Дустонро гум макун

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро гум макун.

Дӯстро аз дӯст, ҷонам, фарқ кун,
Дӯсти пайванди ҷонро гум макун.
Чашмаи илҳоми мо халқ асту бас,
Халқи машҳури ҷаҳонро гум макун.

Зинати боғ аз гули хандон бувад,
Мисли гул хандонлабонро гум макун.
Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

Мирзо Турсунзода

Мирзо Турсунзода (1911 — 1977)


  • хандонлабон – одами чеҳрахандон
  • мушкилосонкункасон – одамоне, ки дар лаҳзаи душвор ба ёрӣ меоянд

То тавони, дустонро гум макун, Шеъри Мирзо Турсунзода, дусти.