Синоним (Муродиф)

Синоним чист? Муродиф чист? Маълумот дар бораи Синоним ё Муродиф. Синоним дар забони точики >>

забони точики, забони тоҷикӣ

Ду ва зиёда калимаҳое, ки як маъно ё маъноҳои наздикро мефаҳмонанд, муродиф ном доранд. Таркиби овозии муродифҳо гуногун, вале маънояшон ба ҳам наздик аст: ҷаҳон, дунё, гетӣ, даҳр; нодон, сода, гӯл, гумроҳ; хона, кулба, ошён.

Муродифҳо боигарии забон буда, ба воситаи онҳо тобишҳои гуногуни маъноӣ ифода меёбанд.


Баъзе муродифҳо ҷуфтистеъмоланд: азобу шиканҷа, шоду хуррам, бахту саодат. Дар аксари онҳо ҷои калимаҳо устуворанд. Масалан, муродифи ҷуфтистеъмоли боғу роғро ба тариқи роғӯ боғ истифода намекунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Машқ. Монандӣ ва фарқи маъноии калимаҳои ишоратшударо дар ҷумлаҳои зерин муайян кунед.

1.Фиребгарӣ, мунофиқӣ, золимӣ дар дарбори Худоёрхон нафрату ғазаб ва эътирози Анварро нисбат ба сохти феодалӣ зиёд мекунад (С.Улуғзода). 2.На танҳо дӯст, ҳатто душман ҳам, агар кӯру аъмо набошад, пас аз тамошои ин шаҳрҳои замони мо эътироф мекунад, ки сухани обод дар таркиби номи инҳо айнан муносиби ҳол омадааст. 3.Асо ва кампир бо аламу яъс гиряю нолаи бисёре карданд. Доду фарёди кампири бечора ҷавони бетаҷрибаро аввал гаранг кард ва сонияе чанд ӯро ба гирдоби тардид гузошт…

Ҷалол Икромӣ


Луғат:

  • эътироз – эродгирӣ, норозигӣ, муқобилат
  • аъмо – кӯр, нобино
  • яъс – ноумедӣ, маъюсӣ
  • тардид-дудилагӣ, шубҳа
ҚаблӣКалимаҳои якмаъно ва сермаъно
БаъдӣАнтоним (Мутазод)