Марҳалаҳои раванди педагогӣ

Раванди педагогӣ хусусияти силсилавӣ дорад. Дар инки­шофи тамоми раванди педагогӣ зуҳур кардани марҳалаҳои бо ҳам монандро дучор омадан, мумкин аст. Марҳала ин на қисми таркибӣ, балки пайдарҳамии инкишофи раванд аст. Марҳалаҳои асосӣ инҳоро номидан мумкин аст: тайёрӣ, асосӣ, хотимавӣ.

Дар марҳалаи тайёрии раванди педагогӣ шароити қулай барпо карда мешавад, то ки барои ҷорӣ кардани раванд ба матлаби муайян ва мувофиқи суръати нишондодашуда майл карда шавад. Дар марҳалаи мазкур вазифаҳои муҳими зайл ҳал карда мешаванд: максаднокӣ, шароитҳои ташхисӣ, пешгуӣ кардани комёбиҳо, тарҳрезӣ ва банақшагирии инкишофи раванд.

Моҳияти мақсаднокӣ (боасос гузоштани мақсад) аз он иборат аст, ки дар назди системаи маориф, ба вазифаҳои аниқ, дар соҳаҳои дастраси раванди педагогӣ таҳти шароити мушаххаси мавҷуда гузошташудаи мақсади умумии педагогӣ тағйир дода мешавад. Мақсаднокӣ ҳамеша ба системаи аниқӣ иҷрошавии раванди педагогӣ пайвастагӣ дорад  ба мактаб, синф, дарс ва ғ. Дар марҳалаи мазкур иҷро кардани раванди педагогӣ байни талаботи мақсади умумии педагогӣ ва имкониятҳои аниқи хайати талабагони муассисаи таълимӣ ва ғ. Ихтилофот зоҳир мегардад, рохҳои ҳалли ин ихтилофот дар раванди тарҳсозӣ пешбинӣ карда мешавад.

Дуруст гузоштани мақсад ва муайян кардани вазифаҳои ра­ванд бидуни ташхис имконнопазир аст. Ташхиси педагоги – ин тадқиқи расму коидаҳо, ки ба муайянкунии шароит ва мавқеъ равона карда мешавад, барои он ки раванди педагогӣ маҷрои дуруст гирад. Ба мақсади асосии он натиҷаҳои пешбинишуда ёрӣ мерасонанд ё монеъ мешаванд, ки ин тасаввуроти возеҳ гирифтан аст. Дар раванди ташхис ҳамаи ахбороти зарурӣ нис­бати имкониятҳои воқеии педагогҳо ва талабагон, сатҳи тайёрии пештараи онҳо, шароити ҷоришавии раванд ва чанде дигарҳо маълумотҳои муҳим чамъ оварда мешавад. Қайд кардан лозим аст, ки вазифаҳои муайяншудаи аввалин бо натиҷаҳои ташхис ислоҳ карда мешаванд: шароити мушаххас онҳоро зуд – зуд дида баромадан, ба дараҷаи мувофиқи имконияти имконпазирӣ оварданро мекунад.

Ба ташхиси раванд ва натиҷаҳои раванди педагогии пешгуикунӣ пайравӣ дорад. Моҳияти пешгуикунӣ аз он иборат аст, ки барои пешакӣ, то шуруӣ раванд ба имконияти натиҷабарорӣ дар шароити мавҷуда тахмин карда шаванд. Ба истифода бурдани пешгуии илмӣ мо метавонем дар бораи он чизе, ки ҳоло нест, пешакӣ параметри раванди назариявиро тахмин намоем. Пешгуикунӣ бо рохҳои мураккаб иҷро карда мешавад, ки иҷрои раванд натиҷаи дилхоҳ ё баръакс медиҳад. Бо мисолҳои аниқи ташхисонӣ ва пешгуикунӣ раванди педагогиро ба таври зайл шинос мекунем.

