Дилномаи Мавлоно Чалолиддини Балхи, Ашъор рубои ва шеърхо аз Чалолуддини Балхи / Руми.
-1-
Бар раҳгузари бало ниҳодам дилро,
Хос аз пайи ӯ пой кушодам дилро.
Аз бод маро бӯи ту омад имрӯз,
Шукронаи он ба бод додам дилро!
-2-
Парвард ба нозу неъмат он дӯст маро,
Бардӯхт мураққаъ зи рагу пӯст маро.
Тан хирқаву андар дили ман сӯфист,
Олам ҳама савмаасту теғ ӯст маро.
-3-
То аз ту ҷудо шудаст оғӯш маро,
Аз гиря касе надида хомӯш маро.
Дар ҷону дилу дида фаромӯш наӣ,
Аз баҳри худо макун фаромӯш маро.
-4-
Эй дил, ду-се рӯз то саҳаргоҳ махусб,
Дар фурқати офтоб чун моҳ махусб.
Чун далв дар ин зулмат роҳи чаҳ мекун,
Бошад, ки барои ба сари чоҳ махусб.
-5-
Султони малоҳат маҳи мавзуни манаст,
Дар силсилааш ин дили маҷнуни манаст.
Бар хоки дараш хуни ҷигар мерезам,
Ҳарчанд, ки хоки ӯ беҳ аз хуни манаст.
-6-
Ишқат ба дилам даромаду шод бирафт,
Боз омаду рахти боз бинҳод, бирафт.
Гуфтам ба такаллуф ду-се рӯзе биншин,
Биншасту кунун рафтанаш аз ёд бирафт.
-7-
Ҳошо, ки ба олам аз ту хуштар ёрест!
Ё хубтар аз дидани рӯят корест?
Андар ду ҷаҳон дилбару ёрам ту басе,
Ҳам партави туст, ҳар куҷо дилдорест!
-8-
Мегиряму зору ёр гуяд зарқ аст,
Чун зарқ бувад, ки дида дар хун ғарқ аст?
Ту пиндорӣ, ки ҳар диле чун дили туст,
Ней-не санамо, миёни дилҳо фарқ аст!
-9-
Дилтангаму дидори ту дармони манаст,
Бе ранги рухат замона зиндони манаст.
Бар ҳеҷ диле мабоду бар ҳеҷ тане,
Он-ч аз ғами ҳиҷрони ту бар ҷони манаст.
-10-
То бо ғами ишқу ту маро кор афтод,
Бечора дилам дар ғами бисёр афтод.
Бисёр фитода буд дил дар ғами ишқ,
Аммо начунин зор, ки ин бор афтод!
-11-
Аз шабнами ишқ хоки одам гил шуд,
Сад фитанаву шӯр дар ҷаҳон ҳосил шуд.
Сад наштари ишқ бар раги рӯҳ заданд,
Як қатра аз ӯ чакиду номам дил шуд,
-12-
Мастони ғамат бори дигар шӯриданд,
Девонадилонат сари маҳро диданд.
Омад сари моҳ, силсила ҷунбониданд,
Пероҳани сабру ақлро бидриданд,
-13-
Дар синаи ҳар касе ки заррае дил бошад,
Бе ишқи ту зиндаги-ш мушкил бошад.
Бо зулфи чу занҷир гиреҳ дар гиреҳат,
Девона касе бувад, ки оқил бошад.
-14-
Ёди ту кунам дилам тапидан гирад,
Хуноба зи дидагон чакидан гирад.
Бо номи ту ором кунам з-ин пас ман,
То ғайри ту аз дилам рамидан гирад.
-15-
Онон, ки муҳаққиқони ин даргоҳанд,
Назди дили аҳли дил чу барги коҳанд.
Аҳли дили хосагон шоҳаншоҳанд,
Боқӣ ҳама ҳар чи ҳаст, ҳарҷи роҳанд
-16-
Хун дар дили ошиқон чу ҷайҳун гардад,
Ошиқ чу кафе бар сари он хун гардад.
Ҷисми ту чу осиёву обаш ошиқ,
Чун об набошад, осиё чун гардад?
-17-
Ҳар лаҳза, ки ғамза он диловез кунад,
Ошиқ зи бало чӣ гуна парҳез кунад?
Бод аст насиҳати ҷаҳон бар гӯшам,
Аммо боде, ки оташам тез кунад!
-18-
Лабҳои ту он гаҳ, ки боситез бувад,
Дар ҳар ду ҷаҳон аз ту шакаррез бувад.
Гар дар дили танги худ ту моҳе бинӣ,
Аз ман бишнав, ки Шамси Табрез бувад.
-19-
Шӯри аҷабе дар сари мо мегардад,
Дил мурғ шудасту дар ҳаво мегардад.
Ҳар зарраи мо ҷудо-ҷудо мегардад,
Дилдор магар дар ҳама ҷо мегардад?!
-20-
Рузе, ки хаёли дилситон рақс кунад,
Як ҷон чӣ кунад, ки сад ҷаҳон рақс кунад.
Ҳар парда, ки мезананд, дар хонаи дил,
Мискинтани бенаво ҳамон рақс кунад.
-31-
Чун дид рухи зарди ман он шӯҳранигор,
Гуфто, ки дигар ба васлам уммед мадор.
Зеро, ки туро зидд шудӣ дар дилдор,
Ту ранги хазон дорию ман ранги баҳор.
-32-
Гуфтам: Чашмам! Гуфт: Ба роҳаш медор,
Гуфтам: Ҷигарам! Гуфт: ба оҳаш медор!.
Гуфтам, ки дилам! Гуфт: чӣ дорӣ дар дил?
Гуфтам: Ғами ту! Гуфт: Нигоҳаш медор!
-33-
Ҷоно сифати қадам зи абрут бипурс,
Ошуфтагиям зи зулфи ҳиндут бипурс.
Ҳоли дилам аз даҳони тангат биталаб,
Бемории ман зи чашми ҷодут бипурс.
-34-
Бечораи дилсӯхтаи меҳнаткаш,
Дар оташи ишқи ту ҳамесӯзад к-аш.
Ишқат ба мани сӯхтадил афтод,
Оре ҳама дар сӯхта гирад оташ.
-35-
Бар дил чу шугуфта гашт асрори ғамаш,
Надҳам ба гули ҳама ҷаҳон хори ғамаш.
Мо пушт сӯви ҷаҳони шодӣ кардем,
З-ин пас рухи зарди мову девори ғамаш.
-36-
Дил ёди ту орад, биравад ҳуш зи ҳуш,
Май бе лаби нӯшини ту кай гардад нӯш.
Дидори туро чашм ҳаме дорад чашм,
Овози туро гӯш ҳаме дорад гӯш.
-37-
Рафт он ки набуд кас ба хубӣ ёраш,
Бе он, ки дилам сер шуд аз дидораш.
Ӯ рафту намонд дар дилам темораш.
Оре, биравад гулу бемонад хораш.
-38-
Гуфтам: Чашмам? Гуфт, ки ҷайҳун кунамаш,
Гуфтам, ки дилам? Гуфт, ки пурхун кунамаш.
Гуфтам, ки танам гуфт, ки дар ин рӯзе чанд,
Расво кунаму зи шаҳр берун кунамаш.
-39-
Он дил, ки ман они хеш пиндоштамаш,
Биллаҳ бар ҳеҷ дӯст магзоштамаш.
Бигзошт маро бутову омад бар ту,
Неку дораш, ки ман накӯ доштамаш.
-40-
Умре ба ҳавас дар тагу тоз омад дил,
То маҳрами ҷон дилнавоз омад дил.
Дар охири кор рафту ҷон пок бисӯхт,
Инсоф бедиҳ, ки покбоз омад дил.
Бознашр аз канали телеграмии @tojik