Миёнравии молиявӣ ва миёнравони молиявӣ

Таҷриба нишон медиҳад, ки раванди якҷоясозӣ ва ҷобаҷогузории захираҳои молиявӣ, ки ба воситаи низоми молиявӣ ба роҳ монда мешаванд, бевосита бо амалиёти бозорҳои молиявӣ ва фаъолияти инистутҳои молиявӣ алоқаманд мебошанд. Агар вазифаи инистутҳои молиявӣ таъмин намудани ҷобачогузории самараноки воситаҳо аз соҳибашон ба қарздиҳандагон бошад, пас вазифаи бозорҳои молиявӣ дар ташкили фуруши дороиҳо ва уҳдадориҳои молиявии байни харидорон ва фурушандагони захираҳои молиявӣ мебошад. харидорон ва фурушандагон дар бозорҳои молиявӣ се гуруҳ субъектҳои иқдисодӣ шуда метавонанд хонавода, шахсони ҳуқуқӣ, давлат.

Субъетҳои иқтисоди дар доираҳои мушаххас дар ҳолати мувозинаи буҷети худ ё касри он ва ё барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот қарор дошта метавонанд. Дар ду ҳолати охирин талабот барои қарзгирӣ, ё ҷойгиркунии захираҳои молия­вии мувақатан озод бо шартҳои судманд ба вуҷуд меоянд.

Муносибати тарафайни байни фурушандагону харидорон метавонад бевосита ё бавосита сурат гирад. Дар ҳолати якум маблағгузории бевосита, дар ҳолати дуюм маблағгузории ба­восита истифода бурда мешавад.

Дар бозорҳои молиявӣ ҳама вақт мутахассисони дахлдор брокерҳо, дилерҳо, ва бонкҳои сармоягузорӣ иштирок менамоянд. Брокерҳо коғазҳои қимматнокро намехаранд ва намефурушанд, онҳо танҳо фармоиши мизоҷони худро иҷро менамоянд. Дар фарқият аз брокерҳо, дилерҳо аз номи худ ва аз ҳисоби худ когазҳои қимматноки муайянро харидорӣ ме­кунанд ва ба фурӯш мегузоранд. Бонкҳои сармоягузорӣ барои ташкили ҷойгиркунии аввалаи уҳдадориҳои молиявӣ кумак менамояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Маблағгузорӣ ба воситаи миёнаравон (инистутҳои моли­явй) бо роҳи ғункунии воситаҳои пулии муваққатан озоди субъ­ектҳои иқтисодии гуногун ва аз номи худ пешниҳод намудани онҳо ба субъектҳои дигари ба чунин воситаҳо эхтиёҷдошта бо шарти барои худ фоиданок сурат мегирад.

Ба хизмати миёнаравони молиявӣ, ҳам қарзгирандагон ва ҳам қарздиҳандагон (кредиторон) ҳавасманданд. Бозори миёнаравони молиявиро ба бозори чакана мансуб медонанд. Дар адабиёти иқтисодӣ онҳо ҳамчун гурӯҳҳои депозита (бонкҳои тиҷоратӣ) ва ғайридепозитӣ гурӯҳбандӣ мешаванд. Миёнаравони асосии молиявӣ дар ин бозорҳо бонкҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои суғуртавӣ, фондҳои нафақа, фондҳои сар­моягузорӣ, ширкатҳои венчурӣ, ширкатҳои молиявӣ баромад менамоянд.

Дороиҳои ширкатҳои суғуртавӣ ба дороиҳои бонкҳои тиҷоратӣ бисёр монанданд, лекин онҳо аз ҳисоби уҳдадориҳои шартӣ маблағгузорӣ мегарданд. Уҳдадории ширкатҳои суғуртавӣ дар вақти рӯй додани воқеаҳои муайян (ҳолати суғуртавӣ), ки вақти эхтимолияти рӯй додани он дар вақти имзо намуда­ни шартномаи суғуртавӣ номаълум мебошад, ба уҳдадории ҷорӣ табдил меёбад. Пассивҳоӣ бонкҳои тиҷоратӣ метавонанд бо хоҳиши пасандозчиён иваз шаванд, пассивҳои ширкатҳои суғуртавӣ бошанд танҳо дар ҳолати руй додани ҳодисаи суғуртавӣ иваз мегарданд.

