Бозиҳои олимпӣ чӣ гуна пайдо шудаанд?

варзиш, бозихои олимпиДар Юнони Қадим асосгузорони бузургтарин Бозиҳои олимпӣ худоён, шоҳон, ҳукмфармоён ва қаҳрамононро мепиндоштанд. Олимпиадаи машҳури қадима соли 776-и пеш аз милод гузашта буд. Бозиҳои охирин дар соли 394 то милод баргузор шуда буданд. Барои мо ҳатто номи ғолиби он бозиҳо низ маълум аст. Биёед, мо онро дар ёд медорем. Бо ин ном таърихи Ҳаракати олимпӣ оғоз меёбад. Номи ӯ Корэб – атлет  аз шаҳри Элида мебошад. Олимпиадаҳо одамонро шӯҳратманд сохтанд. Онҳо камолоти бадан ва рӯҳро таҷассум менамуданд, одамони мутаносибан ташаккулёфтаро ошкор мекарданд.

Нишони панҷҳалқадори бозиҳои олимпӣ чиро ифода мекунад? Инҷо хонед <<

Дар шаҳри кадими Олимпия мусобиқаҳо ва бозиҳои олимпӣ ташкил карда мешуданд. Онҳо дар 4 сол як маротиба гузаронида мешуданд. Дар Бозиҳои олимпӣ варзишгарони юнонӣ дар мусобиқаҳои давидан, ҷаҳидан, партофтани ҳалқа, гӯштингирӣ, муштзанӣ, мусобиқаҳо дар аробачаҳо қувваи худро месанҷиданд.

Пеш аз мусобиқаҳо варзишгарон барои риоя намудани қоидаҳои бозиҳои варзишӣ қасам ёд мекарданд. Ба Бозиҳои олимпӣ дурӯғгӯён, дуздон, фиребгарон роҳ дода намешуданд. Иштирок дар Бозиҳои олимпӣ тараф ва мусъулияти бузург ба ҳисоб мерафт. Ҳар як варзишгар бояд даҳ моҳ дархона ва як моҳ дар Олимпия машқ мекард.

Ҳангоми Бозиҳои олимпӣ ҷангҳо қатъ мешуданд. Бозиҳои олимпӣ барои гирд овардани одамони тамоми дунё, новобаста ба нажод, дин, ақидаи онҳо пешбинӣ шуда буданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳар боре, ки дар болои майдонҳои варзишӣ парчами чун барф сафед бо панҷ ҳалқаи пайваста ва гулхани олимпӣ афрохта мешуд, ҳама бо шавқи беандоза Бозиҳои олимпиро тамошо мекарданд. Одамони зиёде мехостанд дар ин мусобиқа иштирок кунанд. Тамошобинон дар болои теппаҳо нишаста, баромади варзишгаронро дастгирӣ мекарданд. Ба Бозиҳои олимпӣ шоирон, нависандагон, файласуфон, ҳайкалтарошон ташриф меоварданд. Қаҳрамони олимпӣ ба шаҳри худ бо аробачаи дучарха, дар либоси шоҳона ва бо гулдастаҳо дохил мешуд, ба шаҳр на аз дарвозаи шаҳр, балки аз сӯрохии девор ворид мешуд, то ки ғалабаи доимӣ ба шаҳр дохил шавад.

Мусобиқаҳои қадима намуди махсуси фаъолият – варзишро ба миён оварданд. Варзиш машқҳо ва мусобиқотро дар бар мегирад. Мусобиқаҳо на танҳо барои муайян намудани ғолибон, балки барои санҷидани малакаҳои ҷисмонии одамон пешбинӣ шудаанд.

Мо бо шумо ба Олимпияи қадим саёҳат мекунем ва шоҳиди он мешавем, ки Бозиҳои олимпӣ дар қатори бисёр мусобиқахои варзишӣ гузаронида мешаванд. Шумо мепурсед – Ин қадар мусобиқоти зиёд барои чӣ гузаронида мешуд? Ба шумо ҷавоб медиҳем: Барои беҳтар гардонидани саломатии сокинони давлат. Чаро не? Дар он давраҳо зистан барои одамон осон набуд. Тиб он қадар ривоҷу равнақ наёфта буд. Аз ин рӯ мардум ба саломатии худ умед мебаст. Вале бе тарбияи ҷисмониву варзиш онро ба даст овардан мумкин нест. Ҳамин тавр не?!

Ба болои ин одамони қадим (боиси таассуф аст, ки одамони муосир низ) зуд-зуд ҷанг мекарданд. Одамон зуд фаҳмиданд, ки машқҳои ҷисмонӣ на барои хубтар ҷанг кардан, балки барои дӯстии мустаҳкам, вохӯриҳои пай дар пай, муошират, омӯхтани маданияти ҳамдигар, умуман, дидани он, ки дар назди ту на душман, балки ҷавони сулҳхоҳ бо чеҳраи кушода меистад, мусоидат менамоянд. Ба ғайр аз ин одамон ба бозиҳо ва умуман, ба варзиш баҳои баланд медоданд, медонистанд, ки варзиш инсонро рӯҳбаланд мегардонад ва ин бо рушди ақлӣ, фарҳангӣ ва руҳии инсон сахт дар иртибот аст.


бозихои олимпи чи гуна пайдо шудаанд?, маънои бозихои олимпи, пайдоиши бозихои олимпи

ҚаблӣЗафарнома
БаъдӣНамунаҳо аз рубоиёти Абуалӣ ибни Сино

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед