Вақт ва замон – Хазинаи маърифат

– Имрӯз талабаи дирӯз аст. (Сирус)

– Мегуйӣ, ки пагоҳ дигар одам мешавам, пас чаро аз ҳамин рӯз оғоз намекунӣ. (Эпиктетос)

– Ба ман магӯ, ки пагоҳ хуб мешавад, зеро имрӯз пагоҳи дирӯз аст.

– Инсон дар даруни замон не, замон дар даруни инсон зиндагӣ мекунад. (Бергсон)

– Ғамгинтарин шахс касест, ки замонҳои аз даст додаашро медонад. (Данте)

– Гуле, ки бевақт мешукуфад, зуд хазон мешавад. (зарбулмасали туркӣ)

– Се рӯз барвақт хестан, баробари як рӯзро ба даст овардан аст.

– Вақти холӣ нест, вақти ба холигӣ гузашта ҳаст.

– Вақт фурсатест ғанимат. Шахси оқил саломатӣ ва вақташро ғанимат донад ва умрашро ба корҳои беҳуда сарф накунад. (Аҳмад ал- Хазнавӣ)

– Нақшакорӣ вақт мегирад, аммо вақт ҳам ба даст меорад.

– Вақти холӣ нест, вақти холирафта ҳаст. (Тагор)

– Вақт дер намемонад, одамон дер мекунанд.

– Ту вақтро не, ақрабаки соатро ақиб карда метавонӣ.

– Сарфи вақт сарфи умр аст.

– Вақт умр аст, онро маҳв масозед.

– Имрӯз кумак кун, то фардо кумакат кунанд.

– Шахсе, ки софии замони кӯдакияшро аз даст надода бошад, ӯро шахси бузург меноманд. (Менсиюз)

– Ягона чизе, ки тавлид намекунад, вақт аст. (А.Скот)

– Фикри онро кун, ки имрӯз дубора тавлид намешавад. (Данте)

– Вақт сармояи инсон аст. Вақт ба мисли замини киштзор аст. Чӣ қадар хуб истифода бурда шавад, ҳамон қадар ҳосилғундорӣ карда мешавад. (ҳазрати Алӣ(р.а.))

– Замону забонатро эҳтиёт кун, зеро ин ҳар ду арзишманд аст.

– Шахси серкор вақти гиря кардан надорад. (Лорд Бирон)

– Об боло шавад, моҳиҳо мӯрҳоро мехӯранд, аз онҳо агар об кам шавад мӯрҳо моҳиҳоро мехӯранд. Касе боло ва ё паст будани худро собит набинад, зеро кӣ киро мехурад аз ҷараёни об вобастагӣ дорад. (зарбулмасали африқоӣ)

– Чунон вақтҳое гузаштааст, ки агар якто истифода шавад ҳикоят кунӣ, зебогияш меравад. (Ҷорҷ Сенд)


Манбаъ: Хазинаи Маърифат

ҚаблӣВазифа – Хазинаи маърифат