҷавонон бо ҳам мувофиқ наоянд, боиси сард гаштани муносибатҳои хешутабории авлод (байни бародару хоҳар, тағою хола, аммаю амак) ва агар кӯдаки носолим ва маъюб таваллуд гардад, боиси мушкилии зиндагӣ ва дилсардии ҳаёти ҷавонон мегардад. Никоҳи хешутаборӣ одатан мустаҳкам набуда, боиси вайроншавии оила, парокандагӣ ва аз ғамхории яке аз тарафҳо маҳрум шудани тифли бадунёомада мегардад. Агарчанде масъалаи никоҳи хешутаборӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, натиҷаи манфию оқибатҳои нохуши он аз тарафи мутахассисони соҳаи тиб борҳо мавриди омӯзишу баҳс қарор гирифта бошад ҳам, бо вуҷуди ин, баъзе волидону ҷавонон боз мехоҳанд дар зиндагӣ пайванди хешутабории худро идома диҳанд.

Илми тиб муқаррар намудааст, ки аз никоҳи хешутаборӣ кӯдакони дорои касалиҳои ирсии табобатнопазир ба дунё меоянд.

Бинобар ин зарур аст, ки аз никоҳи хешутаборӣ ҳамеша даст кашем ва дар зиндагӣ ба хато роҳ надиҳем. Волидон бар он назаранд, ки гӯё издивоҷи хешутаборӣ пайвандгари насли онҳост ва онҳо ба хотири хешутаборӣ ба ҳама пастию баландиҳои рӯзгор тоб меоранд. Ин фикр, албатта, хатост. Магар зери як бом бо дили шикаста зиндагӣ намуда, хотирбинӣ кардану умри ширинро талх паси сар кардан хушбахтӣ аст? Не, албатта! Бо бегона издивоҷ карда, хешу табор мешавӣ, аз зиндагии солим фарзандони солиму зебо ба дунё меояд, ҳамзамон меҳри байни худиҳо ва хешу табор қавӣ мемонад.

Саволҳо

  1. Конунгузории Чумхурии Точикистон никохи хешутабориро чи гуна нишон медихад?
  2. Окибатхои никохи хешутабори ба чи оварда мерасонад?
  3. Мустахкамии муносибатхои хешутабори ва пайванди решахои авлодиро дар чи мебинед?
  4. Оё бо каси ноошно зиндаги кардан хушбахти меорад?
  5. Шумо окибатхои никохи хешутабориро дар мисоли ягон оила медонед?
ҚаблӣМуоинаи тиббии издивочкунандагон. Муоинаи тибби пеш аз туй
БаъдӣМаросими никоҳ, баргузории тӯйҳои арӯсӣ ва пешгирӣ аз хароҷоти зиёд