Чашни Сада – Иди Сада

Дар ин мақола маълумот дар бораи Чашни Сада дар Точикистон иншо оварда мешавад >>

Ҷашни Сада ҳар сол дар даҳуми баҳмани солшумори ниёгони мо, баробар ба 30-юми январ ҷашн гирифта мешавад. Аз рӯйи тақвими халқӣ баъди поён ёфтани сардтарин рӯзҳои зимистон дар табиат тағйироте ба вуҷуд меояд ва, ба қавли Абӯрайҳони Берунӣ, «Офтоб аз хонааш берун мебарояд ва ба баҳор майл менамояд». Деҳқонон аз ҳамин айём ба корҳои кишоварзӣ омодагӣ мебинанд ва ин ҳолат панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб пеш аз ҷашни Наврӯз сурат мегирад. Аз ин рӯ ин ҷашнро «Сада» гуфтаанд, ки маънояш адади сад аст.

Дар ин бора шоир Манучеҳрии Домғонӣ гуфтааст:

Инак, биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,
Ҷашни Сада талоши Наврӯзи навбаҳор.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шоир Фаррухии Сиистонӣ низ ба ин ишора кардааст:

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипазиру бидеҳ хилъату корам бигирад.

Дар ҷашни Сада деҳқонон рӯз то бегоҳ оташ меафрӯзанд. Ҳамагон дар гирди оташ ҷамъ шуда, рақсу сурудхонӣ мекунанд. Аз ҳамин рӯз иборат деҳқонон ба киштукори баҳорӣ омодагӣ дида, боғу дарахтонро ба тартиб меоваранд. Ба заминҳо яхоб мемонанд, тухмии серҳосил ҷустуҷӯ менамоянд.

Ҷашни Сада дар замони мо ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин ҷашн мардум ҳар гуна озмунҳо ташкил мекунанд. Деҳқонону боғдорон анъанаҳои гузаштагони худро идома медиҳанд.

Иди Мехргон