Ҷазои кӯрнамак – хикояи точики

Дар ин мақола як хикоя оварда мешавад. Шумо метавонед руйхати хикояхои точикиро дар инҷо аз назар гузаронед >> ҳикояҳо. Ҳикояи Ҷазои кӯрнамакро хонед >>>


Яке аз подшоҳони гузашта ба хидматгори наздики худ гуфт:

– Аз ҷумлаи наздикону хидматгорон мисли ту касеро наёфтам, ки рози пинҳони худро гӯям.

– Аълоҳазрато, – гуфт хидматгор, – ман сирри Шуморо чун ҷони худ нигоҳ хоҳам дошт ва то зиндаам, ба касе фош нахоҳам кард.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

– Ман аз бародари худ дар андешаам, – гуфт подшоҳ, – мехоҳам, ки ӯро ба қатл расонам, то вай ба хотири тоҷу тахт ба ҷони ман қасд накунад.

Хидматгори бадаҳд баъди шунидани ин раъйи подшоҳ ниҳонӣ бародари вайро огоҳ кард ва бародари подшоҳ ба мамлакати дигар фирор карда аз кушта шудан халосӣ ёфт.

Баъди муддате подшоҳ вафот кард ва ба ҷойи ӯ бародараш ба тахт нишаст ва аввалин фармоне, ки содир кард, дар бораи қатли хидматгори кӯрнамаки бародараш буд. Ҳамин тавр, ба зудӣ хидматгори кӯрнамак ба ҷазои амали худ расид.


Шумо метавонед руйхати хикояхои точикиро дар инҷо аз назар гузаронед >> ҳикояҳои тоҷикӣ

Аъзои беҳтарин ва бадтарин (ҳикоя)

ҚаблӣЧумлаи мураккаб
БаъдӣМероси Абуабдуллохи Рудаки

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед