Таваррум ё инфлятсия чист?

молия, бо забони точики

Таваррум дар тӯли таърих кишварҳоро ба ноустувории иқтисодӣ рӯбарӯ гардонидааст. Бонкҳои марказиро бошад “даррандагони таваррум” (inflation hawks) меноманд.Сиёсиюн бо ваъдаҳои мубориза зидди таваррум ва “идораи” он ба сари қудрат омадаанд, ҳатто Гералд Форд – президенти ИМА, дар соли 1974 шиори “Марг бар душмани мардум”- ро партофта буд.

   Таваррум (аз лот.inflatio – варам кардан)  – ин афзоиши нақдӣ ва ғайринақдии пулҳои даргардишбуда назар ба арзаи ҳақиқии молу хадамот мебошад.  Ё ба ибораи дигар, таваррум – ин беқадршавии пул, бинобар сабаби эмиссияи аз талабот бештар, аст.Таваррумро афзоиши аз андоза зиёди нархи мол ва коҳиши музди ҳақиқии меҳнат ҳамроҳӣ мекунад.

    Одатан таваррумро чунин тавсиф медиҳанд:

  • коҳиши қудрати хариди пул/беқадршавии он
  • раванди дарозмуддати афзоиши нарх
  • пайвастагӣ, ба гунаи доимӣ боло рафтани нарх

Ҷавҳари асосии таваррум ин ба гунаи доимӣ ва пайваста(мутаасил) боло рафтани нархҳо аст, ки ба ҳамаи бозорҳо, чи молӣ ва чи молиявӣ ва ба худи иқтисод дар умум таъсири худро мегузорад, ки нишони коҳиши арзиши пул аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Афзоиши арзиши пул аз қудрати хариди он вобаста аст, яъне афзудани қудрати хариди воҳиди пулӣ ба коҳиши сатҳи умумии нархҳо дар иқтисод оварда мерасонад.Ин ҳодисаро дефлятсия меноманд.Тамоюли муқобил – коҳиши арзиши пул, коҳиши қудрати хариди арзиши воҳиди пулиро ифода мекунад, ки ба афзоиши сатҳи умумии нарх дар иқтисод оварда мерасонад.Ин ҳодисае, ки дар он арзиши пул мекоҳад ва қудрати хариди он кам мешавад таваррум ва ё ба истилоҳи русӣ – инфляция аст.

Арзиши пулҳои имрӯзӣ бояд аз рӯи назарияи муозинати иқтисодӣ баррасӣ карда шаванд (Р.2). Муозинати арза-тақозо ба пул дар ин назария дар баробари арза-тақозо ба молҳои дигар дида баромада мешавад.Фарз мекунем, ки давлат ду маротиба шумораи пулро афзоиш дод.Аз он ҷо ки пул дар ҳолате арзиш дорад, ки бо он метавон молу хадамот ба даст овард, пас дар инҷо дар иқтисод чизе тағйир намекунад, ба ҷуз он ки нарҳо ду маротиба афзоиш меёбанд.Дар инҷо танҳо нархҳои нисбӣ, ки тавассути индексатсия бо дарназардошти таваррум ҳисобида шудаанд, аҳамият доранд, аммо сатҳи нарх ягон нақшро намебозад.

Омилҳои пулӣ ва сохтории (ғайрипулӣ) таваррумро аз ҳам фарқ мекунанд:

пулӣ: номувозинатии тақозои пул ва миқдори мол, вақте ки тақозо

– ба молҳо нисбат ба бузургии фурӯш бештар аст (норасоӣ ё дефисит); афзоиши даромад назар ба хароҷоти истеъмолӣ; норасоӣ дар буҷаи давлат (эмиссияи барзиёди пул): афзудани музди меҳнат назар ба андозаи истеҳсолот ва маҳсулнокии меҳнат;

– сохторӣ (ғайрипулӣ): вайроншавии сохтори хоҷагии халқ, дар дуруст танзим накардани соҳаҳои истеъмолӣ ифода меёбад; камбудӣ дар системаи идоракунии иқтисодӣ, номувозинатӣ.


Таваррум метавонад, ки таъсири мусбӣ ва манфӣ рӯи иқтисоди кишварҳо гузорад.Натиҷаҳои манфии таваррум ин: коҳиши арзиши аслии пул бо мурури замон, номуайянии оқибатҳо ва ояндаи таваррум, ки монеа барои инвеститсия ва пасандозҳо шудан метавонад, ҳангоми сатҳи баланди таваррум, шояд норасоии (дефисит) молҳо бавуҷуд ояд ва мардум аз тарс ба харҷ кардани пасандозҳои худашон оғоз мекунанд, ки ба болоравии нарх дар оянда мерасонад. Таваррумие, ки аз дараҷаи сатҳӣ гузаштааст ба иқтисод таъсири манфӣ мерасонад, яъне бо боло рафтани фоизи таваррум он характери вайронкоронаро ба худ касб мекунад.Аммо пеш аз ҳама таваррум қудрати хариди пули миллиро коҳиш медиҳад, ки дар ин вазъият метавонад, пул функсияҳои худро аз даст диҳад.Ин ҳама монади садде барои рушди  иқтисод хоҳанд буд.

Дар замони муосир бисёре аз иқтисоддонҳо бар ин боваранд, ки таварруми устувор, паст ва пешгӯишаванда барои иқтисод хеле хуб аст, яъне таъсири мусбӣ мерасонад.Агар таваррум паст ва пешгӯишаванда бошад, пас имконияти бурд кардан дар бастани шартномаҳо ва танзимнамоии нарх бештар аст.Мардум аз он ки медонанд, дар оянда нархҳо баланд хоҳанд шуд, онҳо ба захиранамоӣ ва хариди бештар талош мекунанд, ки онҳоро аз лиҳози иқтисодӣ фаъол мегардонад.Бонкҳои марказӣ сиёсати худро бар пояи таварруми паст ва устувор ба роҳ мондааанд, ки онро “ҳадафгузории таваррум” ( inflation targeting ) меноманд.  Ҳамчунон аз сӯйи бонкҳои марказӣ таваррум дар сатҳи  > 1   то  < 10 нигоҳ дошта мешавад, то иқтисодро “мурда” нагардонанд.

Дар бештари кишварҳои ҷаҳон таварруми молӣ чун муҳимтарин нишондиҳандаи макроиқтисодӣ, ки сатҳи инвеститсия ва тақозои истеъмолӣ, ставкаи фоиз, мубодилаи асъор ва дигар соҳаҳои иҷтимоиро муайян шинохта шудааст.

Таварруми иқтисодӣ ҳамеша афзоиши нархро дар пай дорад, вале на ҳамаи афзоиши нархҳо ин таваррум аст.Нархҳо метавонанд, ки бо сабаби  набудани ҳосил, лаппишҳои сиклӣ ё афзудани баҳои ашёи хом тағйир ёбанд.Ба сабабҳои афзоиши нархҳои инфлятсионӣ метавон ҳарифии монополии нарҳо; пуркунии буҷаи давлат тавассути эмиссияи пул  ва ғайраро номбар кард.

ҚаблӣХоини миллати Тоҷик Файзуло Хоҷаев
БаъдӣШеърхо аз Аскар Хаким