Неолит (ҳазорсолаи 6 – 3 п. м.)

Неолит  охирин марҳилаи  асри санг мебошад. Дар ин давра дар Осиёи Миёна се навъи маданияти неолитӣ – ҷайтун, калтаманор ва ҳисор паҳн шуда буданд. Онҳо хусусият ва доираи густариши худро доштанд.

Маданияти Ҳисор (6 –3 ҳ.с. п.м.) дар кӯҳистони шарқии Осиёи Миёна, асосан дар ҷануби Тоҷикистон паҳн шуда буд. Дар ин ҷо зиёда аз 100 мавзеъb осори ин маданият пайдо карда шудааст. Дар шимолу шарқи Афғонистон низ бошишгоҳи маданияти ҳисор кашф  шудааст. Ин маданият ба сокинони маҳаллӣ тааллуқ дошт. Онро барои он ҳисорӣ меноманд, ки бори нахуст бошишгоҳи он дар ноҳияи Ҳисор ёфт шуда буд. Ба ин маданият олоти сангиобии дағал ва калон (чоппер ва чоппингҳо) хос мебошад. Олоти сангичахмоқии хурд (микролитҳо) низ ҳастанд, аммо хеле кам. Ҳисориҳо зарфи сафолӣ истеҳсол намекарданд ё онро хеле кам истифода мебурданд, дар каппаҳои хурди хаспӯши сангфарш зиндагӣ мекарданд, табарҳои суфта, корд, дарафш, парма ва белчаҳои сангиро истифода мебурданд, бо найза ва синони нӯгашон сангӣ шикор мекарданд.

Дар маданияти Ҳисор оддитарин шаклҳои зироаткорӣ ва чорводорӣ  ба вуҷуд омада буданд, аммо шикор ва ғундоштани гиёҳҳои худрӯй низ дар хоҷагӣ ҳанӯз мавқеъи муҳимро ишғол мекарданд. Ҳисориҳо иттиҳоди этникӣ ва эҳтимол ориёӣ буданд.

Ба маданияти Ҳисор бошишгоҳҳои Тутқавул, Сайёд, Булёни Поён, Кангурттут, Кӯи Булён дар Данғара, Теппаи Ғозиёни, Кунчӣ, Кӯҳнабой дар Ҳисор, Сангиуғур ва Даҳана дар соҳили Ёхсу ва як қатор бошишгоҳҳои хурд дохил мешаванд.

Пайдоиши зироаткорӣ ва чорводорӣ ҳодисаи муҳим дар зиндагии одамони ибтидоӣ буд. Дар Осиёи Миёна дар ҳазорсолаи 6 п.м. гузариш аз хоҷагидории истеъмолкунанда ба истеҳсолкунанда ба амал меояд. Одами ибтидоӣ аз ҷамъоварии гиёҳҳои худрӯй ба кишту кори зироат, яъне истеҳсоли ғалладона мегузарад. Зироаткорони аввалин дар Осиёи Миёна бошандагони деҳкадаҳои ҷануби Туркманистон ва шимолу шарқи Эрон буданд. Дар ин минтақа 13 деҳкада ҳаф`рӣ шудааст, ки ба зироаткорон ва чорводорон тааллуқ доштанд. Калонтарини онҳо деҳкадаи Ҷайтун буд. Дар он ғалладонаҳои сӯхта, досҳои сангӣ ва далясангҳо ёфт шудаанд, ки далели қотеъи мавҷудияти зироаткорӣ мебошанд. Ҷайтуниҳо заминро бо каланди сангӣ шудгор карда, ҷав ва гандум кишт мекарданд ва ҳосилро бо доси сангӣ медаравиданд. Онҳо барои майда кардани ғалладона аз далясангҳо истифода мебурданд. Дар Ҷайтун ҳамчунин, олоти гуногуни сангичахмоқии хурд (микролитҳо), зарфҳои сафолии бо ранги сурх наққоши шуда, пайкараҳои гилини одамон ва ҳайвонҳо, ки шоҳиди пайдо шудани тасаввуротҳои динӣ мебошанд, ёфт шудаанд. Ҷайтуниҳо дар деҳкадаҳои начандон калони иборат аз хонаҳои лоини якҳуҷрагӣ зиндагӣ мекарданд. Масалан, деҳкадаи Ҷайтун  40 хона дошт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дигар дастоварди муҳим дар хоҷагидории ин давра ба вуҷуд омадани чорводорӣ буд. Одамон ҳайвонҳои ярадорро нигоҳубин карда, дарк намуданд, ки якчанд намуди онҳоро ром ва парвариш кардан мумкин аст. Сокинони Осиёи Миёна дар ҳазорсолаҳои 5-4 п.м. буз, гӯсфанд ва говро ром ва парвариш мекарданд. То ин вақт манбаи асосии ба даст даровардани гӯшт шикор буд, ки маҳсулнокиаш чандон зиёд набуд. Парвариши чорво имконият дод, ки маҳсулоти гӯштӣ ба миқдори зиёд истеҳсол карда шавад. Бори аввал одамони ибтидоӣ имконият пайдо карданд, ки ширро истеъмол кунанд ва аз он маҳсулоти гуногун созанд. Афзоиши миқдор, сифат ва анвои хӯрокворӣ саломатии одамонро хуб карда, некуаҳволии онҳоро баланд бардошт, умри инсонро дароз кард ва барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт ба таври назаррас мусоидат намуд.

Шикорчигӣ ва моҳидорӣ. Дар соҳилҳои баҳрҳои Каспӣ, Арал, поёноби Амударё ва Сирдарё қабилаҳое зиндагӣ меарданд, ки машғулияти асосиашон шикор ва моҳидорӣ буд. Ин маданиятро аз номи яке аз бошишгоҳо калтаманорӣ номидаанд ва он ба ҳазорсолаҳои 4-3 п. м. мансуб аст. Калтаманориҳо пайконҳои сангии дудамаи баргмонандро ихтироъ карданд, ки боиси афзудани самаранокии шикор гардид. Барои моҳигирӣ аз чангакҳои устухонӣ истифода мебурданд. Онҳо дар каппа ва нимзаминканҳо зиндагӣ мекарданд, зарфҳои сафолинашон мунаққаши дастсоз буда, таги тухмшакл ё нугтез доштанд.

Кулолгарӣ  низ дар давраи неолит ба вуҷуд омадааст. Дар ибтидо зарфҳоро занҳо дастӣ месохтанд. Ин ихтироъ имконият дод, ки одамони ибтидоӣ хӯроки пухта шударо, ки барои саломатӣ ва инкишофи ҷисм хеле фоидаовар аст, истеъмол кунанд. Зарфҳо имконият медоданд, ки  маҳсулоти озуқаворӣ тоза ва ба мӯҳлати дароз нигоҳ дошта шаванд.

ҚаблӣМезолит (10 – 6 ҳазор сол пеш аз милод)
БаъдӣКашфи мисгудозӣ