Марҳалаи тайёрӣ бо истеҳсоли натиҷаҳои ташхисонӣ ва пешгуикунӣ, тарҳрезии ташкили раванд, ки баъди пурра коркар­ди банақшагирӣ хотима меёбад. Нақша ҳамчун раванд ҳамеша бо системаи муайян вобаста аст. Дар таҷрибаи педагогӣ нақшаҳои гуногун арзи вуҷуд доранд   роҳбарӣ ба раванди таълимӣ – тарбиявӣ дар мактаб, корҳои тарбиявии алоҳида, дарс ва ғ. Нақшаҳои раванди педагогӣ муҳлати муайян доранд. Ҳамин тавр, нақша ин ҳуҷҷати ҷамъбастӣ, ки ҳар супориш ба кӣ, кай ва чӣ кор кардан дақиқ муайян карда мешавад.

Марҳилаҳои асосӣ – иҷро кардани раванди педагогӣ дар ин марҳала нисбати системае, ки дар худ унсурҳои муҳими ҷудогонаи бо ҳам алоқамандро мегирад, дида мебароем:

  • гузориш ва баёнкунии мақсад ва вазифаҳои ояндаи фаъолият;
  • хамкории омӯзгорон ва талабагон;
  • истифода бурдани методҳои пешбинишуда, воситаҳо ва шаклҳои раванди педагогӣ;
  • барпо намудани шароити мусоид;
  • иҷро кардани ҳавасмандгардонии гуногун нисбати фаъолияти мактабиён;
  • таъмини алоқамандии раванди педагогӣ бо дигар равандхо.

Самарабахшии ин раванд аз мақсаднокии гуногуни бо ҳам алоқадории байни унсурҳо, байни ҳамдигар мухолифат накардани онҳо вобаста аст. Масалан, дар рафти ҳамкории педагогӣ назорати фаврии педагогӣ ташкил карда мешавад, ки ин нақши хавасмандгардониро мебозад. Вале агар хусусият, ҷаҳд максади он ба мақсади умумӣ, бо хусусияти раванд итоат накунад, он гоҳ бисёри дигар вазъиятҳои аниқ ба ҳисоб гирифта намешавад, бахусус назорат аз ҳавасмандонӣ ба монеъшавӣ (боздорӣ) табдил меёбад.

Дар ин марҳала нақши бавуҷудоварии раванди педагогиро алоқаи бозгашт мебозад, ки ин асоси ҳалли фаврии идоракунии раванд, инкишоф ва мустахкамкунии он ба ҳар педагог зарур аст. Маҳз ба он такя намудан роҳи оқилонаи идоракунӣ ва худидоракунии фаъолият мебошад. Ба ин муносибат боз ёдовар мешавем, ки системаи раванди педагогӣ ба дараҷаи муайян системаи худтанзимдиҳӣ аст, зеро он машғулиятҳоро одамон бо хоҳиши шахсӣ ва озодона интихоб мекунанд.

Алоқаи фаврии бозгашт дар рафти раванди педагогӣ сари вақт барои иҷрои ислоҳкунӣ мувофиқат карда, ба ҳамкории педагогӣ имконият зарурӣ медиҳад.

Дар марҳалаи хотимавӣ силсилаи раванди педагогӣ бо ҷамъбасткунии таҳлил натиҷаҳои комёбшуда ба поён мерасад. Таҳлили натиҷаҳо барои он лозим ва заруранд, ки дар оянда хатоҳо такрор намеёбад, зеро дар ҳар марҳала хатоҳо бо сабабҳои муайян содир шуда меистанд. Бинобар ин таҳлили чуқури педагог ва худтаҳлилкунӣ ин роҳи дуруст ва баланди маҳорати педагогиро ташкил медиҳад.

Дар таҳлили натиҷаҳои муфиди дастрасшуда муҳимаш фаҳмидани сабабҳои аввалини хатохоро муайян кардан, дар куча, чӣ тавр, кай ва барои чӣ рӯй додани онҳоро аниқ донистан аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки бештарӣ хатоҳо аз сабаби ба раванди ташреҳ ва пешгуикуниро ба назар нагирифтани педагог cap мезанад. Чунин раванди таваккалӣ ба талабагон ба ғайр аз ноумедӣ, бой додани вақт, суст кардани рағбат чизи дигаре дода наметавонад.

Раванди педагогӣ ҳамчун система


Мархалахои раванди педагоги, мархалаи тайёри, мархилахои раванди педагоги, реферат бо забони точики.

ҚаблӣҚонунияти раванди педагогӣ
БаъдӣМаълумот дар бораи БОРОН