Нобаробарии инкишоф

Тадқикотҳои дар соҳаи инкишофи одамон бурда як қатор қонунияти муҳимро муайян кард, ки онҳоро ба инобат гирифта ба тартиб додани лоиҳа ва муфидона ташкил кардани фаъолия­ти таълимӣ – тарбиявӣ имконпазир аст. Педагогикаи амалӣ ба қонунияти инкишофи ҷисмонӣ такя мекунад:

  1. Айёми ҷавонӣ инкишофи одам бештар бошиддат тез меша­вад, ҳамин ки одам калон шуд, суръати инкишоф суст ме­гардад.
  2. Кӯдакон ҷисман нобаробар инкишоф меёбанд: дар як марҳала тез, дар дигараш – суст.
  3. Ҳар узви ҷисми одам бо суръати худаш ба инкишоф молик аст, тамоми қисми бадан нобаробар ва номутаносиб инки­шоф меёбад.

Ба инкишофи ҷисмонӣ рушди рӯҳӣ зич вобастагӣ дорад, дар ҳаракат лаппиш мешавад, ба ин вобаста нобаробар болиғшавии системаи асаб ва вазифаи инкишофи психологӣ дида мешавад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки фарқи муҳими байни одамон пеш аз ҳама дар нобаробарии фаъолияти зеҳнӣ, талабот ҳавасмандӣ, мотивҳо, ахлоқи хамида, сатҳи инкишофи иҷтимоӣ ифода меёбад. Инкишофи рӯҳӣ ба чанде аз қонуниятҳо итоат мекунад:

  1. Байни синну сол ва суръати инкишофи одам вобастагии бозгашти мутаносиб аст: ҳар қадаре, ки син паст бошад, суръати инкишофи рӯҳӣ ҳамон қадар баланд, бо калоншавӣ суръати ин­кишоф суст мешавад.

Дар бораи асрори инкишофи одам Л. Н. Толстой навишта буд: «Аз кӯдаки панҷсола то ман – фақат як қадам, аз навзод то панҷсолагӣ – масоҳати даҳшатнок. Аз ҷанинӣ то навзод – гирдоб. Вале аз бевуҷудӣ то ҷанинӣ на гирдоб ҷудо мекунад, балки ақлнорас». Донишманди бузург – донандаи табиати одам он чиро ҳис кардааст, ки ҳатман баъдтар омӯзиш бо методҳои ҷиддӣ исботкунии илмӣ гузарад.

  1. Инкишофи рӯҳии одамон нобаробар ҷараён меёбад, дар ҳар гуна шароит, ҳатто аз ҳама беҳтарин вазифаи психикӣ ва хусусияти шахсият, ки андар асоси сифати рӯҳӣ мехобад, дар як меъёри баробар қарор ёфта наметавонад. Дар баъзе мавридҳои инкишоф таҳти шароити бештар мувофиқ қисме аз сифатҳо инкишоф меёбанд ва иддае аз ин шароитҳо муваққатӣ, хусусияти гузароӣ доранд.
  2. Барои ташаккул ва камолёбии намудҳои инкишофи сифатҳои рӯҳӣ муҳлати беҳтарин вуҷуд дорад. Ин гуна давраҳои синнусолӣ, вакте ки шароити беҳҳгарини инкишофи сифатии ин ё он пайдо мешаванд, сензитивӣ (пешравии ақлонӣ) ном мегирад. Сабабҳои сензитивӣ – нобаробар болиғшавии майна ва систе­маи асаб ва он ҳолате, ки хусусиятҳои шахсият метавонад ҳамон вақт дар асосе ташаккул ёбанд, ки баъзе хислатҳо аллакай ташаккул ёфта бошанд. Барои ин таҷрибаи ҷараёни ҳаёти иҷтимоӣ аҳамияти калон дорад.

Барои чӣ кӯдакон дар муҳити ҳайвон калон шуда – Амола, Камола ва Балу (хирсча) забони муътадили одамиро аз худ накардаанд? Ҷавоб аниқ давраи сензитивӣ (пешравии ақлонӣ) аз даст рафта буд, дар матлаи асосӣ аз муҳити иҷтимоии ташаккулдиҳанда канда шуда буданд. Агар кӯдак дар вақти му­айян (одатан дар 1,5 – 2,5 – солагӣ) нуқкуниро наомӯзад, он гоҳ ҳаррӯз қусури онро баровардан душвор мегардад ва дар мактаб таълим душвор мешавад. Инро дигар сифатҳои одам — инки­шофи ҷисмонӣ, рӯҳӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ҳам гуфтан мумкин аст. Бештари онҳо то даме инкишоф намеёбанд, ки он ба шакли асосии муайян дароварда нашавад. Чунончи, каҷроҳравии кӯдаконро бо роҳи аппарати аксуламали занҷирии мувозинати бохудкашӣ рост мекунанд. Марҳалаҳои сензитивӣ хуб омӯхта шудаанд. Педагогҳо бояд бодиққат давраҳои ташаккулёбии зеҳнӣ, ахлоқӣ, сифатҳои рафтори ҷамъиятии синни хурд ва миёнаи мактабиёнро таҳти назорат гиранд. (Психологҳои амриҳои муайян кардаанд, ки синни аз шаш то нуздаҳсолагӣ – ин давраи сензитивӣ барои инкишофи малакаи ҳалли проблемаҳо мебо­шад. Агар ин давра аз даст биравад, ба одам баҳри азхудкунии усулҳои тафаккури баланди эҷодӣ хеле душвор мегардад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. Бо меъёри инкишофи рӯҳии одам сифати маънавии ботинии ӯ низ устувор мегардад, Мунтазамӣ, дар ҳамин қатор равонӣ ва имконияти ҷубронкунӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар чу­нин ҳолат диалектикаи мураккабтарини одам зоҳир мегардад: аз як тараф, инкишофи рӯҳӣ дар худ тадриҷан ҳолати рушдёбӣ ме­гирад, аз тарафи дигар, онҳоро ҳар вақт ба самти беҳтарин ди­гар кардан мумкин аст. Дар равонии системаи асаб амали тар­бия асос ёфтааст. Ҳамчунин равонӣ имконияти кушоиши ҷубронкунӣ дорад: сустии вазифаи рӯҳӣ мумкин аст бештар ба пурқувваттараш ҷуброн гардад, вале бо сифатҳои муҳим. Масалан, хотираи сустро фаъолияти бештар фаҳмидагирии баланд метавонад ҷуброн кунад.

Мавзӯи асосӣ

Хусусияти инкишофи синнусолӣ ва фардӣ

ҚаблӣАкселератсия (Суръатёби)
БаъдӣИнкишоф ва тарбияи насли наврас дар марҳалаҳои гуногун