Моҳият ва хусусияти фаъолияти бозори туристӣ

Бозор- воситаи мутақобилаи байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи маҳсулот дар шакли хариду фурӯши мол мебошад. Ғайр аз ин соҳаи амалӣ гардонии муносибати пулию молӣ ва ҳамаи маҷмӯи воситаҳо ва усулҳои ташкилии меъёрҳои ҳуқуқӣ, сохтор ва дигар фаъолияти муносибатҳоро таъмин менамояд. Зери мафҳуми бозори хизматрасонӣ, системаи муносибатҳои хариду фурӯши тоҷиронозоди иқтисодӣ ва харидорон фаҳмида мешавад. Бозори хизматрасонӣ аз рӯи ду хусусият аз дигар бозорҳо фарқ мекунад:

  1. Хизматрасонӣ то лаҳзаи фароҳам шудан, вуҷуд надорад, яъне то бархурдор шудан аз хизматрасонӣ қиёс ё баҳо додан номумкин аст. Аз ин лиҳоз қиёс намудан танҳо баъди ба даст даровардани фоида анҷом мегирад;
  2. Хизматрасонӣ ба зоти худ дараҷаи баланди номуайянӣ дорад, зеро муштариро дар вазъияти номусоид мегузорад ва барои фурӯшандагон интиқоли хизматрасонӣ дар бозор мушкил мегардад.

Дар мафҳуми васеъ бозори туристӣ ин ҷое мебошад, ки дар он хариду фурӯши маҳсулоти туристӣ (роҳхатҳои сайр, хизматрасонии ҷудогонаи туристӣ ё маҳсулот барои туристҳо) анҷом мегирад. Бояд зикр намуд, ки чунин созиш наҳама вақт дар як ҷо анҷом мегирад. Он метавонад бидуни ҷалби фурӯшанда ва харидори маҳсулоти туристӣ сурат гирад. Масалан тариқи барқияҳо, факс, занги  телефон ё аз рӯи чек ва ғайра. Ин шаҳодати он аст, ки бозори туристӣ бо ҷои муайян ва  минтақаи  географӣ маҳдуд намегардад.

Як зумра коршиносон бозори туристиро ба ҳайси фишанги ҳамоҳангсозии манфиатҳои харидорон ва фурӯшандагони маҳсулоти туристӣ мебинад. Ғайр аз ин бахши арза намудани маҳсулоти он ва иқдомоти муносибатҳои иқтисодӣ байни харидорон ва фурӯшандагони маҳсулоти туристӣ ба вуҷуд меояд.

Бозори туристӣ –ин соҳаест, барои муносибатҳои ҷамъиятӣ-иқтисодӣ байни истеъмолкунандагони маҳсулоти туристӣ, ки арза ва тақозоро дар раванди таъмини хариду фурӯши он муттаҳид месозад, ба ҳисоб меравад. Бозор ҳамон вақт фаъолият менамояд, ки агар чунин шартҳо риоя гарданд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

– рақобати озод, яъне дар мавриде, ки ҳамаи ширкаткунандагони бозор кӯшиш менамоянд, то ба ҳадафҳои худ расанд (фурӯши мол, ки аз он ҳар чӣ бештар даромад гиранд) ё ин ки хариди мол бо харҷи камтар);

– мавҷудияти қоидаҳои асосӣ ҷиҳати сифат ва маҳсулоти истеҳсолшудаи бехатар ва инчунин хизматрасонии пешкашшуда;

– имконияти интихоби озоди истеъмолкунанда.

Бо ибораи дигар бозори туристиро метавон ҳамчун соҳаи фурӯши маҳсулоти туристӣ ва муносибатҳои иқтисодие, ки дар байни харидорон ва фурӯшандагони он сурат мегирад муаррифӣ кард, яъне байни туристҳо, турагентҳо ва туроператорон. Аз ин лиҳаз субъекти бозори туристӣ истеъмолкунандагони маҳсулоти туристи (туристҳо, истеъмолкунандагони маҳсулоти туристӣ (ширкатҳои туристӣ) ва ҳукумат (танзими бозори туристии беруна тибқи сиёсати давлатӣ) мебошад. Гузашта аз ин нуқтаи назари дигаре дар мавриди субъектони бозори туристӣ мавҷуд мебошад, ки мувофиқи он ба ин субъект дохил мешаванд;

Турист- истеъмолкунандагони маҳсулоти туристӣ мебошад. Ҳар як шахси воқеӣ, ки ин маҳсулотро истифода ва бо мақсади ба дастовардани хизматрасонии туристӣ ҷиҳати истифодаи шахсӣ қарор медиҳад, ба шумор меравад;

Туроператор шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ буда, тарҳрезкунандаи хидмати туристӣ мебошад. Ғайр аз ин туроператор дар ташаккул, интиқол ва фурӯши чаканаи маҳсулоти туристӣ дар намуди қарордоди генералӣ, ваучерҳо ва созишномаҳо дар асоси қонунгузорӣ амалӣ мегардонад;

Турагент–  шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ буда, дар амалӣ гардонидани интиқол ва фурӯши чаканаи маҳсулоти туристӣ дар шакли қарордодҳо, роҳхатҳои дар асоси қонун омода шуда ва ғайраҳо саҳмгузор мебошад. Ғайр аз ин барои равон намудани туристон аз макони доимӣ ва як қатор санадҳои хуруҷии туристонро амалӣ мегардонад;

Конграгент– шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ буда, иҷрокунандаи хизматрасонии туристӣ дар мамлакат ё минтақаи мувақатии будубош мебошад. Амалкунандаи созишномаҳои байналмилалӣ дар асоси меъёрҳои қонунгузории мамлакат ба ҳисоб меравад. Бояд зикр намуд, ки барои фаъолияти хуби мунтазами бозори туристӣ ва таъсири мутақобилаи самаранокии он бо субъектҳо инфрасохтори муносиб зарур мебошад. Зери  мафҳуми инфрасохтори бозор маҷмӯи иншоот, муассисаҳо ва хадамот, ки дар амалигардонии муносибатҳои хоҷагидорӣ, иқтисодӣ ва ғайра миёни субъектҳои асосӣ мусоидат менамоянд, фаҳмида мешавад. Инфрасохтори бозори туристӣ 5 қисми асосии таркибиро ташкил медиҳад:

  1. Воситаҳои ҷойгиркунонии туристҳо- меҳмонхонаҳо ва дигар воситаҳоиҷойгиркунонии дастаҷамъӣ;
  2. Иншоотҳои индустрияи хӯроки умум –тарабхонаҳо, ҷойхонаҳо, ҷойҳои таъмини ғизои умум;
  3. Муассисаҳои нақлиётӣ- муассисете, к ибо хизматрасонии туристӣ машғул мебошанд;
  4. Объектҳои дорои хусусияти маърифатӣ, беҳдошти, динӣ, варзишӣ, таърихию фарҳангӣ ва ғайра дошта. Инчунин объектҳои дигари таиноте, ки барои пешниҳоди хизматрасонии туристӣ равона гардидааст;
  5. созмонҳое, ки хизматраснии гид-тарҷумон, корҳои сайёҳӣ ва дигар санадҳои расмиро ҷиҳати убур намудани сарҳади байни кишварҳо анҷом медиҳад.

Бозори туристӣ як системаи иқтисодиест, ки дорои чор унсури бо ҳам мутақобила дорад, ба монанди: арзаи туристӣ, тақозои маҳсулоти туристӣ, арзиши нарх ва рақобат  (расм).

Арза ва тақозо дар бозори туристӣ.

Тақозо ба маҳсулоти туристӣ- шакли муайяни талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти туристӣ мебошад, ки тавассути маблағҳои пулӣ таъмин мегардад.

Чунин намудҳои тақозоро фарқ менамоянд: потенсиалӣ (иқтидорӣ), ташаккулшаванда, бавуҷудомада, мавсимӣ. Аз рӯи қоида тақозои туристӣ хусусияти  мавсимӣ дорад, ки тавассути ченаки махсуси маркетингӣ роҳандозӣ мешавад. Тақозои истеъмолӣ аз омилҳои зиёде вобастагӣ доранд. Ба онҳо дохил мешаванд[1]:

– демографӣ- шумораи аҳолӣ, сохтори ҷинсӣ ва синну солӣ, андоза ва ҳайати хонавода, урбанизатсия, дараҷаи фарҳангии харидор;

– иҷтимоӣ-иқтисодӣ-шуғл, дараҷаи пардохти музд, таъминоти нафақа, тақсимоти аҳолӣ аз рӯи сатҳи даромад;

-хусусиятҳои географӣ ва иқлимии мамлакат;

– ҳайати миллии харидорон;

– суботи сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат;

– амнияти буду бош;

– дигар ҳодисаҳои ногаҳонӣ (обу зиддият ва ғайра).

Арза  дар бозори туристӣ-ин он ҳамаи таъиноте, ки барои фурӯши роҳхатҳо, хизматрасонии туристӣ ва молҳои туристӣ-армуғонӣ равона гардидааст. Ба арза дар бозори туристӣ инчунин самтҳои туристони ташрифоваранда шуда (минтақаҳои буду бош) ва ҳаҷми хатсайрҳо (хизматрасонӣ), ки барои фурӯш ва пешниҳод намудан ба харидорон дар давоми ягон давра бо нархҳои муайян дохил мешаванд. Маҳсулоти туристӣ ҳамчун як арзиши муайян ифода гардида ва дар он ҳаҷми заҳмате, ки барои истеҳсоли ин маҳсулот сарф гардидааст, муайян намешаванд.

Ин маҳсулот  аз назари дараҷаи баланд баҳо додани истеъмолкунандагон ва ҳамчун моли муфид вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз бозори туристӣ ҳамчун «бозори харидорон» арзёбӣ мегардад.

Арзаи маҳсулоти туристӣ ба заминаҳои муайян вобастагӣ дорад. Аз ин заминаҳо нисбатан муҳим инҳо ҳисоб мешаванд:

– теъдоди истеҳсолкунандагони маҳсулоти туристӣ;

– сатҳи рушди индустрияи туризм;

– ҳаҷми захираҳои туристӣ.

Мубодилаи тақозо бо арза дар бозори туристӣ ин маънои иваз намудани пули турист ба маҳсулоти туристӣ мебошад. Дар чунин мубодила аз як ҷониб манфиатҳои истеҳсолкунандаи конкретӣ (фурӯшанда ва истеъмолкунанда харидор таъмин мегардад, аз ҷониби дигар бошад шароити густуда барои васеъ намудани такрористеҳсолии маҳсулоти туристӣ ба вуҷуд меояд. Ин раванд аз арзишҳои маҳсулоти туристӣ вобаста мебошад.

Одатан як қоидаи муайян вуҷуд дорад, ки тибқи ин қоида дар бозор доимо тақозо арзишро (нархро) таҳти фармони худ қарор медиҳад. Агар тақозо аз арза баланд гардад, нархҳо ҳам боло мераванд ва агар арза аз тақозо баланд шавад, нархҳо паст мешаванд.

Миқдори зиёди истеҳсолкунандагони маҳсулоти туристӣ байни худ рақобатро ба вуҷуд меоранд, ки он қисми таркибии бозори туристӣ маҳсуб меёбанд.

Рақобат- муборизаи мутақобилаи соҳибкорон барои гирифтани мавқеи ин ҳисорӣ (монополӣ) ё вазъияти беҳтарро касб намудан дар бозори туристӣ мебошад.

Ҳамчун падидаи муайян дар ҷамъият он тарафҳои мусбӣ ва манфӣ дорад. Дар байни хусусиятҳои мусбӣ метавон дараҷаи баланди ҳавасмандӣ (метоватсия) истеҳсолкунандагони маҳсулоти бо сифати баланд ва нархҳои паст арзёбӣ намуд. Ба ҳайси хусусиятҳои манфӣ бошад, зиддияту моҷаро, муфлисшавии муассиса, вазъияти ногувор, ихтисор намудаи ҷойҳои корӣ ва аз кор озод намудани кормандон дохил мешавад.

Муборизаи рақобатнок асосан бо ду усул сурат мегирад: рақобати арзишӣ (нархӣ) ва ғайри арзишӣ. Ба воситаи рақобати арзишӣ фурӯшандагон ба тақозо таъсир мерасонанд, яъне бо роҳи тағйирот дар нарх. Дар ҷараёни рақобати арзишӣ фурӯшандагон вобаста ба тақозо нархҳоро баланд ё паст менамоянд. Усули дигар –рақобати ғайриарзишӣ нақши бузург мебозад, зеро истеҳсолкунанда маҳсулоти худро аз дигар маҳсулотҳои рақибон бо роҳи хусусиятҳои хоси худ, яъне дар маҳсулоти худ гуногунрангӣ, нотакрорӣ ва беназириро таҷассум менамояд. Ин метавонад будан аз боздиди объектҳои нави туристӣ, гузаронидани ҳамагуна ҳамоишҳо ва заминҳое, ки қаблан роҳандозӣ нашуда буданд. Хулоса бо ҳар роҳу восита ҷалб намудани таваҷҷуҳи туристон ба ҳисоб меравад ва то андозае онҳо омодаанд, ки бо маблағи калон маҳсулоти нави туристиро бо нархҳои паст дастрас намоянд.

Бозор амалиётҳои зиёдеро анҷом медиҳад масалан: иттилоотӣ, миёнаравӣ, танзимкунанда, ташаккулдиҳандаи нарх, ҳамоҳангнамоӣ, бунёдкунанда-харобкунанда, бисёрҷанбавӣ. Аз ин хотир ба вазифаи асосии бозори туристӣ охил мешаванд:

Фурӯши арзиш ва арзиши истеъмолӣ дар маҳсулоти туристӣ. Ин маънои онро дорад, ки ҳаракати арзиш тавассути мубодилаи пул ва маҳсулоти туристӣ таҷассум меёбад. Дар натиҷаи ин ҷараёни мӯътадили истеҳсолоти ҷамъиятӣ таъмин гардида, барои рушди туризм маблағҳои пулӣ пайдо ва ҷамъ мегардад;

Ташкили раванди расонидан  маҳсулоти туристӣ ба истеъмолкунанда (туристҳо)-тариқи шабакаҳои турагентӣ ва туроператорон амалӣ карда мешаванд.

Турист маблағҳои пулиро барои ба даст овардани маҳсулоти туристӣ харҷ менамояд ва ба ин тарз ӯ талаботҳои моддӣ ва маънавии худро қонеъ мегардонад. Аз ин лиҳоз бозори туристӣ сарфи нерӯи корӣ ва такрористеҳсолиро хусусан қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъиятиро ҷуброн менамояд;

Таъминоти иқтисодии ҳавасмандии моддӣ ба меҳнат- дар он зуҳур меёбад, ки дар раванди мубодилаи мутақобилаи пул ва маҳсулоти туристӣ дар бозор дар шакли анҷом ёфта амалӣ мегардад.

Дар бозори хизматрасонии туристӣ нақши муҳимро ҷанбаҳои таблиғотӣ (реклама), иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ мебозанд, зеро барои амалӣ намудани хизматрасонии муносиб, ки пардохт шудааст кафолат дода шавад. Бисёре аз коршиносон чор тавсифи заминавии бозори туристиро муайян намудаанд, ки онҳо хусусияти сифатӣ ва миқдори доранд.[2]

Бозори туристӣ бояд чунин хусусиятҳо дошта бошад:

– сохторишуда, дар сохтори он бояд даҳҳо ихтисосҳои маҳдуди бозор ба монанди бозори автобусҳои сайрӣ, сайрҳои табобатӣ ва беҳдоштӣ, туризми корчалонӣ ва ғайра;

– озод-чунин бозор шумораи бемаҳдуди харидорон ва фурӯшандагон, хариду фурӯши миқдори бемаҳдуди хизматрасонӣ, иттилооти пурраи дурусти фурӯшандагон ва хизматрасонии онҳоро пешниҳод менамояд;

– рақобатпазир- рақобат яке аз ҷузъҳои асосии иқтисодӣ бозоргонӣ ба шумор меравад;

– тамаддуни (фарҳангӣ) –доштани фарҳанги волои иқтисодӣ, ки аз рӯи чорчӯбаи амалӣ намудани тиҷорат, эҳтиром гузоштани шарикон ва рақибон, риоя намудани принсипҳои маънавӣ ва иҷрои уҳдадориҳои ба зима гирифташуда.

Гардиши тақозо ва арза барои бахши туризм бо назардошти захираҳо, неъматҳои истеъмолшавандаи моддӣ ва даромад мушаххас намудан мумкин аст. Тақозои туристҳо дар хароҷотҳо акс меёбад, ки дар бозори хизматрасонии истеъмолӣ амалӣ мегардад. Фурӯши он даромади ширкатҳои туристиро ташкил медиҳад Хариди захираҳо барои пешбурди фаъолияти минбаъдаи ширкат муҳим мебошад. Туристҳо метавонанд бевосита аз захираҳои минтақаҳои туристӣ ё маҳсулоти тайёри омодашудаи туристиро истифода намоянд. Ҳамин тавр ҷараёнҳои реалии неъматҳои иқтисодӣ гардиши мутақобилаи маблағҳои даромад ва харҷро пурра гардонанд.

Фишангҳои амалиётҳои бозори хизматрасонии туристӣ

Модели овардашуда метавонад гардишро дар дохили бахшҳо аниқ намояд. Ба назар чунин менамояд, ки ҷудонамоии ширкатҳои туристӣ ба туроператорон ва турагентҳо (туроператорҳо нақши миёнаравро байни туристҳо ва туроператорон мебозанд) сурат мегирад. Дар як вақт бозори захираҳо дар худ бозори истеҳсолкунандаи хизматрасонии алоҳидаро ба монанди воситаҳои ҷойгирнамоӣ, муассисаҳои хӯроки умум, бахшҳои фароғатӣ ва ғайраро таассум менамоянд.

Бозори туристӣ хусусияти ғунҷоишӣ дорад, яъне қудрати фурӯши ҳаҷми муайяни маҳсулоти туристиро дар баробари нархҳои мавҷуд буда, дар давоми фосилаи муайяни вақт (одатан дар 1 сол) дорад. Ғунҷоиши бозор аз пардохти тақозои аҳолӣ, сатх ва арзаи туристӣ вобаста аст. Вобаста ба сатҳи нарх истеъмоли маҳсулоти туристӣ кам гардад ва ё баръакс зиёд шавад. Ғунҷоиши бозор ва тамоюли тағйирёбии онро муассисаҳои туристӣ дарк намуда ва имконияти баҳодиҳии ояндаи ин бозорро барои худ дода метавонанд.

Дар бозори туристӣ  ҷараёни доимии гардиши маблағҳои пулӣ ва маҳсулотҳои туристӣ ба амал меояд, ки онҳо ба муқобили якдигар равон шуда, гардиши давравии туристиро ба вуҷуд меоранд (расми14).

            Гардиши давравии туристӣ- раванди муносибатҳои иқтисодиест, ки дар он ҳодисаҳои табдилёбии хизматрасонӣ ба пул ва баръакс. Он самти ҳарорати ҷараёни маҳсулотҳои туристӣ, сармоягузорӣ дар бахши туризм ва дохилшавии маблағҳо дар бахши туризм ва дохилшавии маблағҳо ба буҷа аз ҳисоби даромади фаъолияти туристӣ нишон медиҳад.

Ҳамин тавр гардиши туристӣ бо чунин нақша амалӣ мегардад:

– турист роҳхатро харида ва ба муассисаҳои туристӣ пулро пардохт менамояд;

– дар натиҷа турист талаботҳои худро қонеъ менамояд;

– муассисаҳои туристӣ аз фурӯши маҳсулоти туристӣ маблағ ба даст меорад ва ба рушди индустрияи туризм сармоягузорӣ намуда, намудҳои нави маҳсулоти туристиро ба вуҷуд меорад мехарад;

– муассисаҳои туристӣ андозҳоро пардохт менамояд ва ба кормандони худ музди меҳнат медиҳад.

Гардиши туристӣ.

[1] 1Сенин в.с. Организация международного туризма. Москва.: 2005.

 

[2] Каурова А.Д. Организация сферы туризма. Москва, 2006.

ҚаблӣМИНТАҚАҲО ВА МИНТАҚАҲОИ ТУРИСТӢ
БаъдӣСиёсат ҳамчун фаъолият