Маълумот дар бораи шаби лайлатуль кадр 2024

Дар ин мақола маълумот дар бораи шаби кадр, шаби лайлатул қадр, шаби қадр, шаби лайлатуль кадр 2024 маълумот оварда мешавад.

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат медонанд ва он шаб дуову ибодат зуд иҷобат меёбад.

Соли 2024 ин шаб, аз шаби 5-уми апрел ба рӯзи 6-уми апрел рост меояд, ки ин рӯз, рӯзи 27-уми моҳи Рамазон мебошад.

Мусулмонон бар он боваранд, ки дар он шаб Қуръони карим бар Пайғамбар Муҳаммад (с) нозил шудааст. Шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон мебошад, дар Қуръон баён гардидааст, ки он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад. Дар он шаб аввалин маротиба панҷ ояти сураи Алақ нозил шудааст. Донистани қадру азамати он шаб барои хелеҳо муяссар намегардад. Дар он шаб фариштагони Худованд ва ҳазрати Ҷабраил (ъ) барои ҳар коре бо амри Парвардигорашон фуруд меоянд ва то дамидани субҳ дар он шаб нуру баракат ва салому осоиш ҳукмфармост.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Фазилати шаби қадр дар Қуръон Худованд мефармояд:

إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ. وَمَا أَدْرَاكَ مَا لَيْلَةُ الْقَدْرِ. لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ. تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ مِنْ كُلِّ أَمْرٍ. سَلَامٌ هِيَ حَتَّى مَطْلَعِ الْفَجْرِ

«Мо ин (Қуръон)-ро дар шаби Қадр нозил фармудем ва ту чӣ донӣ, ки шаби Қадр чист? Шаби Қадр, бешак, аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Фариштагон ва Рӯҳ (Ҷабраил) дар он шаб барои ҳар коре ба амри Парвардигорашон фуруд меоянд (ва) он (шаб) то дамидани субҳ салому осоиш аст».

Ин сураи Қуръон бо номи «Қадр» номгузорӣ ва барои баёни фазилатҳои шаби Қадр нозил гардидааст, шабе, ки алтофи бепоёни Парвардигори олам бар бандагони рӯзадораш фуруд меоянд ва онҳоро дар зери пӯшиши лутфу навозишҳои худ қарор медиҳад.

Дар ин сура ба чаҳор хусусият ва фазилати шаби Қадр ишора шудааст:

  1. Нузули Қуръони карим дар ҳамин шаб оғоз гардидааст,
  2. он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад,
  3. фариштагон ва ҳазрати Ҷабраил (ъ) дар он шаб барои анҷоми корҳои муайяне бо амри Парвардигор ба замин меоянд ва
  4. он шаб то саҳар дар сар то сари олами офариниш садои салому дуруди офаридагони Худованд баланд мешавад ва дар он то субҳ нуру баракат ва амну осоиш ҳукмфармост.

Шабест, ки дар он ҷашни ҳамагонӣ дар сар то сари олам баргузор мегардад.

Худованд шаберо бо ин азамат дар ихтиёри рӯзадорон қарор дода, то омилҳои бақо ва ҷовидонагии номи нек ва саодату растагории ду ҷаҳонро барои худ фароҳам намоянд. Шабе, ки аз ҳазор моҳ, яъне аз як умри одамӣ, ки бештар аз ҳаштоду се солро дар бар мегирад, беҳтар ва боарзиштар мебошад. Пас агар рӯзадоре дар умри худ чандин шаби Қадрро бо тамоми маъно дарёбад, бегумон, хушбахттарин одам ҳамон кас аст.

Шабе, ки баракоти он аз ҳаштоду се сол умри бо тоату ибодат беҳтар аст, чӣ расад ба умри беҳудаву пуч. Одамоне, ки умреро дар беҳудагӣ ва аз қафои корҳои ботил гузаро-нидаанд, бояд бештар бикӯшанд, то аз ин моҳ ва ин шаб хуб истифода намоянд. Шояд гузаштаи худро дар зарфи як моҳ ва ё дар як шаб ва як чашм пӯшидан ҷуброн намоянд ва дар пеши Парвардигорашон сарбаланд гарданд.

Шабе, ки агар банда қадри онро бо истифода аз баракоти маънавиаш дарёбад, фардои он барояш рӯзи нав ва ҳаёти дигар аст, ба гуфтаи Саъдӣ:

Муборактар шабу хуррамтарин рӯз,
Ба истиқболам омад бахти пирӯз.
Дуҳул зан, рав башорат гӯ ду навбат,
Ки дӯшам қадр буд, имрӯз наврӯз!

Фазилати шаби қадр дар аҳодис

Оиша (р) мефармояд, ки «Паёмбар (с) даҳ рӯзи охири моҳи Рамазонро (ки шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи он мебошад) зинда медошт ва аҳли худро низ бедор месохт ва аз наздикии заношавҳарӣ канора меҷӯст.

Шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон мебошад. Паёмбар (с) мефармояд: «Онро дар шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон биҷӯед». Ҳикмати ба таври дақиқ муайян нагаштани он шаб дар он аст, ки бандаи мӯъмин тамоми он даҳ шабро дар зикру ибодат ба сар барад ва ба хотири он як шаб даҳаи охирро пурра эҳё намояд. Шояд яке аз ҳикматҳои суннат будани эътикоф дар даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон низ ҷидду ҷаҳде барои эҳёи даҳаи охири он бошад.

Шаби кадр

ҚаблӣЗан – модар (иншо)
БаъдӣШеър дар бораи Рамазон