Чанд намунаи Чистон

Як чодари зангорӣ,
Шабҳо пуру рӯз холӣ.

(Осмон ва ситораҳо)


Гуле дидам, ки он бе хор бошад,
На дар дашту на дар бозор бошад.
На кас ӯро харад, не кас фурӯшад,
Ҳамеша дар сараш бозор бошад.

(Илм)

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳамдаме дорам, ки бе овоз суҳбат мекунад,
Бе даҳону бе забон нақлу ривоят мекунад.
Ҳушу гӯшу ақл афзун мекунад гуфтори ӯ,
Аз кадомин фан, ки хоҳӣ, ӯ ҳикоят мекунад.

(Китоб)


Мисли тарбуз лӯндаву аммо нарӯяд аз замин,
Бе замин аммо намешуд шакли вай тарбуз барин.
Гар ту ҳастӣ бохабар аз илму олам, чист он?
Бе ҳамон ҳаргиз надонӣ рӯйи олам инчунин.

 


Як саволе аз ту дорам, эй ҷавони боҳунар,
Дар биёбоне бидидам як аҷоиб ҷонвар.
Мӯрпову морчашм, лайлакпару аждаршикам,
Филгардан, шерсина, уштурзону аспсар.

(Малах)


Аз осмон афтад, намешиканад,
Аз дарахт афтад, мешиканад.

(Барф)

Чистон


Худаш якта, чашмаш садта.

(Элак)


Ҳавзи сангин, оби рангин,
Мори печон, гули хандон.

(Чароғ)


Об дар об чӣ бошад?
Ҳавзи гулоб чӣ бошад?
Оташ расад ях кунад,
Ба ин ҷавоб чӣ бошад?

(Тухм)


Он чист, ки ҷилваҳо карду шукуфт,
Чун ханда задӣ, зи шарм рухро бинуҳуфт.
Бе он ки ба умри хештан дам бизанад,
Ҳар чиз, ки аз ту дид, филҳол бигуфт.

(Оина)


Дорад даҳону забон надорад,
Сад чӯб занӣ, фиғон надорад.

(Моҳӣ)


Он чист, ки панҷ хона дорад,
Дар нармии худ нишона дорад.
Ҳар хонаи ӯ пур аст аз барф
Чӣ турфа, ки барф дона дорад!

(Ғӯза)


Чистон чист ва баромади таърихии онро баён карда метавонед? Чистонхои халки чанд хеланд?, чистон бо забони точики, чистонхои точики, чист он.

ҚаблӣЧистон
БаъдӣУнсурулмаолии Кайковус

5 шарҳ

  1. Чистонҳо хеле ба ман маъқул шуд. Боз дигархел чистонҳо мисли ин бароред

    Аз дур бубинӣ кабудзор,
    Қамчин зани лолазор.
    (Тарбуз)
    🙂🙃

    • Албатта, кӯшиш мекунем. Шумо ҳам метавонед чистонҳоро ба мо бо ин суроға (t.me/tajweb) равон кунед, то нашр кунем. Ва ё дар шарҳи ҳамин саҳифа нависед.

      Сипоси беандоза барои таваҷҷӯҳ!

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед