Давлатҳои аввалини Юнони Қадим

Давлатхои аввалини Юнони Кадим. Табиат ва шугли ахоли. Крит. Фалокати бузург. Устураи Тесей. Ёдгорихои маданияти Микена. Хучуми юнонихо ба Осиёи хурд. Хучуми кабилахои дори ба Юнон. Корнамоии аввалини Геракл.


ТАБИАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Дар ҷануби нимҷазираи Балкан аз замонҳои қадим давлатҳое вуҷуд доштанд, ки онҳоро давлатҳои юнонӣ меномиданд. Ҳоло маҳз бо ин ном дар он ҷо давлате вуҷуд надорад.

Юнон мамлакати кӯҳсор мебошад. Дар байни кӯҳҳои он заминҳои серҳосил фаровонанд. Юнон аз се қисм – шимолӣ, миёна ва ҷанубӣ иборат буда, онро аз се ҷониб об иҳота кардааст: аз Ғарб – баҳрҳои Ион ва Адриатик, аз Ҷануб: баҳрҳои Мартоӣ ва Крит ва аз Шарқ: баҳрҳои Эгей ва Фрак.

Қисми ҷанубии Юнонро Пелопоннес ҳам мегӯянд. Онро ба Юнони Миёна танҳо гарданаи борики хушкие мепайвандад.

Юнони қадим аз ҷазираҳои сершумори баҳрҳои номбурда иборат буд. Дар байни онҳо ҷазираи қалонтарин Крит мебошад.

Юнон зимистони кӯтоҳ ва тобистони тӯлонӣ дорад. Зимистонаш сербориш буда, тобистонаш хушку ҳавояш гарм аст. Танҳо соҳилҳои баҳрии Юнон намнок мебошанд.

Аҳолии Юнони қадим асосан ба кишоварзӣ машғул буд. Ёдгориҳои таърихии давлатҳои Крит ва Микена то замони мо расидаанд. Онҳо шаҳодат медиҳанд, ки юнониёни қадим бинокору киштисоз, силоҳсозу кулолгар ва заргарони гулдаст будаанд.

КРИТ

Крит дар қисми ҷанубии Аврупо, дар байни чорраҳаи тиҷоратӣ ҷойгир аст. Аз қадимулайём корвонҳои киштиҳои тиҷоратӣ дар назди Крит бо ҳам вомехӯрданд ва дар ин ҷазира доду гирифт ба амал меомад. Ҷазираи Крит аз тариқи роҳи обӣ нимҷазираи Балканро ба ҷазираҳои баҳри Эгей, Осиёи Хурд ва Африқои Шимолӣ мепайваст.

Тамаддуни Крит аз ҳазорсолаи III пеш аз милод оғоз ёфта, аз маданияти як қатор давлатҳои дар он вақт пешрафта, хусусан аз Миср ва Бобил ғизо гирифтааст. Давлат дар Крит тадриҷан ташаккул ёфтааст. Дар ҳазорсолаи II пеш аз милод критиҳо истифодаи мис ва биринҷиро аз худ карданд. Дар нимаи дуюми ҳамин ҳазорсола онҳо заргарию кулолгарӣ ва баҳрнавардиро ёд гирифтанд ва бо роҳҳои баҳрию хушкӣ ба Юнон, Осиёи Хурд ва ҳатто то Сурияю Миср рафта, ба тиҷорат машғул мешуданд. Дар натиҷаи тиҷорат аҳолии ҷазира хеле афзуд.

Дар оғози ҳазорсолаи II пеш аз милод дар Крит якчанд давлати мустақил вуҷуд дошт. Онҳо хурд буда, аз қасрҳои Кносса, Феста, Маллий, Като, Закра ва деҳаҳои гирду атрофи онҳо иборат буданд. Қасрҳо дар амал пойтахти он давлатҳоро ташкил мекарданд. Номи қасрҳо номи давлатҳои Крит мебошанд. Аз ин рӯ, давлатҳои Критро “ давлатҳои қасрӣ “ номидаанд.

Тахминан соли 1700 пеш аз милод (аҷаб нест, ки дар натиҷаи заминҷунбӣ) бори аввал қасрҳои Кносса, Феста, Маллий, Като ва Закра вайрон мешаванд. Ин фалокат то дараҷае рушди Критро боздошт, вале баъди чанде он аз нав барқарор гардида, рушду нумӯ кард. Критиҳо дар он ҷо аз қасрҳои қаблӣ ҳам қасрҳои зеботару дилработар сохтанд. Дар Кносса қасри боҳашамати Минос низ қомат рост кард.

Асрҳои XVI – XV пеш аз милод давраи авҷи рушди Крит мебошад. Дар ҳамин давра қасрҳои Крит, хусусан қасри Кносса аз нав сохта шуданд. Маҳз дар ҳамин замон гӯё, ки Манос шоҳи Кносса шуда, давлатҳои Критро муттаҳид мекунад. Кносса пойтахти давлати ӯ мешавад.

Минос флоти пурзӯре ташкил намуда, ҳавзаи баҳри Эгейро то соҳилҳои Осиёи Хурд ишғол менамояд. Крит ба давлати пурзӯре табдил меёбад. Бесабаб нест, ки ин давраи таърихи Юнонро миносӣ номгузорӣ кардаанд.

ФАЛОКАТИ БУЗУРГ

Расми 160. Дебал ва Икар. Нақши муқарнаси қадим
Расми 160. Дебал ва Икар. Нақши муқарнаси қадим

Аз миёнаҳои асри XV пеш аз милод cap карда, вазъи Крит тағйир ёфт. Дар ҷазира фалокатҳои табиӣ пайиҳам ба амал меомаданд. Ғайр аз қасри Кносса ҳамаи қасрҳои дигари Крит сӯхта, ба хок яксон шуданд. Бисёр сокинони Крит ватанашонро тарк карданд. Аз ҳамин давра cap карда, Крит мавқеи худро аз даст дод. Баъди фалокати бузург ба Крит юнониҳо аз хушкӣ, яъне аз Юнони Шимолӣ, Миёна ва Ҷанубӣ ҳамла оварда, онро тороҷ карданд.

Акнун дар Крит мардуми бегона сокин шудан мегиранд, вале онҳо фарҳанги баланди Критро аз нав эҳё карда натавонистанд.

УСТУРАИ ТЕСЕЙ

Як замоне шаҳри Афинаро Эгей ном шахси куҳансоле идора мекард. Шоҳи Крит ба шаҳр андози гарон баст буд. Афинагиҳо мебоист ҳар нуҳ сол ба Крит ҳафт писару ҳафт духтар равон мекарданд. Онҳоро махлуқе мехӯрд, ки танаш ба тани одам ва сараш ба сари барзагов монанд ва дар охири хонаи дарунбадаруне зиндагӣ мекард.

Писари Эгей Тесейи паҳлавон қарор дод, ки дар қатори ҷавонони қурбонишаванда ба Крит меравад ва бо он махлуқи говкалла меҷангад. Дар киштӣ ҳамчун нишони мотам бодбонҳои сиёҳ бардошта шуда буданд. Тесей ба падараш ваъда дод, ки, агар ғалаба кунад, бодбонҳои сиёҳро бо бодбонҳои сафед иваз мекунад.

Дар Крит духтари шоҳ Ариадна ба Тесей шамшер ва калобаи ресмонеро медиҳад. Ӯ як нӯги ресмонро ба миёнаш баста, ба хонаи дарун даромада, махлуқро кушта, ба воситаи ресмон аз хонаи дарун ба берун мебарояд. Тесей фаромӯш кард, ки бодбонҳои киштиро иваз кунад. Эгей дид, ки киштӣ бо бодбонҳои сиёҳ бармегардад, худро ба баҳр партофта, ғарқ мекунад. Ба хотири ӯ юнониҳо ин баҳрро Эгей номиданд.

ЁДГОРИҲОИ МАДАНИЯТИ МИКЕНА

Расми 161. Оғози лашкаркашии қушуни Микена
Расми 161. Оғози лашкаркашии қушуни Микена

Аз асри XVI пеш аз милод cap карда, давраи микении таърихи Юнон оғоз мегардад. Аз аввал Микена бисёр ҷиҳатҳои фарҳангии худро аз Крит мегирифт. Масалан, эътиқодҳои динӣ, санъати кандакорӣ, бинокорӣ, қубури об, либосҳои мардонаю занона, баъзе навъҳои силоҳ ва навиштаҷот оид ба ҳаёти хоҷагии Микена аз Крит омада буданд.

Ёдгориҳои нисбатан қадимаи фарҳангии Микена қабрҳои ба асри XVI пеш аз милод тааллуқдоштае мебошанд, ки бостоншиносон аз Қалъаи Микена соли 1876 ёфтаанд. Дар байни онҳо ашёи қиматбаҳои аз тиллою нуқра ва устухони фил сохташуда ҳастанд. Бозёфтҳои бостонии Микена нишон медиҳанд, ки ин шаҳр маркази давлати калоне будааст. Шоҳони Микена дар мақбараҳои боҳашамат гӯронда шудаанд.

Лавозимоти ҷангие, ки аз қабри микениҳо ёфт шудаанд, исбот мекунанд, ки онҳо мардуми ҷанговар будаанд. Шоҳҳои Микена ба давлатҳои дурдаст лашкар кашида, бо ғаниматҳои зиёде ба Микена бармегаштанд. Давраи рушди фарҳанги Микена асрҳои XV – XIII п.а.м. буда, он қариб тамоми Пелопоннес, Юнони Миёна, қисми зиёди Шимол ва инчунин, ҷазираҳои сершумори баҳри Эгейро дар бар мегирифт. Марказҳои асосии фарҳангии Микена дар Тиринф, Пилес, Афинҳо ва дар шимоли Юнон – дар Иолк арзи вуҷуд доштанд.

ҲУҶУМИ ЮНОНИҲО БА ОСИЁИ ХУРД

Бостоншиносон дар Осиёи Хурд ҳам ҳафриёт гузаронидаанд. Дар натиҷа маълум мегардад, ки юнониҳо борҳо ба ин ҷо лашкар кашида буданд. Бозёфтҳои аз шаҳри Троя бадастомада шаҳодат медиҳанд, ки сокинони ин шаҳр чандин маротиба шаҳри худро тарк кардаанд. Троя борҳо ба хок яксон карда шуда будааст. Аз ҷойи харобаҳои қасрҳои Троя ашёе ёфт шудаанд, ки дар Микена сохта шудаанд. Шаҳри Троя яке аз шаҳрҳои ободу зебои соҳили баҳри Эгейи Осиёи Хурд будааст. Он бо бисёр шаҳру давлатҳои дуру наздик доду гирифт доштааст. Юнониҳо ба шаҳр дар асри XII п.а.м. аз тарафи баҳр ҳамла карда, онро ба хок яксон кардаанд. Давлати Микена ғайр аз Троя боз шаҳрҳои дигари Осиёи Хурдро ҳам забт карда будааст.

ҲУҶУМИ ҚАБИЛАҲОИ ДОРӢ БА ЮНОН

Дар асри XII пеш аз милод қабилаҳои сокини шимолтари Юнон, ки дорӣ ном доштанд, аз тарафи Мақдуния ва Эпир ба тарафи ҷануб ҳаракат карда, аввал Юнони Шимолӣ ва баъд Юнони Миёнаю Ҷанубиро ишғол мекунанд. Қабилаҳои дориҳо шаҳру деҳаҳои сари роҳашонро тороҷ ва ба харобазор табдил медоданд. Аз ҳуҷуми дориҳо Қасри Пилес, қалъаҳои Микена ва Тиринф зарари калон диданд. Баъд аз ин Юнон рӯ ба таназзул ниҳод. Қабилаҳои дорӣ бо мурури замон бо мардуми маҳаллӣ омезиш ёфта, дар натиҷа халқи Юнон шакл мегирад.

КОРНАМОИИ АВВАЛИНИ ГЕРАКЛ

Апполон ба Геракл фармуд, ки ба ватани ниёгони ӯ – Тиринф рафта, ба шоҳи Микена Эврисфей дувоздаҳ сол хизмат кунад… Ӯ ба Геракл фармуд, ки шери Немейро кушад. Ин шер бузургу бадҳайбат буда, дар наздикии Немей зиндагӣ мекард ва гирду атрофро хароб карда буд. Геракл ҷасурона ба корнамоии хатарнок шитофт. Ба Немей омада, ҳамон лаҳза ба тарафи кӯҳ рафт, то ки маскани шерро ёбад. Дар гирду атроф ягон ҷондоре набуд – на чӯпону на зироатпарвар. Ҳамаи ҳайвонот аз тарси шер аз ин мавзеъ гурехта буданд. Хонаи шерро Геракл муддати тӯлонӣ дар талу теппа ва дараю ғорҳо ҷустуҷӯ карда, ниҳоят дар дараи тангу торике ёфт, ки ду роҳи баромад дошт. Геракл яке аз онҳоро бо харсанги бузурге маҳкам кард ва паси харсанге панаҳ бурда, шерро интизор шуд. Ҳамин ки торикӣ фаро расид, шери калони бадҳайбати дорои ёли парешон намоён шуд. Геракл торҳои камонашро сахт кашида, паси ҳам ба тарафи шер се пайкон парронд, вале пайконҳо ба тани шер бархӯрда, ба ҳар тараф парида мерафтанд, зеро пӯсти шер чун пӯлод сахт буд. Шер наъраи даҳшатангезе кашид, ки он чун раъду барқ дар кӯҳҳою ғopy дараҳо танинандоз шуд. Шер ба чор тараф назар карда, бо чашмони хунбору оташбори худ шахсеро ҷустуҷӯ мекард, ки ҷуръат карда, ба сӯяш пайкон паррондааст. Ва, ниҳоят, Гераклро дида, бо як ҷаҳиши бузург ба қаҳрамон дарафтод. Гурзи Геракл чун раъд дурахшида, чун зарбаи барқ ба сари шер бархӯрд. Геракл бо дастони пурзӯраш онро буғӣ кард. Сипас ҷасади шерро ба китфаш ҳаво дод. Геракл ба Немей баргашта, шерро ба рӯҳи Зевс қурбон кард ва ба хотири корнамоии аввалини худ бозиҳои Немейро доир намуд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Дар бораи табиат ва шуғли аҳолии Юнони қадим нақл кунед.
  2. Ҷазираи Крит дар куҷо воқеъ гардидааст?
  3. Дар Крит аввалин давлатҳо кай ба вуҷуд омадаанд?
  4. Қасрҳои Крит дар натиҷаи чӣ ва кай вайрон шудаанд?
  5. Давраи рушди Крит ба кадом асрҳо рост омадааст?
  6. Дар Крит кай фалокати бузург рух додааст? Крит аз он чӣ зарар дид? 7. Дар бораи қаҳрамонии
  7. Тесей нақл кунед. Ҳикмати ин қисса дар чист?
  8. Дар бораи рушди Микена чӣ гуфта метавонед?
  9. Қабилаҳои дорӣ дар куҷо сокин буданд ва онҳо Юнонро кай забт кардаанд?
  10. Аз харита Юнони Шимолӣ, Юнони Миёна ва Юнони Ҷанубиро нишон диҳед.
ҚаблӣҲикматҳои Маотсӣ
БаъдӣДостонҳои Ҳомер (Гомер)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед