Давлати Пешдодиён

Давлати Пешдодиён. Таърихи қадимтарини ориёиҳо дар китоби Авеста, адабиёти зардуштӣ ва таърихҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст. Мутобиқи ин сарчашмаҳо аввалин ва қадимтарин сулолаи ориёӣ Пешдодиён буд.

Шоҳони сулолаи Пешдодиён инҳо буданд: 1. Каюмарс, 2. Ҳушанг 3.Таҳмурас, 4. Ҷамшед, 5. Заҳҳок, 6. Фаридун, 7. Манучеҳр, 8. Шаҳриромон, 9. Афросиёб, 10. Зобзу, 11. Гаршасп.

Нахустин шоҳи ин сулола Каюмарс аввалин одам дар ҷаҳон буд. Ӯ умри дароз дида 40 сол ҳукмронӣ кард, шаҳрҳои Дамованд ва Истахрро бунёд намуд. Ӯ шахси воқеъӣ набуда, образи ҷамъбастии аввалин одамони рӯи замин мебошад. Мутобиқи ривоятҳо пешдодиён 2468 сол ҳукмронӣ кардаанд. Аён аст, ки дар ин муддати тулони на 11 шоҳ, балки шумораи зиёд ҳукмронӣ кардаанд, аммо дар хотири мардум танҳо машҳуртарини онҳо боқӣ мондааст. Дар асотир муҳимтарин марҳилаҳои тараққиёти қавму қабилаҳои ориёӣ инъикос шудааст.

Дар бораи Каюмарс гуфта мешавад, ки «умри ӯ дароз буд, аммо ҳама бо дуруст кардани аҳволи ҷаҳон ва тартиби ҷаҳониён машғул буд». Ин суханон ба марҳилаи аввал ва дуру дарози тараққиёти ҷамъияти ибтидоӣ рост меоянд.

Ҳушанг аввалин касе буд, ки миёни одамон додварӣ, ҳукм ва адлро ҷорӣ кард ва барои ҳамин ба ӯ Пешдод лақаб ниҳоданд. Дар давраи ӯ одамон истеҳсоли биринҷ ва аз он асбобҳои гуногун, аз чӯбу гил хона ва аз чӯбу биринҷ аслиҳа сохтанро ёд гирифтанд, гову гӯсфандро ром карда, бо чорводорӣ, кишоварзӣ ва обёрӣ машғул шуданд, аввалин ибодатгоҳҳоро сохтанд, расми подшоҳӣ ва тоҷгузорӣ падид омад, ш. Бобул ва Шуш бино шуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар давраи Таҳмурас хатти форсӣ, аспсаворӣ ва боркашӣ ба воситаи чаҳорпоён, аз пашм ҷома ва фарш сохтан пайдо шуд. Куҳандизи Марв ва ду бино дар Исфаҳон сохта мешаванд. Бутпарастӣ ва рӯзагирӣ, ки сабабаш хушксолӣ буд, пайдо мешаванд.

Дар давраи Ҷамшед шамшер ва ҷавшани пӯлодӣ, абрешим, қаз, катони ранга ва фарш ихтироъ карда мешаванд.

Дар давраи Ҷамшед мардум аз конҳо берун овардани мис, қалъагӣ, сурб ва дигар фулузот; аз таги баҳр берун кашидани ҷавоҳирот; тайёр кардани атру дору ва рангҳои табиӣ, сохтани биноҳои бузург ва гармобаҳоро расм мекунанд. Пойтахти Ҷамшед ш. Истахр буд. Оини ҷашн гирифтани Наврӯзро ӯ ҷорӣ кард ва дар он рӯз ба тахти подшоҳӣ нишаст.

Ҷамшед аз мувафақиятҳои худ мағрур шуд ва даъвои худоӣ кард. Мардум аз ӯ рӯй гардонданд ва фарру шукӯҳи шоҳӣ аз ӯ бирафт ва подшоҳӣ рӯ ба харобӣ ниҳод. Дар ин миён Заҳҳок хурӯҷ намуд ва Ҷамшедро шикаст дода, ҳалок кард ва худаш подшоҳ шуд.

Дар давраи ҳукмронии ӯ дар ҷаҳон адлу инсоф намонд, раият дар шиканҷа афтод ва мулк хароб гардид, мардумони зиёде ба ҳалокат расиданд. Ӯро Заҳҳоки Морон мегуфтанд, барои он ки аз ду китфи ӯ ду мор баромада буд ва қасди хӯрдани мағзи сари ӯро доштанд. Заҳҳок фармон дод, ки ҳар рӯз ду ҷавонро кушта, мағзи сари онҳоро ба морон диҳанд, то онҳо ором шаванд ва қасди ҷони ӯ накунанд.Ҷавонони зиёде тӯъмаи морони Заҳҳок шуданд. Мардум ба танг омаданд ва Коваи оҳангар пешбанди пӯстии худро ба сари чӯбе дирафш карда, бар зиддӣ Заҳҳоки хунхор шӯриш бардошт. Мардуми зиёде ба ӯ пайвастанд ва Заҳҳок бигурехт. Ва мардум яке аз фарзандони Ҷамшед Фаридунро ба тахти подшоҳӣ шинонданд.

Морони китфони Заҳҳок албатта хаёлӣ буда, барои баръало нишон додани зулму беадолатии беандозаи ӯ бофта бароварда шуда буданд. Ин мавзӯъ дар адабиёт ва санъати тасвирии халқи тоҷик васеъ паҳн шуда, мазмуни иҷтимоӣ – муборизаи қувваҳои некӣ ва бадиро гирифтааст. Намунаи барҷастаи он «Шоҳномаи» Фирдавсӣ мебошад. Саҳнаҳо аз ин достон дар болодарии қасри шоҳони Истаравшан низ тасвир шудааст.

Фаридун гурзи сиёҳранги говсар дошт. Илми тиб дар замони ӯ пайдо мешавад, фалсафа ва нуҷум инкишоф меёбанд, оини ҷашнгирии Меҳргон ҷорӣ мешавад, хачир пайдо мешавад. Фаридун се писар дошт: Тур, Эраҷ ва Салм. Падар ба Салм Руму Мағриб, ба Тур Туркистону Син ва ба Эраҷ Ироқ, Хуросон ва Ҳиндустонро медиҳад. Кишвари Эраҷ минбаъд номи Эрон ва кишвари Тур номи Туронро мегиранд ва дар ҳардуи ин кишвар ориёиҳо зиндагӣ мекарданд.

Дар давраи Манучеҳр боғдорӣ ба вуҷуд меояд, асбобҳои ҷангӣ, хандақи мудофиавӣ пайдо мешаванд, аз Фурот наҳрҳо мебароранд, деҳқонон, яъне сардорони деҳаҳо ва раисони шаҳрҳо пайдо мешаванд. Дар ин давра Афросиёб хурӯҷ намуда Эронро забт мекунад ва 12 сол ҳукм меронад, Ироқу Бобулро хароб мекунад.

Дар давраи Зӯи Таҳмасп дар Ироқ ду наҳр бароварданд, дег ва хӯрокҳои гуногун ихтироъ карда шуданд. Охирин шоҳи Пешдодиён Гаршасп (Виштасп) буд.

Дар ин ривоятҳо ҳодисаҳои таърихӣ ва тахаюлӣ омехта баён шудаанд, пайдарҳамии ҳодисаҳо қатъӣ риоя нашудааст. Як қисм дастовардҳои муҳим, ки дар давраҳои баъд ба амал омада буданд ба давраҳои хеле қадим нисбат дода шудаанд. Бовуҷуди ҳамаи ин рафти умумии тараққиёти қабоили ориёӣ ва муҳимтарин дастовардҳои онҳо нишон дода шудаанд. Давлати Пешдодиёнро нимасотирӣ номидан мумкин аст. Он дар асри биринҷ, тақрибан дар ҳазорсолаҳои V-III п.м. вуҷуд дошт.

ҚаблӣИсмҳои ҷинс ва хос
БаъдӣДавлати Каёниён