Маълумот дар бораи БОРОН

Борон, бориши атмосфериест, ки аз абрҳо ба намуди қатраҳои моеъи кутрашон аз 0,5 то 6-7 мм меафтанд. Қатраҳои қутрашон зиёда аз 6-7 мм ҳангоми ба Замин афтидан ба қатраҳои хурд тақсим мешаванд. Қатраҳои ҷудогонаи Борон дар сатҳи моеъ халқаҳоро ба вуҷуд оварда, дар сатҳи ҷисмҳои хушк пайи тар мемонанд. Шиддати Борон аз 0,25 мм/соат (Борони сим-сим) то 100 мм/соат (Борони сел) шуда метавонад.


Тарзи пайдоиши Борон

 Тарзи пайдоиши Борон чунин аст: Борон аз абрҳои омехта (бештар аз абрҳои серқабати боронӣ ва серқабати баланд), ки дар ҳарорати пасттар аз 0°С қатраҳои сардшуда ва зарраҳои ях доранд, мерезад. Чандирияти сершавии бухори об дар қатраҳо нисбат ба зарраҳои ях (дар ҳарорати яксон) зиёд аст. Аз ин сабаб сершавии абр нисбат ба зарраҳо (кристаллҳо) афзуда, боиси афзоиши кристаллҳо ва бухори қатраҳо мегардад. Кристаллҳо калону вазнин шуда, аз абр меафтанд ва қатраҳои сардшуда ба онҳо мечаспанд. Онҳо дар қабатҳои поини ва таҳи абр (ҳарорати 0°С) об шуда, ба қатраҳои Борон табдил меёбанд. Пас аз Борон офтоб баромада, қатраҳои Боронро мунаввар мекунад ва дар осмои тиру камон ба вуҷуд меояд.

Намудҳои Борон гуногунанд: Борони сард, Борони ях, Борон бо барф, Борони сим-сим, Борони сим-сими сард, Борони сел, Борони сел бо барф ва ғайра.

Борони сард – бориши моеъ ба намуди қатраҳои қутрашон аз 0,5 то 5 мм, ки дар ҳарорати манфӣ (0 -10, баъзан то -15°С) ба ашё афтода, ях мебанданд ва дар натиҷа яхча ба вучуд меояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Борони ях – бориши сахт, ки дар ҳарорати манфӣ (0-10, баъзан то -15°С) ба намуди гулулачаҳои сахти яхи қутрашон 1-3 мм меафтанд. Гулулачаҳо ҳангоми ба ашё бархӯрдан шикаста, оби дохилашон мерезад ва яхча пайдо мешавад.

Борон бо барф – борише, ки ба намуди омехтаи қатраҳо ва барфакҳо дар ҳарорати мусбат меафтанд. Агар чунин Борон дар ҳарорати манфӣ ба амал ояд, онҳо ба ашё часпида ях мебанданд, ки боиси пайдоиши яхча мегарданд.

Борони сим-сим – бориши моеъ (дар ҳарорати мусбат) ба намуди қатраҳои ниҳоят хурд (қутрашон <0,5 мм) меборад. Он сатҳи хушки ҷисмҳоро баробар ва мунтазам тар намуда, дар сатҳи об ё моеъ ҳалқаҳоро ба вуҷуд намеоварад.

Борони сим-сими сард – бориши моеъ ба намуди қатраҳои ниҳоят хурди (қутрашон <0,5 мм) дар ҳаво муаллақ, ки дар ҳарорати манфии ҳаво (одатан, 0 – 10 °С, баъзан  то -15°С) афтида, дар сатҳи ашё яхчаро ба вуҷуд меоранд.

Борони сел – бориши кӯтоҳмуддат ба намуди Борон (баъзан барфи тар), ки бо шиддати зиёдаш (то 100 мм/соат) фарқ мекунад. Ин намуди Борон дар массаҳои ноустувори ҳавои хунук ё дар натиҷаи аз ҷое ба ҷое кӯчидани қисмҳои моддаи моеъ ё газ (конвексия) ба вуҷуд меояд.

Борони сел бо барф – бориши омехтаи дорои хусусияти сел, ки ба намуди омехтаи қатра ва барфакҳо (одатан, дар ҳарорати мусбат) меафтанд. Дар ҳарорати манфӣ боридани чунин Борон боиси пайдоиши яхча мегардад.

Борони осмони беабр ва мавҷуд будани офтобро гургборон меноманд.

Барои пайдоиши Борон шароити махсуси ҳароратӣ ва қабати атмосферӣ зарур аст. Масалан, сайёраҳои Замин ва Ти­тан (радифи Зуҳал) чунин шароитро доранд. Дар қабатҳои поёнии атмосфераи ин сайёраҳо моддаҳо ду ё се ҳолати агрегата доранд. Дар Замин об дар се ҳолати агрегата: ях, об, буғ мешавад. Дар шароити Титан Боронҳои метанӣ ба вуҷуд меоянд, чунки метан дар ҳолати ҳам мо­еъ ва ҳам буғ мавҷуд аст. Дар Миррих пештар Боронҳои обӣ мебориданд. Дар Зуҳра Боронҳои кислотавӣ меборанд, чун­ки абрҳои он асосан аз кислотаи сулфат иборатанд. Боридани Боронҳои гуногун дар атмосфераи ҷирмҳои осмонӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба Замин инчунин Боронҳои кисло­тавӣ ва шиҳобӣ низ борида, баъзан Боронҳои аҷоиб ба амал меоянд, ки дар вақти боридани онҳо аз осмон ҳар гуна ашё, ғалладона, меваву сабзавот, ҳашарот, моҳӣ ва хазандаҳо ва ғайра меафтанд. Муддати тӯлонӣ наборидани Борон бои­си хушксолӣ шуда, ба кишоварзӣ зарари калон мерасонад.

Мо ва оинаи нилгун (қоидаҳои тамошои телевизор)


Адабиёт: Астапенко П. Д. Вопросы о погоде. Ленинград, 1987.

ҚаблӣМарҳалаҳои раванди педагогӣ
БаъдӣШеърҳои ошиқӣ аз Камоли Хуҷандӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед