Қонунияти раванди педагогӣ

Дар қонуният ёдовар мешавем, ки алоқамандии объективӣ, зарурат, воқеият, такрорёбӣ инъикос меёбад. Ҳатто бидуни тадқиқоти махсус гуфтан мумкин, ки бо ҳамин мураккабӣ систе­маи калон ва динамикиаш раванди педагогӣ алоқамандии гуно­гуни зиёд ва вобастагӣ зоҳир мекунад. Монанди ин системаҳо дар дарсҳо қонунияти дигар тасвир карда намешавад.

Маълум, ки барои омӯхтани алоқаи намуди муайян система ҷудо мегардад. Тадқиқоти ҳамаи алоқаҳо барпо намудани системаи зиёдро талаб мекунад. Тасаввуроти умумӣ дар бо­раи алоқаҳои муҳими раванди педагогӣ система медиҳад. Ра­ванд дар сатҳи қисмати калон ва алоқаи байни онҳо таҳлил кар­да мешавад.

Дар байни қонунияти раванди педагогӣ инҳоро нишон до­дан мумкин аст:

1.Қонунияти динамикии раванди педагогӣ. Бузургии ҳамаи дигаргуниҳои минбаъда аз бузургии дигаргуниҳои давраҳои пештара вобаста аст. Ин ба он маъно, ки раванди педагогӣ ҳамчун воситаи инкишофи ҳамкории байни омӯзгор ва тарбиягирандагон таҳти мавҷудияти хислати тадриҷан ҳар қадар болоравии ноилшавӣ байни ҳамон қадар вазнбардории натиҷаи охирин аст. Натиҷаи амали қонун дар ҳар қадам ба талаба барои комёбиҳои баланд имкон медиҳад.

2.Қонунияти инкишофи шахсият дар раванди педагогӣ. Суръат ва сатҳи ноилшавии инкишофи шахсият аз инҳо иборат аст:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

а) ирсият;

б) муҳити тарбия ва таълим;

в) дохилгардӣ ба фаъолияти таълимӣ – тарбиявӣ;

г) истифодаи воситаҳо ва тарзи таъсирбахши кори педагогӣ.

3.Қонунияти идоракунии раванди таълимӣ – тарбиявӣ. Самаранокию таъсирбахшии педагогӣ вобаста аз:

а) сермахсулии алоқаи бозгашт байни талаба ва педагог;

б) бузургӣ, хулқ ва душвор будани таъсири ислоҳкунӣ ба тар- биягиранда.

4.Қонунияти ҳавасмангардонӣ. Маҳсулнокии раванди педагогӣ ба инҳо вобастаанд.

 а) амали ботинии мотивҳои фаъолияти таълимӣ – тарбиявӣ;

б) сермаҳсулӣ, хулқ ва ҳавасмандии зоҳирии бамаврид.

  1. Қонунияти ягонагии ҳисси мантиқӣ ва амалӣ дар ра­ванди педагогӣ. Самаранокии раванди таълимию тарбиявӣ вобаста аст аз:

а) сермаҳсулӣ, сифат ва ҳисси фаҳмидагирӣ;

б) мантиқан дарк кардани фаҳмидагирӣ;

в) мантиқан истифодабарии чизи даркшуда.

6.Қонунияти ягонагии фаъолияти зоҳирӣ (педагогӣ) ва ботинии (фаҳмидагирӣ). Афзалияти раванди педагогӣ во­баста аст аз:

 а) сифати фаъолияти педагогӣ;

 б) сифати фаъолияти шахсӣ дар таълиму тарбияи хонанда.

7.Қонунияти ба раванди педагогӣ вобаста. Ҷараён ва натиҷаи раванди таълимӣ – тарбиявӣ вобаста аст аз:

а) та­лаботи ҷомеа ва шахсият;

б) имконият (моддӣ — техникӣ, иқгисоди ва ғ.), ҷомеа;

 в) шароити ҷоригардии раванд (маънавӣ – руҳӣ, санитарӣ – гигиенӣ, эстетикӣ ва дигарҳо).

Барои амиқ омӯхтани алоқамандии амалкунандаи раванди педагогӣ тадқиқот давом дорад.

Раванди умумии педагогӣ


Конунияти раванди педагоги, Конунияти динамикии раванди педагоги, Конунияти инкишофи шахсият дар раванди педагоги, Конунияти хавасмангардони, Конунияти ягонагии хисси мантики ва амали дар ра­ванди педагоги, реферат аз фанни педагогика бо забони точики.

ҚаблӣЯклухтии раванди педагогӣ
БаъдӣМарҳалаҳои раванди педагогӣ