Фондҳои нафақавӣ Дар баробари ширкатҳои суғуртавӣ яке аз намудҳои миёнаравони молиявӣ мебошанд, ки бо ғун­кунии уҳдадориҳои дарозмудат машғуланд. Дар ҷаҳони имруза нақшаҳои гуногуни ҷой доштани онҳо мавчуданд. Лекин шартҳои умумӣ барои ҳама якнамуд мебошанд пасандоз ба фонди нафақавӣ бо дороиҳои гуногуншакл то вақти ба вуҷуд омадани уҳдадорӣ дар назди пасандозгузор, яъне то саршавии пардохтӣ нафақа маблағгузорӣ мешавад.

Фондҳои сармоягузорӣ ба ду категория ҷудо мешаванд пушида ва кушода. Фондҳои сармоягузории шакли кушода шумораи маҳдуди саҳмия ва захираҳои пешакии чу­нин фондҳоро доро мебошанд, ки чун қоида наметавонанд аз ҳисоби барориши иловагӣ зиёд карда шаванд. Фондҳои сармоягузории шакли кушода дар асосӣ принсипҳои дигар амал менамоянд. Ба воситаи ширкати идоракунанда саҳмияи онҳо мунтазам бо нархи дороии софи онҳо (нархи бозори дороиҳо тақсим ба шумораи саҳмияҳо) бароварда ва ба фурӯш гузошта мешаванд. Амалиётҳои миёнаравии асосии фондҳои сар­моягузорӣ хизматрасонии амалиётӣ, пардохт ва сертификатсия мебошанд.

Ширкатҳои венчурӣ (аз калимаи англисии venture таввакал) яке аз шаклҳои бизнеси таваккалии илмию техникӣ ё технологи мебошад. Аксари корхонаҳо (соҳибкорон)-и тозабунёд аз сабаби сатҳи ниҳоят баланди таваккал дар вақти оғоз на­мудани бизнеси худ наметавонанд якбора қарзи бонки гиранд. Дар чунин вазъият ба ёрии онҳо ширкатҳои венчурӣ меоянд, ки ба сармояи соҳибкор маблағгузорӣ менамоянд ва инчу­нин ба сифати машваратчиёни баландихтисоси соҳибкор дар табдилдиҳии идеяҳои иноватсионии ӯ ба лоиҳаҳои воқеии аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок баромад менамоянд. Ширкатҳои вен­чурӣ муаммоҳои идоракунӣ ва маблағгузориро (қарздиҳиро) дар ҳамбастагии таҷрибаи идоракунӣ ва иштирок дар сармоя самаранок ҳал менамоянд.

Бо вуҷуди ин дар ҷараёни рушди ширкати нав ин муаммоҳо аҳамияти худро гум мекунанд ва рақобатпазирии бонкҳо нисбат ба ширкатҳои венчурӣ меафзоянд. Бонкҳо дорои бартарии раднашавандаанд, аз ин рӯ ширкатҳое, ки давраи ташаккулро паси cap карданд қарзи бонкиро нисбат ба сармояи вен­чурӣ афзалтар меҳисобанд.

Хизматрасониҳои ширкатҳои венчурӣ интихоб, сертификатсиякунонӣ, пешниҳоди воситаҳо, мониторинг, иштирок дар идоракунӣ, инчунин ташаккули бозорпазирӣ ва таҳвили (трансформатсияи) талаботҳо мебошанд.

Ширкатҳои молиявӣ ба додани қарзҳои хавфи ниҳоят баланд, лекин Дар баробари ин доимо таъминотдошта махсусгардонидашуда мебошанд. Ширкатҳои молиявӣ ба шир­катҳои маблағгузор харид, пешниҳодкунандаи қарзҳои хурд ба шахсони воқеӣ ва қарзҳои тиҷоратӣ ва лизинг ҷудо мешаванд. Сарчашмаи маблағгузории онҳо барориши уҳдадориҳои депозитии бетаъмини кутоҳмудат қоғазои тиҷоратӣ мебошанд. Ба амалиётҳои миёнаравии онҳо интихоб, пешниҳоди воситаҳо ва таҳвили (трансформатсияи) талабот мебошанд.


Бозори молияви ва иштирокчиёни он, Миёнравии молияви ва миёнравони молияви, Фондхои нафакави, Фондхои сармоягузори, Ширкатхои венчури бо забони точики, реферат, миёнарави молияви, миёнаравони молия.

ҚаблӣОмӯзиши забони англисӣ — Муомила ва ҷалб намудани диққат
БаъдӣБозори молиявӣ ва таркиби он