Чистон

Чистон яке аз жанрҳои машҳур ва интишорёфтаи адабиёти даҳонакии халқ буда, аз ҷиҳати пайдоишу мавқеъ, мазмуну мундариҷа ва аз лиҳози забону хусусиятҳои рангоранги бадеӣ ҷолиби диққат мебошад. Ин жанри нафис ва диққатрабои фолклор таърихи қадима дорад.

Дар давраҳои қадим одамон бисёр чизҳоро дар гирду атрофи худ ва табиат медиданд ва хислату рафтори онҳоро дақиқкорона ба мушоҳида мегирифтанд. Мисол осмонро «чодар» мегуфтанду ситорагонро ба «танга» ташбеҳ мекарданд. Ё худ мегуфтанд, ки «чист он ки дасту по надорад, вале дарвозаро мекушояд?» Баъд аз лаҳзае фикр кардан ҷавоби чистон ёфт мешавад – «бод».

Истилоҳи «чистон» аслан аз ибораи «чист он?» таркиб ёфта, дар ин шакли гуфтор фикр ва матлаби муайян пинҳон дошта мешавад. Чунончи:

«Он чист, ки меравад – меравад, ба қафояш нигоҳ намекунад?» (Дарё).

Тавре ки мушоҳида гардид, калимаҳои «чист» ва «он» ва ё «он» ва «чист» дар аввал ҷудо буда, тадриҷан ба ҳамдигар пайваст гардида, истилоҳи «чистон»-ро ба вуҷуд овардаанд. Ин истилоҳи адабӣ аввал дар эҷодиёти бадеии даҳонакии халқ ва баъдан бо мурури замон ба адабиёти китобии форсу тоҷик гузашта, васеъ паҳн гардидааст.

Дар қисми савол сурати маҷозии ашёву ҳодиса ба тарзи бадеӣ тасвир шуда, дар қисми ҷавоб маънӣ ё номи аслии ашёву ҳодисаҳо ифода меёбад. Баъзан чистонҳо бе ҳеҷ гуна савол ифода меёбанд, вале онҳо мазмунан дар худ саволе ниҳон доранд. Чистонгӯйӣ ва чистонёбӣ мисли дигар анъана ва расму одатҳои халқ аз талаботи зиндагӣ ба вуҷуд омада, дар ҳаёти гузаштаи мардуми тоҷик мавқеи калон дошт. Халқ дар раванди кор ва лаҳзаҳои истироҳат чистонгӯйӣ ва чистонёбӣ карда, аз як тараф меҳнати тоқатфарсои худ – ғӯзакашӣ, пунбаҷудокунӣ, пиллакашӣ, пашмресӣ, гилему палосбофӣ ва намадмолиро (дар иҷрои чунин корҳо гурӯҳи одамон ширкат мекарданд) сабук менамуд, аз тарафи дигар бо ин восита зиракӣ, ҳушёрӣ, нуктасанҷӣ, ҳозирҷавобӣ ва табъу завқи якдигарро месанҷид, афкори маънавиро инкишоф медод ва ҷаҳонбиниро васеъ мекард. Ин аст, ки чистонгӯйӣ ва чистонёбӣ дониши васеъ ва маҳорати калонеро талаб мекунад, чунки чистонкушо бояд тамоми хусусиятҳои ашёву ҳодисаи дар чистон нуҳуфтаро донад. Мувофиқи ривоятҳои халқӣ дар даврони қадим дар чистонкушоӣ гараву шартҳои вазнин ба миён гузошта мешуданд.

Маълумоти умумӣ дар бораи маҷоз, ташбеҳ ва тавсиф

Доираи мавзӯъҳои чистонҳои тоҷикӣ васеъ ва гуногун буда, бо фаъолияти меҳнатӣ, ҳаёти моддӣ, хоҷагӣ ва мадании мардуми меҳнаткаш алоқаи зич доранд.

Сабаби дар чистон ҷой доштани мазмуну мундариҷаи васеъ ва маъниҳои сарбаста, ба тариқи пуртаъсиру хушоҳанг баён намудани матлаб пеш аз ҳама сохти чистон, муносибати мантиқии сухан ва санъатҳои гуногуни бадеӣ–истиора, ташбеҳ, тавсиф, киноя, муболиға, такрор, ташхис ва амсоли инҳо мебошанд.

Чистонҳо дар шакли назму наср гуфта мешаванд. Ҳамчунин чистонҳо бо луғз ё худ луғаз ва андаке ба муаммо, ки дар адабиёти хаттӣ хеле маъмуланд, қаробат дорад. Маънои луғавии луғз (луғаз) печиш, роҳи каҷ ва берун рафтан аз роҳи рост аст. Дар илми бадеъ луғз он аст, ки шоир шеъре менависад ва чизеро дар назар гирифта сифат, аломатҳо ва хусусиятҳои онро дар либоси ибораҳои мушкилу монанд ва ғайри зикри номи предмет баён мекунад ва ёфтани онро аз хонанда ба таври хитобу суол ва аксаран бо ибораи «чист он?» ифода мекунад:

Чист, к-андар даҳони бедандон-ш
Ҳарчӣ афтод, рез-рез кунад?
Чун задӣ дар ду чашми ӯ ангушт
Дарзамон ҳарду гӯш тез кунад? (Қайчӣ. Аз «Ал-муъҷам»)

Чанд намунаи Чистон


Муаммо чист?

Муаммо аз калимаи арабии аъмо – кӯр гирифта шуда, маънояш пӯшида, ниҳон аст ва он як намуди луғз ё худ чис тон аст. Муаммо одатан манзум аст. Муаммо дар адабиёти классикии форсу тоҷик хеле маъмул ва ба он рисолаҳои бис ёри алоҳида бахшида шудаанд.

Тавре ки зикр карда будем, чистон дар баробари фарогирии мавзӯъҳои гуногуни зиндагӣ шаклҳои гуногун ҳам дорад, аз қабили чистон – булбулакон, чистон – масъала, чис тон–афсона, чистон – муаммо, сурат – чистон ва амсоли инҳо.

Чистон – булбулакон аз саволу ҷавоб иборат аст. Савол дар доираи асбоби рӯзгор ва ё ҳамон маҳал дода мешавад. Ҷавоби чистон – булбулакон он қадар душвор нест:

Чӣ парид? – Мурғ парид!

Чӣ парид? – Кабк парид!…

Ҳангоми нақли афсонаҳо барои мағлуб кардани ҳариф баъзан саволҳои муаммодор ва норавшан гузошта мешаванд, ки ин мушкилот боиси пайдо шудани чистон – масъалаҳо мегардад: «Агар булбул ба гул як-як нишинад, як булбул зиёдӣ мекунад ва агар булбул ба гул ду-ду нишинад, он гоҳ як гул боқӣ мемонад. Ҳар кадом чанд адад будааст?»

Ҷавоб: Булбул 4 адад ва гул 3 адад.


Чистон чист?, чистон бо забони точики, маълумот дар бораи чистон, чист он