Хусусияти инкишофи синнусолӣ ва фардӣ

Мавзӯъ. Хусусияти инкишофи синнусолӣ ва фардӣ

Нақша:

  1. Ба давраҳо тақсимшавии синну сол
  2. Акселератсия (Суръатёбӣ)
  3. Нобаробарии инкишоф
  4. Инкишоф ва тарбияи насли наврас дар марҳилаҳои гуногун
  5. Ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои инфиродӣ

1.Ба давраҳо тақсимшавии синну сол

Он чизе, ки инкишофи ҷисмонӣ ва ақлонӣ меномем, ба син­ну соли одам зич алоқаманд аст. Инро одамон аз қадимулайём медонистанд. Ин ҳақиқатест, ки баҳру исботи махсусро талаб намекунад, зеро бо рушди синну сол хирадмандӣ, гуншавии таҷриба, афзунёбии дониш вусъат меёбад. Дар синну соли му­айян сатҳи инкишофи ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоии худро дорад. Албатта, инкишофи одами аниқ метавонад ба ин ё он тарафи дигар майл кунад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Муфассал —->


2.Акселератсия (Суръатёби)

Ҳаракати шартан ва маълуми тақсимоти давраҳоро қайд карда истода, ба ҳодисаи нав – акселератсия, ки дар байни баъзе гурӯҳои синнусолӣ нисбат ба пешравӣ аз ҳудуди худ баромадааст, маълумот медиҳем.

Акселератсия (аз истилоҳи лотинии «акселератио» гирифта шуда, маънои суръатнокӣ «суръатёбӣ» – ро дорад). Ин суръатёбӣ инкишофи ҷисмонӣ ва ҷисман психологии айёми кӯдакӣ ва навҷавониро ифода мекунад. Биологҳо акселератсияҳоро ба расиши ҷисмонии организм, психологҳо ба инкишофи кор, педагогҳо ба инкишофи маънавӣ ва сотсиализатсияи шахсият вобаста мешуморанд.

Муфассал —->


3.Нобаробарии инкишоф

Тадқикотҳои дар соҳаи инкишофи одамон бурда як қатор қонунияти муҳимро муайян кард, ки онҳоро ба инобат гирифта ба тартиб додани лоиҳа ва муфидона ташкил кардани фаъолия­ти таълимӣ – тарбиявӣ имконпазир аст. Педагогикаи амалӣ ба қонунияти инкишофи ҷисмонӣ такя мекунад:

  1. Айёми ҷавонӣ инкишофи одам бештар бошиддат тез меша­вад, ҳамин ки одам калон шуд, суръати инкишоф суст ме­гардад.
  2. Кӯдакон ҷисман нобаробар инкишоф меёбанд: дар як марҳала тез, дар дигараш – суст.
  3. Ҳар узви ҷисми одам бо суръати худаш ба инкишоф молик аст, тамоми қисми бадан нобаробар ва номутаносиб инки­шоф меёбад.

Муфассал —->


4.Инкишоф ва тарбияи насли наврас дар марҳалаҳои гуногун

Донистани хусусиятҳои инкишофи физиологию анатомӣ, психологию педагогии марҳалаҳои синнусолии насли наврас ба­рои волидайн, мураббиён, муаллимон ва онҳое, ки ба тарбия сару кор доранд, ниҳоят зарур аст. Зеро хусусият ва асрорҳои инкишофи ҳар синро надониста дуруст тарбия кардан ва омӯзонидани онҳо имконнопазир аст.

Синни томактабӣ;

Давраи навзодӣ – аз рӯзи таваллуд то 1 – 2 – моҳагӣ;

Кӯдаки ширмак – аз 1 – 2 – моҳа то 1 – солагӣ;

Давраи бармаҳали кӯдакӣ – аз 1 то 3 – солагӣ;

Муфассал —->


5.Ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои инфиродӣ

Инсоният ба инкишофи умумӣ ва хусусӣ молик аст. Хусусиятҳои умумии ҳамаи одамон дар синни муайян аз одами алоҳида фарқ мекунад. Одами махсусро фард меноманд, аммо шахсиятро бо ифодаи возеҳ фарди махсус гуянд. Фардият бо маҷмӯи зеҳнӣ, иродавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва дигар хислатҳои шахсияташ ба таври аёнӣ аз дигарон фарқ мекунанд. Табиати саховатманд ҷинси гуногуни одамӣ офаридааст: дар рӯи Замин тамоман одами якхела набуд, нест ва нахоҳад буд. Ҳар одам ягона ва такрорнаёбанда дар фардияти худ аст.

Муфассал —->


Мавзуи Хусусияти инкишофи синнусоли ва фарди аз фанни педагогика, реферат, кори курси.

ҚаблӣТашхиси инкишоф
БаъдӣБа давраҳо тақсимшавии синну сол